фарҳанг
ШОМИ ШАНБЕ
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
БАХШИДА БА РӮЗИ «ШАШМАҚОМ»
МУАММОИ «ШАШМАҚОМ»
1. Силсилаи суруду оҳангҳои классикии тоҷик. 2. Яке аз услубҳои сароиши оҳанги классикӣ. 3. Ҳунарвар ва мусиқидони барҷастаи асри XIX ва аввали қарни XX-и тоҷик. 4. Намуди рақси дукаса. 5. Оҳанг аз шуъбаи дуюми «Шашмақом». 6. Номи китоби наққоши машҳур Монӣ. 7. Асари пандуахлоқии Саъдии Шерозӣ. 8. Бастакор ва навозанда (чангнавоз)-и асрҳои VI – VII-и форсу тоҷик. 9. Ҳамсари Низомии Ганҷавӣ. 10. Оҳанге аз «Шашмақом». 11. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон 12. Асбоби камончадори мусиқӣ. 13. Тахаллуси навозандаи оҳангҳои «Шашмақом» дар асри XIX ва аввали асри XX. 14. Зодгоҳи Бадриддини Ҳилолӣ. 15. Номи аввали «Шашмақом». 16. Истилоҳи илми санъатшиносӣ. 17. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон. 18. Ҳаммаънои булбул. 19. Номи мақоме аз «Шашмақом». 20. Воситаи навозиши оҳанг. 21. Ҳунарпешаи халқии СССР. 22. Воҳиди маъмурӣ-ҳудудӣ. 23. Асбоби мусиқӣ. 24. Навъи санъат. 25. Ҳофизи халқии Тоҷикистон. 26. Қаҳрамони достони «Вомиқу Узро». 27. Ҳарфи алифбои ниёгон. 28. До, ре, ми, … . 29. Гурӯҳи калони навозанда ё сарояндагон. 30. Суруде, ки характери лирикӣ ва мазҳакавӣ дорад. 31. Номи мақом аз шуъбаи сеюми «Шашмақом».
Мураттиб Мунира САИДАҲМАДОВА, шаҳри Ҳисор
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
ҶАВОБ БА МУАММОИ «ҒАЛАБА» АЗ 5 МАЙИ СОЛИ 2021:
(Дар дохили ситора): 1. Акобир. 2. Раҳимзода. 3. Анвар. 4. Раҳим. 5. Мирсаид. 6. «Дахмаи шоҳон». 7. Неъмат.
(Дар дохили рақам): 1. «Писари Ватан». 2. Набард.
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
АСАДУЛЛОҲ КАРИМОВ
ТОҶИКОНРО ДАР АФРИҚОИ ҶАНУБӢ МУАРРИФӢ КАРД
Асадуллоҳ Каримов, зодаи деҳаи Чорсадаи ноҳияи Нуробод, соли 2013, пас аз хатми аспирантураи Донишгоҳи давлатии Юнисаи Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ (ҶАҶ), кори илмии худро дар мавзӯи «Нақши Садриддин Айнӣ дар бедории мардуми тоҷик ва ташкил ёфтани давлати онҳо» (2019) дифоъ кард.
Рисолаи мазкур таҳти роҳбарии Юсуф Даду ва як пажӯҳишгари дигар аз Донишгоҳи Кембриҷ ба ду забон – англисиву арабӣ таълиф ёфтааст. Ин таҳқиқоти пурарзиш барои шиносондани тоҷикон дар ҶАҶ ва доираҳои илмии арабию англисизабонон корест шоиста.
Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ 13 ҳазор километр дур аз Тоҷикистон буда, 57 миллион аҳолӣ дорад. Асадуллоҳ ҳоло устоди Донишгоҳи Ғазолии ҳамин кишвар аст.
Таҳияи Бузургмеҳр БАҲОДУР
ҒИЗОИ АҲЛИ ОЛАМ
КӢ ЧӢ МЕХӮРАД? Ё МАСЪУЛИЯТИ БЕШТАРИ ХӮРОНДАНИ АҲОЛИИ САЙЁРА БАР ДӮШИ КАДОМ КИШВАРҲОСТ?
Тибқи маълумоти «Инфо Экспресс» ҷуворимакка дар дунё мақоми аввалро молик аст. Бори нахуст ҷуворимакка дар қитъаи Амрико корам шуда, дар зарфи 400 сол дар тамоми дунё паҳн гаштааст. Аз ҷиҳати ҳаҷми истеҳсол ин зироати хӯшадор дар ҷойи 1 – ум қарор дорад. Майдонҳои ҷуворимакка 17 дарсади тамоми заминҳои киштшавандаи ҷаҳонро ишғол менамояд.
Солҳои зиёд боз истеҳсолкунандаи асосии ин зироат ИМА ва Чин мебошанд. Ҷойи 3 – юмро Бразилия (бо қафомонии зиёд) мегирад. Умуман, ИМА ва Чин зиёда аз 70 дарсади тамоми ҷуворимаккаи ҷаҳонро истеҳсол мекунанд. Россия соли 2017 дар ҷамъоварии ин зироат ба ҷойи 13 – ум баромад.
Қариб 20 фоизи заминҳои кишоварзии дунёро гандум ишғол менамояд. Аммо, аз ҷиҳати миқдор зироати 2 – юм маҳсуб меёбад. Дар истеҳсоли гандум Чин, Ҳиндустон ва Россия пешсафанд. Ва 40 фоизи бозори ҷаҳонӣ ба ин се кишвар рост меояд.
Аз ҷиҳати аҳамият биринҷ зироати 3 - юм ва рустании асосӣ барои сокинони Осиёи ҷанубу шарқ мебошад. Барои минтақае, ки дар он зиёда аз 2 миллиард одам зиндагӣ мекунанд. Содиркунандаи асосии биринҷ Чин, баъди он Ҳиндустон ва Индонезия мебошанд.
Дар 11 фоизи заминҳои киштбоби сайёра лӯбиё кошта мешавад. Чанде қабл ин рустанӣ аз ҷиҳати аҳамият ва миқёси истеҳсол дар ҷаҳон ба ҷойи 4 – ум баромада, картошкаро аз худ қафо гузошт. Беш аз 85 дарсади лӯбиёи дунё дар ИМА, Бразилия ва Аргентина истеҳсол мешаванд.
Таҳияи Умар АЛӢ
Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
Рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешаванд. Мувофиқи талабот, довталабон бояд номи муаллифони матнҳои пешниҳодшударо пайдо ва ба идораи рӯзнома пешниҳод намоянд.
Дар пеши дарвозаи қалъа панҷоҳ-шаст нафар додхоҳони аз атроф омада, мунтазири қабули ҳоким буданд. Баъд аз хеле интизорӣ, мулозими даргоҳ баромада гуфт, ки мазмуни арзи онҳо ба ҳоким маълум ва ӯ ҳоло чӣ гуна қонеъ гардондани илтимосашонро мулоҳиза карда истодаанд. Ҳамаашон бираванд ва хотирҷамъ бошанд, ки арзашон беоқибат намемонад.
* * *
Эй чарх, маро зи чӣ сириштӣ?
Ғамҳои ҷаҳон ба дил бикиштӣ.
Ин гуна чи музтарам намудӣ,
Ҳам хок ту бар сарам намудӣ.
ҶАВОБ БА РУБРИКАИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ», АЗ 7 МАЙИ СОЛИ 2021:
Саъдӣ Шерозӣ, Низом Қосим
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
ДУХТУРИ ШАХСӢ АЗ ҲАД ГУЗАРОНД
Соли 1976, баъди вафоти сарвари вақти Чин Мао Тсзэдун, табиби шахсии ӯ супориш гирифт, ки ҷасади доҳиро барои солҳои тӯлонӣ нигоҳ доштан, мумиё омода кунад.
Ӯ, ки то ин вақт ба ин кор даст назада буд, аз як маҷаллаи амрикоӣ дорухатеро дарёфта, тибқи он ба таҳияи маҳлул пардохт. Барои он ки ҷасад бе нуқс нигаҳдорӣ шавад, миқдори зарурии гиёҳҳоро нисбат ба талаботи дорухат чор маротиба зиёд истифода бурд. Натиҷа, албатта, ваҳмангез баромад, аниқтараш ҷасади Мао якбора варам оварда, нисбат ба ҳолати табииаш чор маротиба калонтар шуд. Ниҳоят коршиносон бо машаққатҳои зиёд ва бо истифодаи усулҳои тибби қадими чинӣ ва маҳс ҷасадро ба ҳолати аввалааш баргардонанд.
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
Аз императори Рими бузург Тиберий мепурсанд, ки чаро дарбориёнро ниҳоят тӯлонӣ дар як вазифа нигоҳ дошта, қариб касеро иваз намекунад:
- Вақте пашшаҳо хуни баданро шикамсерӣ мемаканд, дигар чандон сахт намегазанд,- маънидорона мегӯяд император.
Аз русӣ тарҷумаи
Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
ВАРЗИШ ХУШБАХТ МЕКУНАД
Олимон маълумотҳои 1,2 миллион нафарро тӯли 5 сол таҳлил карда, ба хулоса меоянд, ки ашхоси мунтазам бо варзиш машғулбуда, дар як сол ба ҳисоби миёна 35 рӯз рӯҳафтодагӣ ва ташвиш эҳсос мекарданд. Аммо, одамоне, ки фаъолияти пасти ҷисмонӣ доранд, 53 рӯз.
Ҳамин тавр, одамони аз ҷиҳати ҷисмонӣ фаъол нисбат ба онҳое, ки тарзи ҳаёти нишастаро ба сар мебаранд, худро хушбахттар эҳсос мекунанд. Тибқи тадқиқот, варзишҳои дастаӣ, велосипедронӣ ва машқҳои аэробикӣ лаззати бештар мебахшанд. Барои ҳисси комили хушбахтӣ, аслан, фаъолнокӣ бояд дар як ҳафта 3-5 маротиба ва тақрибан 45-дақиқагӣ давом ёбад.
Таҳияи Ш. ҚУРБОН
ШАРТНОМАИ ҒАЙРИОДӢ
Ё ЧӢ ТАВР ЧОҲКАН ЗЕРИ ЧОҲ ШУД
Футболбози олмонӣ Ҷузеппе Рейна соли 1996 бо дастаи «Арминия» шартномаи ғайриодии сесола ба имзо расонд. Тибқи он, бояд дар оғози ҳар мавсими нав тим барои Рейна хонаи нав месохт. Ва бо ин бозигар мехост соҳиби се хонаи беруназшаҳрӣ шавад, вале тираш хок хӯрд. Чӣ тавр?
Азбаски Рейна дар шартнома ягон ҷузъиётро нишон надода буд (аз қабили макон ва андозаи хона), аз ин рӯ роҳбарияти дастаи «Арминия» роҳи оқилонаи сарфаи пулро дарёфт. Онҳо дар оғози ҳар мавсим ба Рейна хонаи бозичагӣ тақдим мекарданд.
Таҳияи Маҳмуд БАҲРОМ
ДАРОЗТАРИН ПУЛИ ҲАВОИИ ПИЁДАГАРД ДАР ДУНЁ СОХТА ШУД
Дар наздикии шаҳраки Арокаи шимоли Португалия дарозтарин дар дунё пули ҳавоии пиёдагард сохта шуд. Тӯли он 516 метрро ташкил медиҳад. Пул бо номи «516 Арока» дар болои рӯдхонаи Паива, ки аз дараи умқаш 175-метра ҷорӣ мешавад, қарор дорад.
Сохтмони он ду сол идома ёфта, барои бунёдаш, тақрибан, 2,3 миллион евро харҷ гардид. Мири шаҳраки номбурда Маргарит Белен умедвор аст, ки пули ҳавоии дарозтарини дунё маҳали калидии тамошои сайёҳон мегардад.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
ЗЕРИ ОБ
50 КГ ВАЗНРО 77 БОР БАРДОШТ
Дар натиҷаи тамринҳои тӯлонӣ, ба Виталий Вивчар, варзишгар аз шаҳри Томски Россия, муяссар шуд, ки штангаи 50-килограммаро дар зери об 77 маротиба бардорад. Бартар аз ин, боз ӯ зери об чанд дақиқа низ нафас накашид.
Бо вуҷуди ҳама мушкилот, Виталий тавонист на танҳо орзуи худро амалӣ кунад, балки ба Китоби рекордҳои Гиннес ворид шавад. Номбурда солҳои дароз бо варзиш машғул буда, дар бисёр мусобиқаҳо ғолиб омадааст ва дар ин ҷода устоди варзида мебошад.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА
ВОҚЕАИ ИБРАТОМӮЗ
Соли 1957 вақте Қонуни асосии Швейсария аз нав баррасӣ мешуд, раиси маҷлиси намояндагони ин кишвар дар тарабхона шоҳиди воқеаи аҷиб гардид.
Тавре худаш қисса мекунад:
- Дар мизи канори ман марде барои ду писараш як кулчақанд харида рӯи миз гузошт. Сипас ба писари калониаш гуфт, ки онро ду қисм кунад. Чун омил иҷро шуд, рӯ ба писари хурдӣ намуда, фармуд то ӯ аз ду нимпора якеро интихоб намояд.
Маро фалсафаи аҷиби ин марди ношинос моту мабҳут сохт. Яъне, агар писари калонӣ кулчақандро ноадолатона тақсим мекард, пас писари дуюм ҳақ дошт, ки аввал интихоб кунад. Ба ин тартиб фаҳмидам, ки қонун – падар, давлат – бузургписар ва миллат – писари хурдист.
Ва то имрӯз риояи ин қоида дар ҳамаи аркони Швейсария қонун аст.
Таҳияи Нигина РАҲМОН
Зиндагӣ бозии шоҳмотро мемонад. Мо дар ин бозӣ тарҳҳои гуногун мекашем, аммо иҷрои инҳо аз ҳаракатҳои рақибе вобастагӣ дорад, ки номи муборакаш «сарнавишт» аст.
Артур Шопенгауэр (файласуфи немис)
Таҳияи Н. РАҲМОНОВА
МАЛИКАИ НОТАКРОР
Маликаи Британияи Кабир Елизаветаи II дар замони хеш сарварии 15 давлати мустақил – Австралия, Зеландияи Нав, Канада, Антигуа ва Барбуда, Ҷазираҳои Багам, Барбадос, Белиз, Гренада, Папуа-Гвинеяи Нав, Сент-Винсент ва Гренадин, Сент-Китс ва Невис, Сент-Люсия, Ҷазираҳои Соломон, Тувалу ва Ямайкаро ба уҳда дошт.
Ғайр аз ин, ӯ роҳбари калисои Англия ва фармондеҳи олии қувваҳои мусаллаҳи Британияи Кабир буд. Ҳамчунин, Елизаветаи II дар таърихи шоҳигарии Британия солортарин маликаи нотакрор шинохта шудааст.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
ДИОНИС
Яке аз хунхортарин шахсиятҳои таърихӣ Дионисийи Сиракузӣ ҳакими дарбор Филоксенро танҳо барои он ки шеъри ӯро танқид кард, ба зиндон андохт. Аз қазо чун қаҳраш поин гирифт, амр дод, ки Филоксенро раҳо кунанд, то омада, ба ашъори тозаэҷоди ӯ баҳо диҳад.
Ҳакими лоғару нимҷон чун ҳамаи шеърҳои Дионисийро то охир гӯш кард, аз ҷой бархост ва бе он ки чизе гӯяд, рӯ ба сӯи дарвоза шуд. “Шоир”-и ҳайронмонда аз ин рафтори хизматгораш якбора дар ғазаб шуда, девонавор бонг зад:
- Ту чӣ кор мекунӣ, аблаҳ...
- Ман метавонам сардию гуруснагии зиндонро боз чанд рӯзи дигар таҳаммул кунам, то қалами аълоҳазратам аз теғашон дида бурротар шавад,- мегӯяд ҳаким.
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
МУАЛЛИМА КӮДАКРО НАҶОТ ДОД
Омӯзгори 26-солаи забони англисии яке аз гимназияҳои пойтахти Тотористон – шаҳри Қазон Элвира Игнатйева ҳангоми тирандозӣ дар талоши наҷоти кӯдак ҷон дод.
Ҳангоме ки ҷиноятпеша Галявиш ба муассиса даромада, толибилмонро зери нишони камон гирифт, муаллимаи ҷасур яке аз хонандагонро бо худ пӯшида, ӯро аз марг раҳонд.
Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА
ДУХТАРАКИ ЧАҲОРСОЛА РЕКОРДИ ҶАҲОНИРО ТАҒЙИР ДОД
Ҳиндудухтари чаҳорсола Эшал Марва Фирӯз Хон, ки дар Қатар зиндагӣ мекунад, элементҳои кимиёвии ҷадвали Менделеевро зудтар аз ҳама ном бурда, рекорди ҷаҳонӣ гузошт ва ба Китоби байналмилалии рекордҳо (International Book of Rekords, яке аз ҳамсони Китоби рекордҳои Гиннесс) ворид шуд. Дар ин хусус рӯзномаи «Пенинсула Қатар» хабар медиҳад.
Тибқи иттилои нашрия, духтарак ин амалро дар 2 дақиқаву 28 сония анҷом додааст, ки байни кӯдакон нишондоди беҳтарин маҳсуб меёбад.
Тарҷумаи Барноз РАҲМОНШОЕВА
БАЪДИ ЗАРБАИ БАРҚ ҲЕНДРИК ДИГАР ШУД
Рик Ҳендрик дониста аз хона баромад, то аз ҳавои сербориши шаҳри дӯстдоштааш Гринвил лаззат барад. Ҳамагӣ чанд қадам монда буд, ки аз зарби раъду барқ аз по афтода, беҳуш шуд. Хушбахтона, Рик зинда монд, табибон дар баданаш ягон зарра захм ҳам пайдо накарданд. Аммо шигифтовар он буд, ки Рике ки мусиқиву хӯроки гӯштиро аз ҷонаш ҳам бештар дӯст медошт, якбора тағйир ёфт. Ӯ дигар тоқати бӯи гӯшт ва садои мусиқиро надошт.
«Баъди зарбаи барқ худро дар ҷисмам бегона эҳсос менамоям. Ман тамоман одами дигар шудаам», - мегӯяд ӯ.
Равоншиносон ҳарчанд кӯшиданд, ки ӯро ба ҳолати аввалааш баргардонанд, ба натиҷае нарасиданд ва дар ҳалли ин муаммо то ба ҳол оҷизанд.
Қ. МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ
ФАКТҲО ДАР БОРАИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ
Нахустин маротиба Иди ғалаба дар СССР соли 1965 ҷашн гирифта шуд. Аз ҳамон сол инҷониб 9 май рӯзи истироҳат эълон гардид.
* * *
Аввалин паради ғалаба 24 июни соли 1945 дар шаҳри Москва баргузор гардидааст.
* * *
Қариб ҳамаи рӯзноманигорон-иштирокдорони ҷанг бо унвони Қаҳрамони Советӣ сазовор шудаанд.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
ДУ ФАКТ ДАР БОРАИ ТЕННИСИ РӮИ МИЗ
Тенниси рӯи миз яке аз маъмултарин риштаҳои варзиш буда, ба гуфтаи муҳаққиқони амрикоӣ, дар саросари ҷаҳон беш аз 850 миллион мухлис дорад.
* * *
Бозигарони касбии тенниси рӯи миз чунон зуд ҳаракат мекунанд, ки онҳоро пайгирӣ кардан ғайриимкон аст. Онҳо дар як дақиқа аз 120 то 150 (2 – 2,5 дар як сония) зарба мезананд.
Таҳияи М. МИРЗОЁН
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.05.2021 №: 95 Мутолиа карданд: 1203