сиёсат
ҲАМДИЛӢ. КУМАКҲОИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА ОИЛАҲОИ ЗАРАРДИДАИ МИНТАҚАИ КӮЛОБ
Дар доираи роҳнамоӣ ва ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба оилаҳои бар асари офатҳои табиии рӯзҳои охир зарардидаи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон дар ҳаҷми 300 тонна масолеҳи сохтмонӣ, аз қабили сементу арматура ва тахта, беш аз 170 тонна маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла орд, шакар, гӯшт, равған, биринҷ, пиёз, картошка ва 1200 адад ҷиҳози рахти хоб кумак фиристод.
Кумакҳои раиси шаҳри Душанбе ба зарардидагони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, ки дар доираи рисолати шаҳрвандӣ, ҳамраъйию ҳамдилӣ бо мардуми зарардида ва инсондӯстию ватанпарастӣ фиристода шуд, ба шаҳри Кӯлоб ворид гардид ва ба зарардидагон дастрас мешавад.
Бояд ёдрас шавем, ки бар асари селу боришоти зиёди рӯзи 11 майи соли равон дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон манзилҳои истиқоматӣ, роҳу пулҳо ва дигар иншооти хоҷагии халқ хароб гардида, мутаассифона, талафоти ҷонӣ низ дар пай дошт.
Тавре аз таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, мо танҳо дар ҳамбастагӣ ва иттиҳоди комил, якдигарфаҳмию ҳамдилӣ ва эҳтироми ҳамдигар метавонем ҳама мушкилотро бартараф намоем ва дар якҷоягӣ Ватани азизамонро боз ҳам ободу зебо гардонем.
Мардуми зарардидаи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб боэътимод бошанд, ки дар ин рӯзҳои вазнин зери таваҷҷуҳу ғамхориҳои доимии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд ва сокинони дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар ин рӯзҳо ҳеҷ гоҳ онҳоро танҳо намегузоранд.
Зимнан, хотиррасон менамоем, ки бо мақсади анҷом додани амали хайр ва расондани кумак ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи минтақаи Кӯлоб дар Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» суратҳисоби махсус кушода шуд. Хоҳишмандон, шахсони хайрхоҳу саховатманд ва эҳсонкор метавонанд кумакпулии худро ба он ирсол намоянд.
Л. ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.05.2021 №: 97 Мутолиа карданд: 964