logo

сиёсат

В О Р У Х. ОН ҲЕҶ ГОҲ АНКЛАВ НАБУД ВА ЯК ПОРАИ ТОҶИКИСТОН БОҚӢ ХОҲАД МОНД

Ин ки Ворух замини аҷдодии тоҷикон асту маъхазҳои таърихӣ инро тасдиқ мекунанд, бебаҳс аст. Аммо чанд вақти охир расонаҳои Қирғизистон сели туҳмату буҳтонро болои сари мо мерезанд. Васоити ахбори омма хилофи рисолате, ки бар дӯш доранд, яъне беғаразу воқеӣ расондани иттилоот, қазияро яктарафа баҳо медиҳанду ҳангома месозанд. 
 
ИТТИЛООТИ ЯКТАРАФА
Ё ЧАРО БОЛОИ РАВҒАН ОБ МЕРЕЗАНД? 
Мардуми тоҷик, бахусус сокинони шаҳри Исфараю деҳоти Ворух, аз рӯзҳои аввали сар задани баҳс миёни Тоҷикистону Қирғизистон такя ба муроҷиати Пешвои миллат, ки чунин масъалаҳо на бо эҳсосот, «балки танҳо бо роҳи гуфтушунид ҳаллу фасл мегарданд» таҳаммулро пеша карданд. Сухани Пешвои миллат: «Масъалаи иваз кардани Ворух бо ягон ҳудуди дигар вуҷуд надошт ва вуҷуд дошта ҳам наметавонад» паёме буд, ки моро ба ояндаи нек умедвор сохт.
Мутаассифона, муноқиша аз ҷониби ҳамсоякишвар сар задаву бо талафоти ҷонии ҳар ду кишвар анҷом ёфт, ки мардум чашмдор набуд. Сар задани задухӯрдро аз ҷониби қирғизҳо садҳо шоҳидони ҳол шаҳодат медиҳанд. Аммо, бо вуҷуди ин, ҷомеаи шаҳрвандию журналистии Қирғизистон дар пайи ҳангомаву таҳрифи факт болои равған об рехта, ба ин восила, мехоҳанд сархати хабарҳои воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ бошанд. Агар сомонаҳои иҷтимоиро сарфи назар кунем, ки пур аз туҳмату буҳтону таҳқиру дасиса нисбат ба тоҷиконанд, сомонаҳои расмӣ низ иттилоотро яктарафа инъикос менамоянд, ки бар хилофи принсипҳои байналмилалии рӯзноманигорист. Ин амал иҷрои рисолати касбии журналистро, ки, пеш аз  ҳама, расондани иттилооти дурусту воқеӣ ва санҷидашуда аст, зери суол мебарад. 
 
ОФТОБРО БО ДОМАН ПӮШОНДА НАМЕШАВАД! 
Нашри иттилооти дурусту воқеӣ метавонад барои муътадил гардондани вазъ мусоидат намояд. Вале, норавост, ки бо инъикоси якҷонибаи иттилоот, Офтобро бо доман пӯшонданӣ мешаванд. Магар мешавад бо рехтани сели таҳқиру туҳмат бар сари миллати тоҷик, ҳақиқати таърихиро тағйир дод? Ё акси ҷангиёни кадом гурӯҳи иртиҷоиро гузоштаву зери он «сурат – далел» бинависӣ ва тоҷик намояш диҳӣ? Албатта, не! Дар ин бозори бесарукалоба хоинон низ, ки аслан бар Ватан надоштанашон бори дигар муҳри тасдиқ мезананд, зери «наво»-и хоҷагони хориҷиашон чун зоғ ба гӯши булбул «суруд» мехонанд, ки ҳоҷат ба гуфтан нест. 
Ин як тарафи масъала. Вале, баъзе воситаҳои ахбори оммаи ҷаҳонӣ низ инъикоси якҷонибаи масъаларо пеша кардаанд, ки аз тасаввур берун аст. Барои мисол, бахши русии Агентии иттилоотии «ВВС» 1 май бо номи «Муноқиша дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон. 46 кас фавтид, президентҳо паймони сулҳ намуданд» матлабе нашр кард. Ҳангоми баррасии мавзӯъ ишора ба анклав (берун аз марз) будани Ворух ва дар он зиндагӣ кардани қариб 35 ҳазор тоҷик мешавад. Умуман, вазъ дар такя бо хабаргузориҳои Қирғизистон баён мегардад. Вале дар хусуси иттилооти расмии Тоҷикистон дар мавриди ҳуҷуми қирғизҳо, ки 29 апрел интишор ёфта буд, ҳарфе нест… 
Даниил Кислов, коршинос оид ба Осиёи Марказӣ, директори генералии оҷонсии байналмилалии «Фарғона», анклав нигоштани сарзамини аҷдодии тоҷикон - Ворухро дар воситаҳои ахбори оммаи қирғиз маҳкум намуда, мегӯяд, ки агар шартномаи байнидавлатии дуҷониба дар парлумони ҳар ду кишвар тасдиқ нашуда бошад, рӯзноманигор ҳуқуқи чунин навиштанро надорад. Инчунин, иброз медорад: 
-Оё шумо - қирғизҳо набудед, ки оғози моҳи апрел дар Боткант машқи низомӣ гузарондед? Ҳамаи суханони муғризона аз Қирғизистон, аз забони Тошиев садо дод. Аз ҷумла, ваъдаи «иваз кардани Ворух», сохтмони обанбор дар дарёи наздисарҳадӣ. Махсусан, ҳукуматдорони қирғиз вазъро тезутунд карданд. Маҳз ҳамонҳо ҷангро оғоз бахшиданд. Афсӯс, хеле афсӯс, ки сокинони осоишта қурбон шуданд...
 
НАЗАРЕ БА ФАЗОИ ИТТИЛООТӢ
Гузашта аз ин, бе далел суҳбат кардани коршиносон ё якҷониба баҳо додани масъала низ ин шабу рӯз ба ҳукми анъана даромадааст. Денис Бердаков, сиёсатшиноси қирғиз, дар суҳбат ба “CABAR” (лоиҳаи Институт оид ба инъикоси масъалаҳои ҷанг ва сулҳ) иброз медорад, ки гӯё Тоҷикистон хостори ҳарчи зудтар ҳаллу фасл гардидани масоили баҳсӣ нест ва ба ин восита мехоҳад «мавзеъҳои баҳсии Қирғизистон»- ро «аз худ» кунад. 
Ин ҳам дар суратест, ки Ҳукумати кишвар ҳанӯз аз соли 2002 гуфтушунидро бо ҷониби Қирғизистон оғоз карда, то имрӯз беш аз 100 мулоқоти ҳайатҳои Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ гузаронда шудааст. Дар ин муддат 519,9 километри сарҳад муайян ва мувофиқа шуда, лоиҳаи аҳднома дар бораи сарҳади давлатӣ барои имзо омода шуд ва бояд моҳи майи соли 2006 аз тарафи сарварони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба имзо мерасид. Аммо ба таъкиди Сарвари давлат, «бо сабабҳои аз ҷониби Тоҷикистон вобастанабуда имзои ин аҳднома доир ба қитъаи мувофиқанашудаи сарҳад то ҳанӯз сурат нагирифтааст». 
Ҳамзамон, дар робита ба даъвои Бердаков, шореҳи масоили сиёсии тоҷик Негматулло Мирсаидов ҷавоби бамавриде дорад: 
-Маълум, ки ӯ дар марз танҳо бо мардуми қирғиз вохӯрдаасту андешаи онҳоро шунидааст. Бо тоҷикон, ки вонахӯрдааст, дар мавриди аз куҷо гузаштани хати сарҳад ва ба кӣ тааллуқ доштани кадом, замин умуман, таассурот надорад. Танҳо бояд аз харита бинӣ, ки нисфи Оқсой дар куҷо ҷойгир асту Кӯктош дар куҷо. Маҳалҳои аҳолинишини Жастик, Арка, Борбурдук, Жанижер, Интернатсионал низ. Ин мавзеъҳо дар қаламрави Тоҷикистонанд! Вале, Тоҷикистон аз Қирғизистон баргардондани онҳоро нахостааст, бигзор зиндагӣ кунанд, фақат беш аз инро талаб накунанд. 
 
ЧОҲ БО КОҲ РӮПӮШ НАМЕШАВАД! 
Дар баробари ин, ҳазорҳо далели дигар қаламрави таърихии Тоҷикистон будани на танҳо Ворух, балки мавзеъҳои аҳолинишини қирғизро собит месозанд. Аммо ҳамоно ҷониби ҳамсоя аз «анклав» пиндоштани Ворух даст намекашад. Ҳатто, номи тоҷикӣ доштани мавзеъҳо, мисоли Исфана, Маргун, Дархум, Сумбула онҳоро магар ба таҳлука андохтааст, ки бо гумони чоҳро бо коҳ рӯпӯш кардан, дар гурӯҳи бонувони лайлакӣ дар шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» талаби «Топонимҳои форсӣ ба зудӣ иваз карда шавад!» - ро доранд. 
Тавре мебинем, ҷониби ҳамсоя тамоми кӯшишҳояшро ба он равона сохтааст, ки бо истифода аз ВАО девори каҷро ба по рост кунад. Вале таърих гувоҳ аст, ки Ворух ҳеҷ гоҳ анклав набуд ва пораи ҷудонашавандаи Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд. 
 
Меҳрангез ҚОДИРОВА, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.05.2021    №: 96    Мутолиа карданд: 1430
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед