иҷтимоиёт
ОФАТИ ТАБИАТ. ЯГОН ОИЛАИ ЗАРАРДИДА ТАНҲОИРО ҲИС НАМЕКУНАД
Бинобар сабаби баланд будани сатҳи оби зеризаминӣ, ки фурӯравии ногаҳонии заминро дар пай дошт, дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 15 хона ва баъдан бо гузашти як-ду рӯз 4 хонаи дигар пурра валангор гардид. Аммо, сокинон қаноатманданд, ки ин офатро бе талафоти ҷонӣ (на инсон, на чорпо) пушти сар карда, аз кумакҳои фаврии моддию маънавии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ташкилотҳои хайрхоҳ бархӯрдор шуданд.
Тибқи иттилоияи Ситоди вилоятии бартарафсозии оқибатҳои ҳолати фавқулода, ки бо супориши раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар фосилаи кӯтоҳи вақт таъсис ёфт, бар асари он офати табиат, ки шаби 8 май дар деҳаҳои Навобод-3 ва Навобод-4 - и Ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳия сар зад, ба ҷуз аз байн рафтани ин хонаҳо, ҳамзамон наздик ба 100 гектар киштзори ҷамъиятӣ ва 2 гектар замини наздиҳавлигӣ бар асари боронҳои шадид шуста шуда, пӯле, ки ин ноҳияро бо ноҳияи Ёвон мепайвандад, ғайри қобили истифода шуд.
Ба гуфтаи сокинон, маҳз чолокӣ ва истодагарии кормандони раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофаи гражданӣ дар вилояти Хатлон барои тарки манзилҳо буд, ки ин воқеа бидуни фавти одамон ва талафёбии молу чорпо гузашт.
“Агар онҳо бо баландгӯяку дигар воситаҳо мардумро ҷиҳати зуд тарк кардани манзилҳо ва мавзеи зуд фурӯраванда маҷбур намекарданд, аксарият андармони ҷиҳозҷамъкунӣ ҷони худро аз даст медоданд. Раҳмат ба онҳо!”, - гуфтанд чанде аз бошандагон зимни суҳбат.
“Фурӯравии заминҳои мобайнии он мавзеъ қатъ шуд, аммо канори рости он ҳанӯз не”, - мегӯяд Муродҷон Муйиддинов, сардори бахши кор бо ҷомеаи раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилоят.
Бо дарки вазъи баамаломада бо супориши Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон субҳи ҳамон рӯз Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, муовини Сарвазир ва Қурбон Ҳакимзода, раиси вилоят, ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, тадбирандешиҳои ниҳодҳои дахлдорро зери роҳбарӣ гирифтанд. Мошинҳои ёрии таъҷилии тиббӣ, гурӯҳи наҷотбахшону сарбозони раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, мутахассисони идораҳои замин ва кишоварзии вилояту ноҳия масъулиятҳои худро босифат анҷом доданд.
Барои мардуми бесарпаноҳ ва онҳое, ки манзилҳояшон зери хавфанд (дар маҷмӯъ бештар аз 160 хоҷагӣ), дар ҷойи бехавф, возеҳтараш дар саҳни муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 50 шаҳраки хаймаҳо (30 адад) ташкил шуд.
“Ҳукумати мамлакат шаҳрвандони бесарпаноҳмондаро танҳо намегузорад ва барои ҳарчи зудтар бартараф кардани оқибати ин офати табиат тадбирандешӣ мекунад”, - гуфт Д. Гулмаҳмадзода зимни суҳбат бо сокинон.
“Хушбахтона,талафоти ҷонӣ нест. Хонаҳо бошанд, барқарор хоҳанд шуд”, - гуфт Қ. Ҳакимзода.
“Дар хаймаҳо бо се вақт хӯроки гарм, кӯрпаю курпача, дегу косаю табақ ва дигар маводи зарурӣ таъмин ҳастем. Шукр, ки ягон мушкил надорем”, - иброз дошт Мири Олим, марде, ки заҳмати чандсолаашро аз даст дода буд.
Чуноне аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ хабар доданд, 10 май тариқи қуръапартоӣ дар як гӯшаи бехавфи ҳамон ҷамоат барои ҳар як хоҷагии бесарпаноҳмонда (19 хоҷагӣ) 10-садякӣ замин ҷудо карда шуд.
“Барои тезондани суръати сохтмон мо дар он заминҳо ҳам хайма мезанем. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, чуноне вазифадор шудааст, аз пайи таъмини масолеҳи сохтмонӣ аст. Ташкилотҳои ғайридавлатии байналмилалию дохилӣ низ дар ин амри хайр саҳм гузошта истодаанд”, - шарҳ дод Муродҷон Муйиддинов.
Зимнан, бо супориши Роҳбари давлат баъд аз зуҳри 11 май Қоҳир Расулзода, Сарвазири мамлакат, ба ҷойи ҳодиса, хонаҷойҳои навҷудошуда ва мавзеи будубоши муваққатии зарардидаҳо сафар карда, ҳамроҳ бо гурӯҳи корӣ таҳқиқи давом ёфтан - наёфтани фурӯравии замин, аз ҳама ҷиҳат барои зист мувофиқ будани заминҳои нав ва ҳолати беҳдоштию таъминот бо ғизоро анҷом дод.
“Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид медоранд, ки “мо дар ҳеҷ ҳолат мардумамонро танҳо намегузорем”. Ҳоло низ намояндаҳои ҳама вазоратҳо ин ҷо бо он мақсад ҳозир шудаанд, ки агар ягон мушкили шумо аз назари мо пинҳон монда бошад, онро бетардид зикр кунед ва мо албатта, роҳи ҳаллашро меҷӯем”, - гуфт Сарвазири мамлакат ба сокинони зарардида.
Самандари Искандар, сокини аз офати табиат зарардида, аз номи ҳамдеҳаҳояш баён дошт, ки ҳама сохторҳои давлатӣ ва чанде аз ташкилотҳои хайрия шабурӯз аз ҳолашон воқиф буда, намегузоранд, ки аз чизе танқисӣ кашанд. “Барои ин ҳама таваҷҷуҳи фаврӣ аз Сарвари ғамхори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосгузорем!”, - афзуд ӯ.
Ҳамин тавр, дар ҷараёни ҷаласаи васеъ роҳбарони вилоят, ноҳия, вазорату идораҳои дахлдор муваззаф шуданд, ки рафъи оқибатҳои офати табиатро дар фурсати муайян ба сомон расонда, сохтмони манзилҳоро бо сифати баланд ба роҳ монанд ва мардумро то замони баргузории маросими бурёкӯбон танҳо нагузоранд.
P.S: Ҳангоме ки матлаб ба чоп омода мешуд, аз раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон ба “Ҷумҳурият” хабар доданд, ки дар натиҷаи боронҳои рӯзи 11 май дар минтақаҳои Бохтару Кӯлоб низ хисороти молию ҷонӣ ба қайд гирифта шуда, аъзои Ситоди вилоятии бартарафсозии оқибатҳои ҳолати фавқулода ба таври сареъ дастбакор шудаанд.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.05.2021 №: 97 Мутолиа карданд: 755