фарҳанг
ҲАНӮЗ ЗАНҶИРИ АСОРАТ ҚАВӢ БУД...
МИРЗО ТУРСУНЗОДА ДАРДОШНОИ МАРДУМИ ҲИНД
Мирзо Турсунзода, тавре ки маълум аст, моҳи марти соли 1947 барои иштирок дар Конференсияи адибони Осиё ва Африқо дар ҳайати намояндагони Иттиҳоди Шӯравӣ ба Ҳиндустон сафар дошт. Ин сафар аз сафарҳои дигараш ба мамлакатҳои хориҷӣ ба куллӣ фарқ мекард. Сафар дар вазъияте ба амал омад, ки дар саросари Ҳиндустони мустамликавӣ ҳаракатҳои миллӣ - озодихоҳӣ ба хотири дарёфти истиқлолият ба марҳилаи охирин мерасид. Вале он вақт ҳанӯз касе пешгӯӣ карда наметавонист, ки то марҳилаи охирин ҳамагӣ чор моҳ мондааст. Ҳанӯз занҷири асорат қавӣ буд, лекин ба ҳар ҳол димоғи ҳар ҳиндуи мубориз накҳати баҳори озодиро эҳсос менамуд. Мирзо Турсунзода бо боварии комил ҳамон вақт изҳор кард, ки он рӯз ҳатман мерасад:
Ҳукми вай имрӯз агарчи равост,
Пояи ин ҳукм вале бебақост.
Мирзо Турсунзода ба Ҳиндустон сафар карда, ба ин сарзамин на чун фиристодаи мамлакати шӯроҳо, шоир ва арбоби ҷамъиятию сиёсӣ нигоҳ кардааст. Пеш аз ҳама, вай ба мамлакате ва халқе рӯ ба рӯ мешуд, ки қариб ду аср боз дар он мустамликадорони англис ҳоким буданд. Ӯ ба мамлакате пой гузошт, ки дар он Амир Хусрави Деҳлавӣ, Мирзо Ғолиб, Бедил, Зебуниссо, Иқбол ва садҳо дигар адибони бузурги форсизабон умр ба сар бурдаанд. Худро дар кишваре дид, ки мардуми муъҷизакораш на ба сияҳрӯзию ғорату истисмор, балки ба эҳтирому аҳсант лоиқ буд. Худро дар дунёе дид, ки қасрҳои бошукӯҳу кулбаҳои вайрона, фаровонии сарвату тиҳидастӣ, фароғату истисмори дигаре паҳлу ба паҳлу буданд.
Силсилаи шеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон», ки дар натиҷаи ин сафари таърихӣ эҷод шудааст, на танҳо муайянкунандаи мавқеи шоири озодихоҳ, балки тасвири дарди дил, оҳи сӯзон, нигоҳи ғамангез, ҳоли тоқатфарсои миллионҳо ҳиндувони табассумгумкардаро баён менамояд. Ин ҳама дар шеъри «Меҳмони мағрибӣ» басо дақиқу таъсирбахш инъикос ёфтааст:
Нақл намоянд, ки аз ғарби тор
Кард сафар бандаи кибру виқор…
Омаду бар гардани ҳинду нишаст,
Ҳар чи ки мехост, гирифт ӯ ба даст.
Силсилаи шеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон» чунин як асари бадеиест, ки шоир дар он бадеиятро нигоҳ доштаасту ҳам ҳақиқатро дилсӯзона ба қалам додааст.
Мирзо Турсунзода дар давоми як моҳи сафари худ бо садҳо талбандаҳо рӯ ба рӯ шуд, вале мо дар тасвири шоир, пеш аз ҳама, на гадоҳо, балки инсонҳои аз ҳуқуқҳои худ маҳрумшударо мебинем:
Бидидам дар паси кӯҳи Ҳимолой,
Замини сабзу зархезе саропой.
Агарчи ганҷҳояш бебаҳоянд,
Валекин мардумони он гадоянд.
Бузургии шоиронро дар ҳама давру замон бо чунин ченаки инсондӯстии вай муайян мекунанд. Бузургии Мирзо Турсунзода низ маҳз дар инсондӯстии ӯ мебошад. Пеш аз он, ки шеъри «Сайёҳи Ҳинд»-ро рӯи коғаз биёрад, ба хонанда чунин муроҷиат дорад:
Ба ту хонандаи азиз, аз нав
Менамоям муроҷиат, бишнав.
Ба хаёли диёри Ҳиндустон
Ҳиндуи номуроди рӯи ҷаҳон.
Кишвари мардуми ҷигарпора,
Халқи бехонумони бечора,
Хоби шабҳои хуш ҳаром кунам.
Қиссаи хешро давом кунам.
Вақте ки шоир «Хоби шабҳои хуш ҳаром кунам» мегӯяд, ҳатман ҳамон суханҳои Муҳаммад Иқболро, ки «Баҳри инсон чашми ман шабҳо гирист» гуфтааст, ба ёд меорад. Ин гуна арз бепарвотарин хонандаро бетафовут намегузорад ва мо интизор мешавем, фаҳмем, ки кадом воқеа, кадом шахс, хулоса чи фикре, чи ташвише будааст, ки шоирро ором нагузоштааст, то онро баён накунад. Пеш аз ҳама, чун дар «Қиссаи Ҳиндустон», сухане аз қадру қимати инсон меравад. Инсоне, ки аз лиҳози ҷисмонӣ солим ва аз дигар ҳамҷинсони худ фарқе надорад, фақат якеро нодорӣ, дигареро бекасӣ, сеюминро ноилоҷӣ ба ҷое расондааст, ки тамоми самтҳои ҳаракат ба як манзил, ба манзили тан ба тақдир додану дар орзуи шаҳд заҳр чашидан мебошад. Ба ҷое мебарад, ки «якеро додаанд сад гуна неъмат, якеро қурси ҷав олуда дар хун». Дар ин шеър усули баён хеле ҷолиб ва таъсирбахш мебошад. Адиб ёдовар мешавад, ки Искандари Мақдунӣ, Васко да Гама, темуриҳо, лордҳои англис ва ғайра ба Ҳиндустон ба нияти ғорат кардани сарватҳои он омадаанд:
Хуб медонам, ки сӯи ин диёр
Н-омадӣ монанди қавми судхор.
Н-омадӣ то, то ки ҷаҳонгирӣ кунӣ,
Зулми нав бахшию ҷонгирӣ кунӣ.
Ба Ҳиндустон омадани афғонбачаро аз Кобул ёдовар мешавад. Афғонбачаро тамоми бисоташ фақат як қуттӣ бо лавозимоти пок кардани кафши пайсадорон. Писарбачаро хаёли як пора нон пайдо кардан ба ҳар ҷониб мебарад. Ӯ ҳоло бехабар аз он чизест, ки шоир бе пардапӯшӣ бисёр равшан гӯшрас кардааст:
Бахти ту дар ин диёри бепаноҳ
Худ сияҳ буд боз бадтар шуд сиёҳ.
Дар хиёбон улфати ғам мешавӣ,
Пеши пои нокасон хам мешавӣ.
Инсондӯстии Мирзо Турсунзода дар дигар шеъри ӯ «Дар орзуи ошён» низ, хеле равшан аён мешавад. Ин дафъа диққати шоирро мардумони бе сарпаноҳ ба худ ҷалб кардааст. Мирзо Турсунзода шояд то ба Ҳиндустон сафар карданаш ҳеҷ гумон намекард, ки кӯча ҷои хоби одамон бошад, вале дар чунин кишвари дорои сарватҳои бебаҳо чунин ҳолатро дида, ниҳоят мутаассир шудааст ва аҳволи тоқатфарсои инсони мискинро дилсӯзона ба қалам дода:
«Чаро дар кишвари худ ошёне
Ҳама паррандагон доранду мо не?
Уқобон дар фазои кӯҳсорон
Барои худ ҷаҳон доранду мо не?»
Шоир дар тааҷҷуб аст, ки «Ҳама деҳқону фарзанди заминанд, валекин дар замин ҷое надоранд».
Дуздони сарвати Ҳиндустонро Мирзо Турсунзода дар шеъри «Рӯди Ганг» низ ба қалам додааст. Дарёи Ганг – ин дарёи муқаддасро ҳазорон адибони Ҳинд васф кардаанд. Турсунзодаро ҳадаф ин нест, ки танҳо бузургӣ ва муқаддас будани онро ба назм орад. Шоир дарёи Гангро ба таври дигар ҳамчун шоҳиди безабоне тасвир кардааст, ки солҳо ғорати ғоратгаронро мебинаду ноилоҷ хомӯш аст. Дар назари шоир аз ҳамин сабаб Ганг ғамангез ҷорист:
Кардаанд одамони бадкирдор
Як пули оҳанин ба душат бор.
Рӯзу шаб аз сарат кунанд убур
Корвонҳо ба сӯи Ғарби дур…
Мебаранд ҳусни навбаҳоратро,
Вопасин тухми киштзоратро.
Мебаранд шири модарони туро,
Ризқи бечора кӯдакони туро.
Аксарияти адибони Ҳиндустон, ки дар нимаи аввали асри ХХ ба сар бурдаанд, ҳатман ба мавзӯи озодию истиқлол рӯ оварда, барои бедор намудан ва ба мубориза даъват кардани мардумони Ҳинд асарҳои ҷудогона ва ё ҳеҷ набошад ягон шеъре ё ҳикояе навиштаанд. Мирзо Турсунзода чун шеъри «Тара Чандрӣ» - ро бо чунин мисраъҳо “Ту, эй фарзанди маҳбубу диёру кишвари бебахт, Сияҳчашму сияҳабрӯ, сияҳмӯ духтари сарсахт» ба охир мерасонад, ошкор мешавад, ки адиби тоҷик бо адибони ватандӯст ҳамовоз аст ва ҳарчанд мафтуни рақси ин раққосаи машҳур шуда бошад ҳам, ӯро сарсахтии миллату бадбахтии кишвари Ҳиндустон маъюс мекунад. Вақте шоирро дар Ҳиндустон дар майдони ҳавоӣ гусел мекунанд, аз забони шоир он чи дар фароварди шеъри «Тара Чандрӣ» баён шудааст, ин ҷо боз баландтару равшантар ба гӯш мерасад. Чеҳраҳое, ки шоир ин ҷо тасвир мекунад, дар маҷмӯъ, тамоми Ҳиндустон аст.
Илова кардан ба маврид аст, ки Мирзо Турсунзода то охири умри худ дар Тоҷикистон бештар тарҷумаю нашр шудани асарҳои адибони Ҳиндустонро ҳамеша дастгирӣ мекард. Худи шоир соли 1958 дар шумораи ҳафтуми маҷаллаи «Шарқи сурх» дар бораи шоираи Ҳинд Прабҳаҷут маълумот дода, шонздаҳ шеъри ӯро пешкаши хонандагон кардааст. Агар гӯем, ки ҳиндшиносии тоҷикро дар нимаи дуюми асри ХХ маҳз Мирзо Турсунзода оғоз бахшидааст, ҳеҷ иштибоҳе нахоҳад шуд.
Ман дар сафарҳои худ ба ин кишвари ба мо дӯст бо як қатор адибону олимони шинохтаи Ҳиндустон, аз ҷумла бо профессорон Намвар Синҳ, Кошинатҳ Пандито, Мансура Ҳайдар, адибон Саҷҷод Зоҳир, Камлешвар, Раҷендра Ядав, Носира Шарма, ҳамсуҳбат шудам. Ҳамсуҳбатони ман ин қадар бо шавқ ва бо эҳтиром аз Садриддин Айнию Мирзо Турсунзода ёдовар мешуданд, ки гумон мерафт ин адибон фаpзандони Ҳиндустон бошанд.
Ҳабибулло РАҶАБОВ,
мудири шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ
ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои
давлатҳои Осиё ва Аврупо
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.05.2021 №: 99 Мутолиа карданд: 977