сиёсат
СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ВА ҚОСИМ-ЖОМАРТ ТОКАЕВ
13 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ доир намуданд.
Дар ҷараёни суҳбат роҳбарони ду давлат дар фазои дӯстӣ ба муносибати фарорасии Иди мубораки Фитр бо таманниёти некуаҳволӣ, сулҳу субот ва шукуфоӣ унвонии мардумони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мубодилаи табрикоти самимӣ намуданд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо изҳори қаноатмандӣ раванди рушди босуръати муносибатҳои ҳусни ҳамҷавории дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар сиғаи шарикии стратегӣ таъкид карданд.
Дар зимн, ҷонибҳо ҷиҳати боз ҳам ғанитар гардидани онҳо бо мазмуну муҳтавои нави амалӣ дар натиҷаи музокироти сатҳи олӣ, ки баргузориашон дар ояндаи наздик ба нақша гирифта шудааст, изҳори итминон намуданд.
Дар рафти суҳбат, ҳамчунин, масъалаҳои алоҳидаи мубрами минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн муҳокима гардиданд.
* * *
13 май байни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ доир гардид.
Дар оғози суҳбат ҷонибҳо ба муносибати фарорасии Иди мубораки Фитр мубодилаи табрикоти гарм намуда, ба мардумони ду кишвар некуаҳволӣ ва сулҳу шукуфоӣ орзу карданд.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо, ҳамчунин, аҳамияти мулоқоти қарибулвуқӯи сатҳи олиро ба манзури густариши самарабахши минбаъдаи тамоми маҷмӯи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои миёни Тоҷикистону Қазоқистон таъкид намуданд.
Изҳори бовар карда шуд, ки бо саъю талошҳои муштарак ҳамкории самараноки миёни ду кишвар дар оянда низ идома хоҳад ёфт.
Ҷонибҳо, инчунин, баъзе ҷанбаҳои масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавиро мавриди муҳокима қарор доданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.05.2021 №: 95 Мутолиа карданд: 798