номаҳо
АРЗИ СИПОС
Санаи 19 апрели соли равон, тахминан соатҳои 18:02 дақиқа, шаҳрванд Шабнам Сафарова, истиқоматкунандаи шаҳри Норак, аз Душанбе ба шаҳри Бохтар барои тамошо омада, дар натиҷаи беаҳамиятӣ ба канали обгузари Ҷайҳун афтод.
Ҳамин вақт ман дар наздикӣ қарор доштам. Барои наҷот додани ғарқшаванда дарҳол вориди канал шуда, ба тарафи ӯ шино намудам. Дар натиҷа, бо заҳматҳои зиёд Ш. Сафароваро аз дохили об берун бароварда, ёрии аввалини тиббӣ расондам. Аз ин ҳодиса кормандони раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон хабардор гардида, ба таври фаврӣ ба дастгоҳи марказии кумита гузориш доданд.
Санаи 26 апрел дар толори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён маҷлис баргузор гардид. Дар он муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник С. Исозода ва раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода ширкат варзиданд. Ҳама ҳайрон будем. Вале зуд маълум шуд, ки сабаби ба донишкадаи мо ташриф овардани онҳо ба ман аз номи раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, генерал – лейтенант Рустам Назарзода супурдани медали «Ҳамкорӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ» ва Ифтихорномаи раиси шаҳри Бохтар будааст.
Вақте номамро гирифта, дар ҳаққам суханҳои нек гуфтанду ин амалро шуҷоат ном бурданд, дар хиҷолат мондам. Зеро ман қаҳрамоние накардаам, ҳар касе дар ҷои ман мебуд, ҳамин корро мекард...
Мехостам тариқи рӯзномаи бонуфузи «Ҷумҳурият» арзи сипоси худро ба раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал – лейтенант Р. Назарзода расонам. Ҳамчунин, ташаккур ба раёсати кумита дар вилояти Хатлон, ки пайваста машғулият гузаронда, моро барои дуруст амал намудан дар ҳолатҳои фавқулода омода месозад.
Зафари НУРАЛӢ,
донишҷӯи Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар
ноҳияи Кӯшониён, истиқоматкунандаи деҳаи Гулистони
Ҷамоати деҳоти Сангтӯдаи ноҳияи Данғара
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.05.2021 №: 97 Мутолиа карданд: 10140