фармонҳои президент
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи озод намудани судяҳо
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Шарифзода Мавҷуда Рауфӣ аз вазифаи раиси суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, Мирбобозода Ҳабибулло Муҳамадаюбӣ аз вазифаи раиси суди ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан озод карда шаванд.
2. Давлатзода Искандар Саъдулло аз вазифаи судяи суди вилояти Хатлон,
Расулзода Муҳаммад Аслидин аз вазифаи судяи суди вилояти Хатлон,
Ализода Эраҷ Асатулло аз вазифаи судяи суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, Аминзода Фирӯза Баҳромӣ аз вазифаи судяи суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо хоҳиши худашон озод карда шаванд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 18 майи соли 2021, № 181
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.05.2021 №: 97 Мутолиа карданд: 5003