сиёсат
СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНӢ БО РАИСИ НОҲИЯИ ВАХШ
13 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси ноҳияи Вахши вилояти Хатлон Қурбоналӣ Юсупов суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Раиси ноҳияи Вахш ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба тадбирҳои бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ ҳисобот дод.
Бо дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи корӣ бо роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва роҳбарони дигар сохторҳои марбута ҷиҳати муайян кардани хисороти ба хоҷагии халқи ноҳия расида ва бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ сафарбар гардид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси ноҳияи Вахшро вазифадор карданд, ки ба мардуми зарардида мадади саривақтӣ расонанд ва ҳарчи зудтар манзилҳои истиқоматӣ ва дигар иншооти харобгардидаро барқарор намоянд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.05.2021 №: 95 Мутолиа карданд: 695