ҳуқуқ
ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО
ОДАМКУШӢ
Марде, ки се маротиба суд шудааст, ба ҷинояти вазнин даст зад
Як сокини шаҳри Душанбе, ки қаблан се маротиба суд шудааст, 15 май даст ба кирдори ҷинояткоронае зад, ки бо фоҷиа анҷом шуд.
Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ, аз боздошти ин шаҳрванд ба гумони қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ хабар дода, аз ӯ марди 41-сола ном мебарад, ки дар назди маркази савдои «Сафариён» - и пойтахт бо марди 47-солаи пойтахт моҷаро карда, ӯро шадидан лату кӯб намудааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Манбаъ таъкид мекунад, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
НАФС
Ду корманди Вазорати молия 4072232,77 сомониро тасарруф намуд
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ду корманди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки дар тасарруфи маблағи калон муттаҳам мешаванд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти агентӣ, Наргиз Рӯзиева, сардори шуъбаи муҳосиботи раёсати корҳои Вазорати молия, аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо мутахассиси пешбари ҳамин раёсат Тахмина Юсупова солҳои 2018 – 2020 бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ маблағи умумии 4072232,77 сомониро тасарруф намудаанд.
Дар ин асос, нисбат ба онҳо бо моддаҳои 245 қисми 4 банди «б» (азонихудкунӣ ё исрофкорӣ) ва 323 (сохтакории хизматӣ) Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтиши пешакӣ идома дорад.
ДУЗДӢ
Як сокини Истаравшан бо ин ҷурм дастгир шуд
Дар шаҳри Истаравшан аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 21 - солаи сокини Ҷамоати деҳоти Гули Сурхи ҳамин шаҳр ба гумони дуздӣ боздошт гардид.
Тавре сомонаи ВКД хабар дод, боздоштшуда 12 майи соли ҷорӣ бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии марди 51-солаи деҳоти Гули Сурх даромада, аз он ҷо 16 ҳазору 200 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳоло нисбат ба гумонбар бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ (дуздӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.05.2021 №: 97 Мутолиа карданд: 3894