logo

иҷтимоиёт

ТЕЛЕФОНИ МОБИЛӢ. ЭҲТИЁТ НИМИ ҲАЁТ!

Табиист, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонро бидуни  шабакаҳои интернетӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Аз ҷумла, дар кишвари мо хонаводае нест, ки дар он 3 - 4 телефони мобилии пайваст  ба  интернет набошад. Албатта, ин ҳолат хуб аст ва замонавӣ будани ҷомеаро нишон медиҳад. Аммо, набояд фаромӯш кард, ки истифодаи зиёди он таъсири манфӣ низ дорад. 
 
ТОРҲОИ АСАБ МЕКАНАНД АГАР…
 -   Бояд бигӯем, ки истифодаи зиёди телефони мобилӣ ба торҳои асаб зарари ҷиддӣ мерасонад. Гузашта аз ин, то ҳадде асабро заиф мегардонад, ки кас метавонад мубталои бемории рӯҳӣ шавад. Мувофиқи тадқиқоти олимони ҷаҳон мавҷҳои телефон ба асаби одами калон 20 ва барои кӯдакон 80 дарсад зарар мерасонад ва дар натиҷа ташаккули ақлониву ҷисмониро коста менамояд. Олими амрикоӣ  Сеа Шапки, ҳангоми таҳқиқи ҷасади навраси чинӣ, муайян намуд, ки ӯ муддати як шабонарӯз ба бозии телефонӣ машғул будааст ва дар натиҷаи хасташавӣ кандани рагҳои сар ба вуҷуд омадааст. Ин тадқиқотро олим соли 2005 гузаронд ва ҳанӯз он замон ҳушдор дода буд, ки одамон аз телефон камтар истифода намоянд. Ҳамчунин, таҳлилу омӯзиши олимони ҷаҳон собит намудаанд, ки чунин ҳолат борҳо дар Чину Амрико, Россияву дигар давлатҳои ҷаҳон мушоҳида шудааст. Вале, ҳоло ҳам мо ин масъаларо ҷиддӣ намегирем. Ҳамчун мутахассиси соҳа маслиҳат медиҳам, ки кӯдакону наврасонро аз телефону компютер дур нигоҳ доред. Ба ин васила метавонем ҳисси рӯҳии онҳоро ҳифз карда, аз бисёр бемориҳо эминашон дорем, - зикр намуд Суҳроб Бобокалонов, равоншинос, унвонҷӯи Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 
ОМИЛИ БЕШТАРИ КАСАЛИҲОИ МОДАРЗОДӢ
- Таъсири бади телефони мобилӣ ба кӯдак ҳангоми дар батни модар буданаш мерасад.  Истифодаи пайвастаи телефони мобилӣ аксар вақт дар давраи моҳҳои аввали ҳомиладорӣ кӯдакро гирифтори бемориҳои модарзодии қалб ва фалаҷ менамояд. Бинобар ин, зани ҳомила бояд аз ҳама намуди дастгоҳҳои техникӣ дар як давраи муайян дур бошад. Чизи дигаре, ки  айни ҳол сабаби пастшавии иммунитети кӯдакон гардидааст, ин мунтазам дастонро бо собун нашустан ва аз маводи антисептикӣ истифода накардан мебошад. Худ биандешед, рӯзе телефонро даҳҳо маротиба бо дастони чиркин медорем, сипас барои дилхушӣ онро ба кӯдак медиҳему аз оқибати бадаш намеандешем. Кӯдакро бо он андармон намуда, пайи кори худ мешавем.Табиист, ки кӯдак онро ба даҳон мебарад. Ӯ ба ин восита метавонад ба бемориҳои роҳи нафас, рӯдаю меъда, саратон, камбуди ақлию рӯҳӣ ва ғайраҳо мубтало гардад, - гуфт Гулбаҳор Нуралиева, ассистенти кафедраи бемориҳои кӯдакона, духтури шуъбаи дил ва тарбоди Муассисаи давлатии «Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон».
 Дарвоқеъ, волидайн, бахусус модарон, ҷиҳати саломатии фарзандон бетараф набошанд, кӯшиш намоянд кӯдаконро аз телефону планшетҳо дур нигоҳ доранд. Тадқиқоти олимони олмонӣ нишон доданд, ки зарари магнитии майдони телефонҳои мобилӣ ҳосилшавии омосҳои майнаи сарро метезонад ва дар натиҷа фарзанди носолим ба дунё меояд. 
 
 ЧӢ БОЯД КАРД?
- Воқеан, ин мавзӯест, ки борҳо гуфтаему мегӯем, вале то ба ҳол масъалаи мазкур ҳалли худро наёфтааст. Айни ҳол тамоми кӯдакон бидуни телефон на хӯрок мехӯранду на хоб мераванд. Ин ҳолатро дар рафти пурсиши сарироҳӣ бори дигар муайян намудем, ки ҷои зочаву бозичаҳои кӯдаконаро телефон гирифтааст. Имрӯз ба дасти онҳо додани телефонҳои мобилӣ ва ё туҳфа намудани планшетҳо мӯд шудааст. Бо ин роҳ, бештар вақт волидон худро аз  масъулият озод менамоянд. Айни замон кӯдакон баробари калонсолон корбари фаъоли интернетанд. Дилхоҳ филми тасвириро тариқи телефони мобилӣ дастрас мекунанд ва соатҳои дароз даруни гаҳвора аз экрани телефон чашм намекананд. Вале намеандешем, ки мавҷҳои босуръати телефон метавонанд ҳисси бинишро кам карда, инкишофёбии нейронҳои майнаи сару узвҳои кӯдакро хароб гардонанд.
Ба ростӣ  ин амали хунукназарӣ нисбат ба ояндаи кӯдак ва солимии миллат мебошад ва корест нобахшиданӣ. Пас,  биёед дар ҳалли масъала бетараф набошем ва аз тадқиқоту омӯзиши олимони ҷаҳон хулоса бароварда телефонҳои мобилиро бозича напиндорем. Кӯдакону наврасон, ки ояндаи давлату миллатанд, бояд солим ба камол расанд ва ворисони сазовори сарзамин гарданд.
 
Гулнисои САЪДОНШО, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.05.2021    №: 96    Мутолиа карданд: 821
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед