сиёсат
ВОХӮРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ХОНУМ АННА БЙЕРДЕ
19 май дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ хонум Анна Бйердеро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории кунунӣ ва дурнамои робитаҳои Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла аз тарафи Бонки ҷаҳонӣ давоми 28 соли шарикӣ маблағгузорӣ шудани 100 лоиҳа дар соҳаҳои гуногун, ба маблағи умумии 2,1 миллиард доллари амрикоӣ, изҳори қаноатмандӣ карданд.
Зимни мулоқот масъалаҳои вазъи Тоҷикистон дар давраи пандемияи COVID -19, таъсири он ба вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар, ҳамкории Ҳукумати Тоҷикистон бо шарикони рушд барои пешгирии бемории сироятӣ ва бартараф намудани пайомадҳои он, муҳокима гардиданд. Изҳори умед шуд, ки Бонки ҷаҳонӣ ҳамчун шарики боэътимоди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давраи ҳассос барои амалӣ намудани нақшаҳои минбаъдаи Ҳукумати кишвар дар самти бартараф намудани пайомадҳои пандемияи коронавирус ва таъмини рушди устувор саҳмгузор боқӣ мемонад.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо, ҳамчунин, масъалаҳои ҳамкории минбаъда дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, дастгирии буҷети давлатӣ, рушди бахши соҳибкорӣ, бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода ва офатҳои табииро баррасӣ карданд.
* * *
Хонум Анна Бйерде, ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ, пас аз мулоқот бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури хабарнигорон аз сатҳи кунунии ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ тавсиф ва аз таҳкими робитаҳои минбаъда изҳори хушбинӣ намуд.
- Бо Ҷаноби Президент мулоқоти хотирмону созандае доштем, ки умдатарин масоили ҳамкорӣ ва рушди минбаъдаи робитаҳои Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар меҳвари суҳбат қарор дошт. Дастгирии бахши тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳамкориҳои судманд вобаста ба рафъи оқибатҳои пандемияи COVID-19, дастрасӣ ба ваксинаҳо алайҳи бемории ҳамагир мавриди таваҷҷуҳ буд. Дар ин дидор, ҳамчунин, масъалаҳои таъмини рушди устувори иқтисодӣ, истифодаи имкониятҳои васеи Тоҷикистон оид ба истеҳсоли неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, - изҳор дошт ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ.
Хонум Анна Бйерде дар идомаи суҳбат бо хабарнигорон афзуд: «Бонки ҷаҳонӣ ба захираҳои бойи гидроэнергетикии Тоҷикистон, ки дар миқёси кишварҳои ҷаҳон мавқеи намоён дорад, таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, коркарди захираҳо ва истеҳсоли энергияи сабз дар ин кишварро афзал мешуморад, зеро он на танҳо ба манфиати Тоҷикистон, балки тамоми минтақа хоҳад буд».
Бо таъкиди ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ ин ниҳоди бонуфузи молиявӣ ҳамчун шарики қавӣ ва боэътимоди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оянда низ тарҳу барномаҳоеро амалӣ карданист, ки дар мубориза бо буҳронҳои эҳтимолӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва рушди иқтисодию иҷтимоӣ корсоз хоҳанд буд.
Фирӯз РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.05.2021 №: 99 Мутолиа карданд: 846