иҷтимоиёт
ҲАР ОН КАС, КИ ШАРАФ ДОРАД...
Шоири шаҳири миллат Мирзо Турсунзода меросбари мактаби адабии орифони пешин буда, шоҳкорҳояш дар самои назми оламгир печидаи сувари хаёли парниёнӣ, монои ахтарони пурдурахшанд. Мунтахаботи барчидаи шоири мардумиро муҳаққиқон воло арзёбӣ кардаанд. Нахустмаҷмӯаи шоир ҳанӯз соли 1932 зери унвони “Байрақи зафар” бо сабки вежа, содабаёнӣ, навгароӣ дар шаклу мазмун ва шабеҳи чашмаи фавворазан миёни ташнагони каломи мавзун машъале афрӯхта буд. Баъдҳо, достони аввалинаш “Хазон ва баҳор” (1937) рӯи чоп омада, ташнагони шеъри нобро тасхир гардондааст.
Ба андешаи инҷониб, таълифоти шоири рангинхаёлро ба тариқи зайл метавон тақсимбандӣ намуд: ашъори айёми ҷавонӣ, давраи ҷанг, лирикаи иҷтимоӣ, мавзӯи сулҳу ватандӯстӣ, озодии Осиё, сафарнома, драматургия, тарҷума ва ғайра. Сареҳан, устод ба ҳар жанри адабие даст зада бошад, шаҳди хомафарсоӣ чашидааст.
Дар сари ҳамлаи Олмон ба хоки Иттиҳоди Шӯравӣ, Мирзо Турсунзода 30 сол дошт. Ӯ садоқати бепоёнашро ба Меҳан аз назари фасоҳату балоғати афкор дар шеъру достонҳои ”Хайр, модари азиз!”, “Хотираи капитан”, “Ҳамшираҳо”, “Ба ҷанг”, “Ҳаргиз”, “Писари Ватан”, “Арӯс аз Маскав”, “Баҳодури тоҷик”, “Фарзанди ту меояд” (солҳои 1941-1945) хотирмон ба қалам додааст.
Қабои шеъри шоир ончунон дилкашу зарбофт аст, ки хонанда худро иштирокдори бевоситаи амалиёти достонҳо бишмурда, аз муҳтавояшон поктинативу сарбозӣ ва садоқатмандиву меҳанпарастӣ меомӯзад. Афроди дилогоҳ аз талошу муборизаи қаҳрамонони асосӣ: Қодир, Саодат, Микола ва Марина (“Писари Ватан”, 1942) ҳифозати Ватан-Модарро адои қарзи фарзандӣ мешуморанд. Чунончи:
Микола, рав, ҳимоят кун Ватанро,
Ки бе он ту нахоҳӣ ёфт манро.
* * *
Шараф чизи таҷовузнопазир аст,
Ҳар он кас, ки шараф дорад, кабир аст.
Ин зайл фасоҳат ва қавияти афкорро бо изофаи тарбияи ахлоқиву ватандӯстӣ дар маҷмӯи эҷодиёти шоир дучор меоем.
Каломи гуҳарбори шоир дар замони осоишта рӯҳияи иҷтимоӣ касб намуда, ҳамзамононро ба бунёдкорӣ ва маърифату донишомӯзӣ даъват мекунад. Турсунзодаи бо обу нони Тоҷикистони биҳиштосо бавоярасида, рисолати адибияшро умре бошарафона нигоҳ доштааст. Андешаҳои саршор аз орзуву омоли миллӣ дар маҷмӯаи пасазҷангиаш бо номи “Тӯҳфаи ҷавонӣ” (1947) фароҳам омадааст.
Достони хонданӣ ва машҳури “Ҷони ширин” (1963) аз нигоҳи жанри адабӣ лирикӣ маҳсуб ёфта, аз оғоз то анҷом бо равонӣ, ҷаззобият ва сеҳри сухани мондагор ҳамсони гулҳои рангоранг ба танаи шаҳчиноре печон, дар чаманистони пурнакҳату мубарро мунаққашу фиребо ба назар мерасад: ”Гумон созӣ, ки гул дар барги гул печида меояд.”
Завҷаи шоир омадани ӯро аз сафарҳои хориҷӣ бесаброна интизор кашида, табиист, гоҳи дидор гила меоғозад. Турсунзода бо тамкини азалӣ ва нармгуфторӣ иқрор мекунад: “Ин дили ман манзили ёди ту буд, Ёди рӯи ҳуснободи ту буд.”
Мирзо Турсунзода бо корбурди ҳунармандонаи шакл ва истифодаи сабки шево, таркибу ибороти рехтаи халқӣ, зарбулмасалу мақол, истиора, талмеҳот ва аносири тарбия: покиза нигоҳ доштани оила, тарбияи фарзандон, оини ватандорӣ, меҳру муҳаббат, садоқат ба ёр, некгуфтор, некрафтор ва некпиндор зистанро талқин мекунад. Намуна: “Ҷони ширин, тоҷи сар кун, дӯстро, Ҷой дар мағзи ҷигар кун, дӯстро.”
Барои таълифи достони “Ҷони ширин” Мирзо Турсунзода бо Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи А. Рӯдакӣ ва Ҷоизаи Комсомоли ленинии Тоҷикистон шарафёб гардидааст.
Шоири мубориз чун қосиди сулҳу дӯстӣ - раиси Кумитаи ҳамдилӣ бо халқҳои Осиёву Африқо ба ақсои олам нидо мекард: “Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо, Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо.” Ихлосмандони ашъораш вайро барҳақ, ”кабӯтари сулҳ” ном бурдаанд. Ё дар мавриди сонӣ аз иттиҳоду ҳамбастагии халқҳо ба ваҷд омада, бо тафохур мегуфт: “Халқи олам дӯст бо мо гаштааст, Ваҳдати халқи ҷаҳонро гум макун.”
Мавзӯи озодии мардумони азияткашидаи Шарқ дар эҷодиёти М. Турсунзода нақши меҳварӣ дошта, аз адиби ваҳдатсаро будани ӯ башорат медиҳад. Ашъори баландпарвозу башардӯстона аз ҳастии тоҷикон ба одамони сайёра мужда расонда, дар зеҳнҳо андешаи истиқлоли миллиро бедор мекард.
Қисми зиёди ашъори Турсунзода аз сафарномаҳо иборатанд. Ӯ баробари мардуми зулматкашидаи Ҳинд месӯзаду месозад. Ин маънӣ дар шеърҳои “Қиссаи Ҳиндустон”, “Рӯди Ганг”, “Меҳмони мағрибӣ”, “Тара Чандри”, “Боғи муаллақ”, “Дар ёди кас” муассир ифода ёфтааст. Шоир барои ин силсила соли 1948 ба Ҷоизаи давлатии ИҶШС сазовор шуда буд.
Дертар маҷмӯаҳои ӯ “Пайғом” (1949), “Ман аз Шарқи Озод” (1950), “Мавҷи табрикҳо” (1951), “Қиссаи Ҳиндустон”, “Қиссаи машҳур” (1954), “Асарҳои мунтахаб” (1955), “Чароғи абадӣ” (1958, ба ҳуруфи арабӣ) ва “Аз Ганг то Кремл” (1970) ба дасти ҳаводоронаш расиданд.
Ашъори шоири нуктасанҷ аз равзанаи сохту сози забонӣ ва ҳусни баён таркибан шеъри нимоиро, ки бо исми падари шеъри нави Эрон Нимо Юшиҷ асос меёбад, муносиб гунҷоиш дода, аз назари пажӯҳишгарон таҳқиқи ҳамаҷониба мехоҳад. Нуктаи фавқ, яъне баҳамории имконоти назму наср бо навҷӯиҳои зебои шоирона, дар достони ҳамосии “Ҳасани аробакаш” ва силсилашеърҳои “Садои Осиё” (1960) тавъам омадааст. Манзумаи баъд на ба шакли чаҳорпора, балки дар қолаби маснавӣ таълиф шуда, бад-ин васила Турсунзода ба эҳёи арӯзи нави тоҷикӣ роҳ мекушояд. Шоир барои иншои асарҳои номбурда Ҷоизаи умумииттифоқии лениниро комгор гаштааст.
Устод Турсунзода ба равнақи драматургияи тоҷик ҳиссагузор мебошад. Месазад аз пйесаҳои “Ҳукм” (1934), “Роҳатхон” (1935), драмаи манзуми “Хусраву Ширин”, матни операи “Шӯриши Восеъ” (1936, бо ҳамқаламии Абдусалом Деҳотӣ) ёд биоварем. Бар мабнои операи мазкур аввалин либретто рӯи саҳнаи тоҷик омада, баъдтар намоиши либреттои операҳои “Тоҳиру Зӯҳро” (1944) ва “Арӯс” (1945) дили ҳазорон ҳаводори ин навъи санъатро тасхир гардондааст. Гузашта аз ин, аз рӯи сенарияи навиштаи шоир филмҳои бадеии “Ҳасани аробакаш”, “Субҳи Ганг” ва “Бо амри дил” наворбардорӣ ва ба маъраз гузошта шудаанд.
Мирзо Турсунзода дар санъати тарҷума ҳам дасти расо дошта, осори зиёди А. С. Пушкин, Н. А. Некрасов, Ҷамбул, Ш. Руставели, Т. Г. Шевченко ва соир шуарои пешинро ба тоҷикӣ гардонда, ба хазинаи тиллоии адабиёти ҷаҳон ғаноӣ бахшидааст. Ҳамакнун, ашъори ӯ ба забонҳои халқҳои ҷаҳон тарҷумаву дастрас гардидааст.
Аҳли адаби тоҷик ин марди шарифро бо камоли эҳтиром “Муаллим Турсунзода” ном мебурданд. Зеро тӯли 31 соли сарварӣ ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (солҳои1946-1977) боистеъдодҳоро ба ғамхорӣ фаро гирифта, барои чоп ва қадрмандии асарҳояшон мусоидат мекард, равобити адабии адибонро бо қаламкашони Иттиҳоди Шӯравӣ густарда ба роҳ мемонд. Бо фазилати ин шахсияти ҷаҳонӣ чи дар назм ва чи дар наср асарҳои шоистаи давр ба миён омада, обрӯю нуфузи адабиёти тоҷик боло рафтааст. Зери боли сарпарастиву ҳимояти пайвастаи устод адибоне чун Боқӣ Раҳимзода, Қутбӣ Киром, Фазлиддин Муҳаммадӣ, Муъмин Қаноат, Ғоиб Сафарзода, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Ҳақназар Ғоиб, Гулназар Келдӣ ва дигарон ба маъруфият расидаанд.
Сипеҳр Абуабдуллоҳи ҲАСАНЗОД,
нависанда
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.05.2021 №: 97 Мутолиа карданд: 723