logo

иҷтимоиёт

COVID - 19 СИЁСАТИ ДУРБИНОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ТОҶИКИСТОНРО АЗ ИН ВАБО РАҲОНД

Ба ҳамагон маълум аст, ки соли 2020 бо паҳншавии вируси сироятии COVID - 19 назар ба дигар солҳо фарқкунанда буд. Ва ҷомеаи ҷаҳонӣ кӯшиш кард, ки иқтисодиёташон дар вазъияти буҳрони ҳамагир муфлис нагардад. Бо вуҷуди ин, соли сипаришуда иқтисодиёти қисме аз давлатҳо дар фишанги пандемияи ҷаҳонӣ рӯ ба коҳишёбӣ овард.
Ҷумҳурии Тоҷикистон чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳар пайомаде, ки ба мамолики дунё дахл дорад, ҷудо буда наметавонад. Аз ҷумла, дар Тоҷикистон низ вируси ҳамагир ба қайд гирифта шуд ва то андозае зарари худро дар рушди иқтисоди миллӣ расонд. Хушбахтона, давлати мо аз ҷумлаи он давлатҳое нагардид, ки ба буҳрон рӯ ба рӯ гардида, иқтисодиёташ рӯ ба коҳиш орад. Ҳарчанд баъзе соҳаҳо дар фаъолияти худ ба мушкилӣ дучор гардида бошанд ҳам, бо вуҷуди ин, сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон тавонист, ки роҳи муфлисшавии корхонаҳоро дар кишвар пешгирӣ намояд: «Яъне, мо соли 2020 дар вазъияти бошиддати иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ фаъолият карда, бо вуҷуди мушкилоти пешомада, ҷиҳати пешгирӣ намудани пайомадҳои буҳрон ва ҳифзи амнияти иқтисодии мамлакат як қатор чораҳои фавриро роҳандозӣ кардем», - изҳор доштанд Пешвои миллат.
Таъсири вируси COVID - 19- ро аз хурд то калон дар тамоми ҷаҳон эҳсос намуданд. Он ҷомеаи ҷаҳониро ба тарсу ваҳм дучор намуд ва ба бисёр соҳаҳо зарари худро расонд. Пеш аз ҳама коронавирус мушкилоти иқтисодиро дар ҷаҳон печидатар гардонд. 
Натиҷаи сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи сахти буҳрони ҷаҳонӣ нишон дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад, ҳатто дар замони ноамнӣ, хуруҷи бемориҳои мухталиф, пандемияҳо мувозинати иқтисодии худро нигоҳ дорад. Ҳатто соли 2020 бо вуҷуди паҳншавии бемории COVID-19 иқтисодиёти кишвар афзоиш ёфта, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ боло рафт. 
Таъкидҳои Сарвари давлат дар Паёми хеш барои нигоҳ доштани иқтисодиёти кишвар ва боло бурдани сатҳи афзоиши он дар давраи сахту душвор роҳнамои тамоми ҷомеаи тоҷикистонӣ мебошад. Пешвои миллат дар робита ба ин, зикр карданд, ки беҳтар гардондани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ ва ҷалби сармояи мустақим барои таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии мо ба ҳисоб меравад.
Бо назардошти таъкидҳои Пешвои миллат, шиддат гирифтани рақобати тиҷоратӣ миёни кишварҳо моро вазифадор месозад, ки дар самти пешгирии хавфҳо ва коҳиш додани таъсири онҳо ба иқтисоди миллӣ, инчунин, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ тадбирҳои зарурӣ андешем. Чун дар раванди босуръати ҷаҳонишавӣ соҳаи иқтисодиёти кишварҳо бетаъсир намонда, он аз ҳар давлат рақобати шадидро талаб мекунад.
Аз дидгоҳи Роҳбари давлат барои таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ, қабл аз ҳама, фаъолият дар самти муқовимат ба таҳдиду буҳронҳо, ташаккули имконияту захираҳои молиявии ба рушд нигарондашуда, таъмини гуногунсамтии иқтисодиёт, густариши раванди рақамикунонӣ, дастрасии молиявию дастгирии соҳибкорӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолии кишвар, омодагӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва гузариш ба иқтисоди «сабз» тақвияти бештар бояд бахшида шавад.
 
Лутфулло НАВРӮЗОВ, 
сардори раёсати корҳои дастгоҳи марказии
Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.05.2021    №: 96    Мутолиа карданд: 595
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед