иқтисод
НУРОБОД. АФЗОИШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ
Сокинони ноҳияи Нуробод бо шукргузорӣ аз пойдории суботу оромӣ дар Тоҷикистони азиз, ки аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, тамоми саъю талош, неру, иродаву матонати хешро баҳри татбиқ намудани ҳадафҳои созандаву бунёдкорона, корҳои ободонию созандагӣ ва сазовор истиқбол гирифтани 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона намудаанд.
Кишоварзӣ соҳаи асосии хоҷагии халқи ноҳия буда, сол ба сол ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ тамоюли болоравӣ дорад.
Дар самти баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, истифодаи тухмиҳои хушсифат, беҳсозии ҳолати мелиоративии заминҳо, зиёд намудани майдони кишти картошка ва ҳосилнокии он, боғҳо, алалхусус боғҳои интенсивӣ, бунёди инфрасохтори зарурии нигоҳдорӣ, бандубаст ва содироти меваю сабзавот, асал ва маҳсулоти чорво эътибори аввалиндараҷа зоҳир мегардад. То имрӯз дар майдони 2 га боғи нав бунёд ва 2 га боғи куҳна барқарор гаштааст.
Соли 2020 тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони кишти картошка 796 гектар зиёд гардид, ки дар маҷмӯъ, 1792 гектарро ташкил дод.
Имсол тибқи нақша дар майдони умумии заминҳои корами ноҳия, ки 3185 гектарро ташкил медиҳанд, 900 га картошка, 1127 га ғалладона, 250 га зироатҳои техникӣ, 165 га сабзавот, 730 га юнучқа ва 13 га кишти хӯроки чорво гузаронда мешавад. Бо мақсади сари вақт ба анҷом расондани маъракаи кишт тамоми техникаҳои хоҷагии қишлоқ сафарбар шудаанд.
Ҳамкории олимони Академияи илмҳои кишоварзии ҷумҳурӣ бо деҳқонони ноҳия дар сатҳи зарурӣ қарор дошта, дуруст ба роҳ мондани корҳои агротехникӣ дар мадди аввал меистад. Гурӯҳи олимон ҳамасола тариқи семинару машваратҳо ба деҳқонон оид ба тарзи шинондан, парвариши картошка, истифодаи дурусти заҳрхимикатҳо ба муқобили ҳашароти зараррасон маслиҳатҳои муфид медиҳанд.
Давоми семоҳаи аввали соли 2021 бонкҳо ба 44 кишоварз 596 ҳазор сомонӣ қарз додаанд.
Заҳматкашон баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ва афзудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз ҳар ваҷаб замин самаранок истифода намуда, умед доранд, ки аз иҷрои нақшаҳои дарпешистода бо сарбаландӣ мебароянд.
Дилшод АМИРОВ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.05.2021 №: 98 Мутолиа карданд: 1040