фарҳанг
ҲУЛБУК – БЕҲТАРИН ЁДГОРИИ МИНТАҚА
Маҷмааи Ҳулбук, ки аз шаҳристон, қаср, работ ва мақбараҳо иборат аст, яке аз нодиртарин ёдгориҳои Осиёи Марказӣ ба ҳисоб рафта, аз қадим шаҳрнишину шаҳрофар ва соҳиби таъриху маданияти бой будани халқи тоҷик далолат медиҳад.
Аз рӯи маълумоти бостоншиносон, масоҳати Ҳулбук ибтидои қарни IX 90 гектарро ташкил медод ва дар асри XI ба 280 гектар расид. Аз дохил ва гирду атрофи ёдгорӣ асбобҳои сафолӣ, оҳанӣ ва шишагӣ дарёфт гардиданд, ки гувоҳи дар он замон рушд ёфтани санъати меъморӣ, кандакорӣ, оҳангарӣ ва заргарӣ мебошад. Шурӯъ аз соли 1951, дар ин мавзеъ ҳафриётҳои бостоншиносӣ оғоз гардиданд, вале, мутаассифона, то ҳол дар ин бостоншаҳри ниёгон таҳқиқоти пурра анҷом дода нашудааст.
Дар бораи шаҳри Ҳулбук таърихнигорону сайёҳон дар китобҳои худ маълумот додаанд. Аз ҷумла, муаллифи китоби «Ҳудуд-ул-олам» менависад, ки «Ҳулбук касабаи Хатлон аст ва мустақари подшоҳ аст. Шаҳрест ба барокӯҳ, ниҳода, бисёрмардум, бо рустоҳои бисёр». «Яке аз калонтарин шаҳрҳои Тоҷикистони ҷанубӣ пойтахти Хатлон- Ҳулбук буд. Фақат қисмати марказии он масоҳати 70 гектарро фаро мегирифт. Дар ин ҷо қалъае вуҷуд дошт, ки дар вақти ҳафриёт аз он бақияи қасри пурзебу зинати Хатлон ёфт шуд” (Б.Ғафуров «Тоҷикон»).
Муаллифони асарҳои таърихӣ ва ҷуғрофӣ, аз ҷумла Истахрӣ, Муқаддасӣ, Яъқубӣ, Хурдодбеҳ, Берунӣ дар қатори шаҳрҳои калонтарини мулки Хуталон, ба монанди Мунк (Ховалинг), Тамлиёт (Тутқавули куҳна), Паргар (Фархор), Корбанҷ, Андиҷарак, Рустоқбек ва Сикандара, пеш аз ҳама, аз Ҳулбук ёд карда, шаҳри бузургу обод будани онро зикр намудаанд. Ҳулбук аз ҷониби муаррихону сайёҳони давр дар радифи Самарқанду Бухоро, Балху Ғазнин, Марву Тирмиз ва дигар шаҳрҳои бузурги Мовароуннаҳру Хуросон гузошта мешавад. Тӯли таърихи дусадсолаи худ, Ҳулбук маркази иҷтимоию сиёсӣ, инчунин, маркази асосии тиҷорати мардуми кӯҳистони тоҷик буд. Корвонҳои зиёди мамолики Шарқ аз гузаргоҳи Чӯбаки дарёи Панҷ гузашта, вориди Ҳулбук мешуданд. Аз шаҳр ду роҳи корвонӣ мебаромад, яке ба воситаи Пули Сангини Вахш, Вашгирд (ноҳияи Файзобод), Шумон (Душанбе), Бутамон (болооби Зарафшон), Истаравшан ба Шоҳроҳи Абрешим пайваста, ба Хитой мерафт. Роҳи дуюм ба воситаи кӯҳистони Дарвозу Помир ҷониби Қошғару Ҳиндустон мебурд. Замоне Ҳулбук ба маркази мадании ноҳияҳои ҷануби шарқи Мовароуннаҳр табдил ёфт.
Кофтуковҳои бостоншиносон нишон доданд, ки шаҳр хеле калон буда, масоҳати 200 – 300 гектарро фаро мегирад. Шаҳр девори ҳимоявӣ ва чандин дарвоза дошт. Айни замон танҳо бахши марказии он, ки 7 гектарро ташкил медиҳад, то андозае омӯхта шудааст. Дар шаҳр даҳҳо бозору бозорчаҳои болопӯш, масҷиду мадраса ва корвонсарой мавҷуд буданд.
Соли 2003 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хотири ҳифзи ин ёдгории арзишманди таърихӣ, Мамнӯъгоҳи таърихӣ-фарҳангии “Ҳулбук” таъсис ёфт. Моҳи ноябри соли 2009 бошад, он ба рӯйхати пешакии мероси фарҳангии ЮНЕСКО шомил гардид. Имрӯз дар назди мамнӯъгоҳ осорхона низ фаъолият дорад, ки дар он беш аз 10 ҳазору 500 дастхату нигораҳои таърихӣ ҳифз мешаванд.
Комрон САФАР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.05.2021 №: 96 Мутолиа карданд: 902