logo

иҷтимоиёт

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ. АЗ ПАЙИ МАКТУБИ ШАҲРВАНД

Ниёзӣ Кишваршоҳ Шомирзо, омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 7, сокини Ҷамоати деҳоти Иван-тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, дар мактубаш ба рӯзномаи “Ҷумҳурият” аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба ҳаллу фасли масоили иҷтимоии мавсуф: ҷудо кардани қитъаи замину бо таври ҳашар бунёд кардани манзили зист, додани як сар гову гӯсола, чанд оилаи занбӯри асал ва оиладор кардан аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки 20 августи соли 2019 дар мулоқот бо мардуми ноҳия шуда буд, бо гузашти наздик ду сол пурра иҷро намешавад. Аз марҳила ба марҳила иҷрошавии ин дастур ӯ қаноатманд нест ва бо исрор аз масъулони вилояту ноҳия талаб дорад, ки бояд барояш манзили замонавӣ созанду хонадораш кунанд.
Воқеан ҳам, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солиёни дароз мешавад, ки ҳини сафари корӣ ба ҳамаи манотиқи мамлакат самимона бо хурду калон суҳбат меороянду аз кору бор, вазъи иҷтимоии одамони касбу кори гуногун, нафақахӯрон, хоссатан муаллимону табибони ҷавон пурсон мешаванд ва ҷиҳати ҳалли мушкилиҳои мавҷудаашон ба масъулин дастур медиҳанд. Ин иқдомҳои хайрҳонаи Сарвари давлат ба анъанаи хуб табдил ёфтааст. Маҳз ба туфайли чунин вохӯриву мулоқотҳо садҳо мушкилу муаммоҳои ҷавонони соҳибистеъдод бевосита дар ҷояш ҳалли худро пайдо мекунанд.    
Бо суоли он ки чаро ғамхории Президенти мамлакат нисбат ба ин омӯзгори ҷавон дар ин ноҳия ба таъхир уфтода, боиси нигаронии муаллифи мактуб шудааст, ҷиҳати дарёфти посухи мушаххас хабарнигори рӯзнома дар вилояти Суғд озими ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ шуд.
Хайрулло Бобозода, раиси ноҳия, бо огоҳӣ аз мақсади сафари ман, дар иртибот ба мактуби Кишваршоҳ Ниёзӣ иброз дошт, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати пурра иҷро шудани дастури Сарвари давлат дар талош аст.
- Бо назардошти он ки ноҳия субвенсионисту ҳар як дирам маблағ зери назорат аст, тасмим гирифтем масъалаи иҷтимоии омӯзгори ҷавонро зина ба зина ҳаллу фасл кунем, - мегӯяд раиси ноҳия, - нахуст қитъаи замин ҷудо намудему баъдан як сар гов бо гӯсолааш дастрас кардем. Чанде қабл панҷ қуттӣ оилаи занбӯри асал ва барои бунёди манзил ба қадри имкон масолеҳи сохтмонӣ низ харидорӣ шуд ва бо мусоидтар омадани обу ҳаво, бо тариқи ҳашар ба сохтмон шурӯъ хоҳем кард.
Вале, омӯзгори ҷавон аз ин суръати иҷрои супориш қаноатманд нест. Ӯ пайваста ба мақомоти вилоятиву ноҳиявӣ муроҷиат дораду изҳори нигаронӣ. 
Ба андешаи раиси ноҳия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия аз иҷрои ин супориш ҳаргиз канораҷӯӣ накардааст, фақат бо назардошти имконот марҳила ба марҳила аз пайи иҷрои масоили Кишваршоҳ Ниёзӣ мебошад. Аз ин хотир, омӯзгор ҳам чун намояндаи яке аз табақаҳои пешқадами ҷомеа бояд ба хубӣ дарк кунад, ки иҷрои ҳама амал аз имконоти мавҷудаи  ноҳия бармеояду аз лиҳози нерумандии иқтисодӣ он нисбат ба дигар навоҳии кишвар маҳдудтар ва худ, ҳамзамон, дастнигар - дар ҳолати дотатсионӣ қарор дорад.
Вале, муаллифи мактуби шикоятӣ дар суҳбат бо мо бо овардани даҳҳо ҳуҷҷати посухи идораҳои вилоятию ноҳиявӣ изҳори ноумедӣ мекунаду ба ҳарфҳои раиси ноҳия ва мудири маориф эътимод надорад. 
- Ӯ ба ҳайси омӯзгори ҷавон касбашро дӯст медораду рисолаташро самимона ба иҷро мерасонад, - меафзояд мудири маорифи ноҳия, - мо низ  тасмим  дорем дар ҳашари бунёди манзили ҳамкасби ҷавонамон фаъолона иштирок намоем, то ин ки ҳамин сол ӯ соҳиби манзили замонавӣ шавад.   
Мулоқот бо масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ моро эътимод мебахшад, ки ҳамаи он масоили дар муроҷиати шаҳрванд Ниёзӣ Кишваршоҳ омада, моҳҳои наздик комилан ҳаллу фасл хоҳанд шуд.              
 
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.05.2021    №: 99    Мутолиа карданд: 604
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед