logo

иҷтимоиёт

ОФАТИ ТАБИӢ. ХОНАҲОИ ХАРОБГАШТА ДАР МИНТАҚАИ КӮЛОБ ПУРРА БАРҚАРОР МЕШАВАНД

Дар пайи боришоти зиёди борону жолаи рӯзи 11 майи соли ҷорӣ сатҳи оби сойю дарёҳо дар як қатор шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб баланд гардида, ба сокинон хисороти молию ҷонӣ расонд. Аз ҷумла, аз ин офати табиӣ сокинони маҳаллаҳои Хатти роҳ, Чармгарони Поён, Даминзода, Куҳнашаҳр, Тамошотеппа, Нонвойи Поён, «20-солагии Истиқлолият», Содиқов ва Ҷамоати деҳоти Кӯлоби шаҳри Кӯлоб зарар диданд. Наздики 50 метр роҳи байналмилалии назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 53 - и шаҳр канда шуда, чанд пули мошингард хароб гардид.
Худи ҳамон рӯз бо дастури Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зери роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Ситод оид ба бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ таъсис ёфт. Сарвазири мамлакат дар якҷоягӣ бо вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва раиси шаҳри Кӯлоб Абдуқодир Вализода, аз маҳаллаҳои офатзадаи шаҳр дидан карданд. 
12 май дар қароргоҳи раиси вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб, бо иштироки Сарвазири кишвар ва дигар намояндагони мақомоти дахлдор ҷаласаи Ситод оид ба бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа зикр гардид, ки 16 манзили истиқоматии сокинон пурра хароб гашта, 293 хона осеб дидааст. Аъзои ситод таъкид карданд, ки тамоми хонаҳои харобгашта дар кӯтоҳтарин муддат барқарор гашта, ба сокинон супорида мешаванд.  
Бар асари ин сели харобиовар 25 адад симчӯби маҳаллаҳо ва хатҳои баландшиддат канда шуда, 66 трансформатор осеб дидааст. Масъулони филиали шабакаҳои тақсимоти барқ дар шаҳри Кӯлоб, мегӯянд, ки муддати 20 соат пас аз воқеа, хати интиқоли барқ дар минтақаҳои офатзада пурра барқарор гардид. 
Қадамшоҳ Ҳакимзода, сардори раёсати маорифи шаҳр, иттилоъ дод, ки обхезӣ ба деворҳо ва иншооти ёрирасони муассисаҳои таълимии №№ 50, 52, 53 - и шаҳр низ зарар расондааст. Корҳои бартарафсозӣ дар муассисаҳои мазкур идома доранд.  
Пойгоҳҳои обкашонӣ ва лӯлаю қубурҳои обу ташноби шаҳр низ зарар  дидаанд. Ба иттилои Миралӣ Шарифов, директори корхонаи обу ташноби шаҳр, дар пайи вайрон гардидани пойгоҳҳо ва тахриби лӯлаҳои обгузар 17 маҳалла, дар маҷмӯъ, 22 ҳазору 486 сокини шаҳр ду рӯз бе оби нӯшокӣ монданд. Рӯзи 14 май мушкил пурра бартараф гардид. Зимнан, дар шаҳр чор корвони саломатӣ амал карда, ба зарардидагон хизмати тиббӣ мерасонад. 
 
Суннати СОДИҚ, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.05.2021    №: 97    Мутолиа карданд: 848
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед