logo

сиёсат

ҶАНГИ ИТТИЛООТӢ. ИҒВОАНДОЗӢ БА СУДИ КИСТ?

Рӯзҳои 28 - 29 апрели соли равон шаҳрвандони ҳамсоякишвари  Қирғизистон бо амалҳои иғвоангези худ боиси нооромӣ дар сарҳад гардиданд, ки дар  ёди тоҷикон, хосса мардуми  Исфараи бостонӣ барои ҳамеша нақш хоҳад баст. Магар метавон рӯзеро, ки бар асари он хонаву дар ва чизу чора як тараф истад, ҷон аз даст рафт, фаромӯш кард? Ҳаргиз! Сад дареғи онҳое, ки дар ин муноқиша  ҷони ширини хешро аз даст доданд.  
 
Ҷониби Қирғизистон чанд сол мешавад, ки бо мардуми мо даст ба гиребон аст ва акнун ба касе пӯшида нест, ки чӣ мехоҳад. Бале, рустои Ворух - яке аз ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Исфараро. Ҳанӯз 5 сол қабл дар хонаи яке аз сокинони минтақа парчам афрохтани қирғизҳо далели собитшудаи ҳамин гуфтаҳост. Ва ин аз сад як далел мебошад. Ворух мулки тоҷикон аст ва таърих барои аз қадим сарзамини тоҷикнишин буданаш садҳо далел дорад. Далелҳои ба ҳеҷ ваҷҳ раднопазир. 
 
ЧАНД ДАЛЕЛИ ТАЪРИХӢ
1. Убайдулло Насрулло, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АМИТ,  зимни суҳбат ба мо гуфт, ки  маълумоти дар натиҷаи  ҳафриёт  бадастомада шаҳодат аз он медиҳад, ки  Ворух аз қадим сарзамини тоҷикон буд. Мисоли ин гуфтаҳо  2 навиштаҷоти  Танги Ворух, ки дар санг ҳаккокӣ шудаанд, буда метавонанд. Ӯ афзуд: «Онҳо аз ҳамдигар дар масофаи аз 15 то 18 метр дур ҷой гирифтаанд. Ба ин хотир, бостоншиносон онҳоро ба шимолию ҷанубӣ ҷудо намудаанд. Матни шимолӣ аз 6 сатр иборат буда, бо ҳуруфоти куфӣ навишта шудааст. Онро тоҷикшиноси маъруфи рус В. Бартолд интишор намудааст. Дар навиштаҷот ба ҷуз калимаҳои арабӣ калимаҳои тоҷикӣ ба мисли «дай - моҳ», «рӯдбори рама» вомехӯранд. 
Матни ҷанубӣ аз 18 сатр иборат буда, он низ бо ҳуруфи куфӣ навишта шудааст. Навиштаҳо ба охири садаи VIII ва аввали асри IX тааллуқ доранд. Муҳаққиқ Б. Певзнер нигошта, ки қисми зиёди матн бо забони тоҷикӣ мебошад. Аз ин рӯ, Певзнер ба хулоса меояд, ки матни ҷанубии навиштаҷоти Ворух қадимтарин мукотибот бо забони тоҷикӣ мебошад». 
2. Дар  китоби «Бобурнома» (соли 1525), ки воқеаҳои мухталифи Мовароуннаҳр, Хуросон ва Ҳиндро фаро гирифтааст, аз ҷумла мадорики арзишманди ҷуғрофиёии сарзаминҳои зикршуда мебошад, чунин омада: «Дар ҷануби шарқии Марғелон  шаҳри дигаре ҳаст - Исфара. Миёни доманакӯҳҳо ҷойгир аст. Он ҷо рӯди равон ва ҳамсояҳои нек зиндагӣ мекунанд. Байни Марғелон ва Исфара даҳ йигич (даҳрӯза роҳ) роҳ аст. Тамоми аҳолии Исфара сарт (сарт ақвоме фаҳмида мешудааст, ки асли ориёӣ дошта, дар Осиёи Миёна зиндагонӣ менамудаанд) мебошанд ва бо забони форсӣ гуфтугӯ мекунанд. Исфара минтақаи кӯҳӣ буда, аз чор булук иборат мебошад. Яке аз онҳо Исфара, дигарӣ Ворух, сеюмӣ Сух ва чорумӣ Ҳушёр ном дорад».
3. Ба андешаи таърихшинос Саймурод Бобомуллоев дар ин минтақаи наздисарҳадӣ, ки алафзор аст, дар солҳои баъдӣ чӯпонони қирғиз чорвои худро ба чаро оварда, бо мурури замон манзил бунёд намудаву маскун мешаванд. Аммо  ин ҳаргиз маънои марзи Қирғизистон будани  минтақаро надорад. «Харитаи топографии Округи ҳарбии Туркистон (округ то соли 1992 мавҷуд буд) ин иддаои мардуми қирғизро барҳам мезанад. Зеро дар харита, ки сарҳади Тоҷикистону Қирғизистонро муайян намуда, аз ҷониби КИМ СССР соли 1927  тасдиқ шудааст, Ворух ҷузъи Исфара ба шумор меравад. Дар харитаи этникии водии Фарғона низ, ки тибқи маълумоти экспедитсияи бостоншиносии Помир – Фарғона соли 1951-1953 аз ҷониби Р. Виников тартиб ёфтааст, Ворух сарзамини тоҷикон дарҷ гардидааст», - афзуд ӯ. 
 
ЯК СУОЛИ МАТРАҲ
Воқеан, чунин далелҳои фаровони илмӣ, ки  ҳамагӣ сарзамини Тоҷикистон будани Ворухро собит мекунанд, кам нестанд. Аммо, чаро Қирғизистон аз дарки ҳақиқати чандинҳазорсола фурӯгузорӣ мекунад, саволест ҳанӯз бе ҷавоб. Маҳз ҳамин омил - напазируфтани адолати таърихӣ аз ҷониби ҳамсоякишвар - Қирғизистон сабаби асосии баҳси музмини марзӣ гардидааст. Ҳоло баъзе аз коршиносон бар он назаранд, ки барои Қирғизистон на Ворух, балки оби минтақа, ки манбаи энергияи сабз ба шумор меравад, лозим аст. Воқеаҳои охири марзӣ, ки дар «Головной» - болооби дарёи Исфара ба амал омад, ба ин гуфтаҳо далел шуда метавонанд.   
Дар ин маврид қаблан маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадӣ низ иттилоъ дода, таъкид намуда буд, ки  ҳодиса дар ҳолате рух дод, ки тӯли рӯзҳои  охир ҷониби Қирғизистон худсарона бандҳои қаблан мувофиқашудаи дуҷонибаро бо Тоҷикистон вайрон намуда, нақшаи забти нуқтаи обтақсимкунии «Головной» - ро, ки  дар ҳудуди Тоҷикистон қарор дорад,  ба роҳ мондааст. 
 
ВАЗЪИЯТ ОРОМ ШУД, АММО…
Чунин ба назар мерасад, ки иғвогарӣ дар ВАО, хусусан дар расонаҳои иттилоотии қирғиз, ҳанӯз ҳам идома дорад. Ҳарчанд рисолати касбӣ аз  журналист тақозо менамояд, ки барои расондани ҳақиқат ва адолат хидмат намояд, аммо расонаҳои иттилоотии ин кишвар дар бисёр маврид иттилои носанҷида ва бардурӯғ нашр мекунанд. Чунончи, бисёре аз расонаҳои ин кишвар  иттилоъ пахш намуданд, ки  гӯё  назорати шиносномаҳои сокинони қирғизтабор дар ноҳияи Лахш пурзӯр шудааст. Аммо, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин иттилоъро рад намуда, онро нодуруст ва аз ҳақиқат дур меҳисобад. Чунин иттилои носаҳеҳ ва иғвобарангез  дар баъзе аз расонаҳои қирғиз ҳанӯз ҳам идома дорад, ки вазъи мавҷударо шадидтар месозад. Накунад, ки чунин  иғвогарии иттилоотӣ боиси сар задани нооромии дигаре гардад! 
Ин дар ҳолест, ки ҳоло Тоҷикистон сарфи назар аз воқеаи рухдода мардуми кишварро ба таҳаммулпазириву ҳамдигарфаҳмӣ даъват дорад.
Ҳаводиси охири бавуқӯомадаи марзӣ, яъне иқдомҳои иғвогарона аз ҷониби ҳамсоякишвар ва, дар натиҷа, рух додани задухӯрд бори аввал нест ва онро дигар наметавон тасодуфӣ шумурд. Аммо, Тоҷикистон дар чунин ҳолат ҳамеша аз таҳаммули сиёсӣ кор гирифтааст, зеро сиёсати Тоҷикистон - сиёсати сулҳдӯстона мебошад. Сарвари давлат ҳамеша мардумро ба ҳамдигарфаҳмиву рафоқат даъват менамоянд. Тоҷикистон ба хоки кишвари дигаре бо чашми тамаъ наменигарад, аммо аз марзу буми хеш  ҳамеша ҳимоя мекунад. Дар ин кор шаҳрвандонаш чун кӯҳ дар пушти Ватан истодаанд.
 
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.05.2021    №: 97    Мутолиа карданд: 1015
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед