logo

фарҳанг

МИРЗО ТУРСУНЗОДА ВА МИХАИЛ ТАЛ

Шоҳмот - бозии қадимаи мардуми ориёӣ ва машҳури имрӯзаи олам дар ҳаёти устод Мирзо Турсунзода  ривоятҳои зиёдеро ба бор овардааст. Аз хотираи бисёре аз шоиру нависандагони замони шӯравӣ маълум мегардад, ки устод ин бозии миллиамонро бисёр дӯст медоштааст ва дар ҳолати бохт малӯл низ мешудааст. Дар чунин ҳол, ба андешаи банда, самимияти устод Мирзо Турсунзода, ки дар ҳаёти ҳаррӯзаи хеш ба ҷомеа, ба миллат, ба шогирдон, ба шеъри тоҷик дошт, пеши назар меояд. Ба пиндори фақир, чунин самимияти устод нисбат ба бозии шоҳмот низ хос ҳаст. Устод бо ҳарифони зиёде, ки бархе аз онҳо ходимони намоёни давлатӣ, фарҳангӣ ва касбу корҳои гуногун буданд, бозӣ карда, шаҳди ғалабаро чашидааст ва табиист, ки бархе аз вохӯриҳоро бохтааст. 
 
Устод на танҳо бо қаҳрамони ҷаҳон Тигран Петросян, балки бо дигар нобиғагони бозии шоҳмот низ неру санҷидааст. Аз китоби хотираҳои нависанда Михаил Левин маълум мегардад, ки устод Турсунзода бозии шоҳмотро дӯст медоштааст ва боре дар сафар дар шаҳри Москва дар меҳмонхонае, ки ҷой гирифта буд, омада мебинад, ки ҳамсояи ӯ зӯр зада дари ҳуҷраи худро кушоданист, лекин натавониста истодааст. Устод ба ин ҳамсояи ношиносаш рӯ оварда мегӯяд, ки сирри ин қулфҳои англисиро ӯ медонад ва дари ҳуҷраи хобашро  кушода медиҳад. Баъдан устод, чун меҳмоннавоз буд, ҳамсояи навашро ба меҳмонӣ даъват мекунад. Устод барои меҳмон дастархон кушода, коняки тоҷикӣ мерезад ва дар омади гап мепурсад, ки оё ӯ шоҳмот бозида метавонад? Баъди шунидани ҷавоби тасдиқкунанда устод хурсанд шуда муҳраҳоро барои бозӣ омода месозад. Ба нею нестони меҳмон нигоҳ накарда иброз медорад, ки барои дилгармӣ 1 - 2 даст бозӣ мекунанд.
"Ҳеҷ гапе нест, натарсед ман он қадар шоҳмотбози зӯр нестам", - мегӯяд устод Турсунзода. Баъди чанд гашт устод пай мебарад, ки ӯро бохт интизор. Аз ин рӯ, қувваозмоии дуюмро оғоз мекунад. Вале дар ҳамаи бозиҳо шикаст мехӯрад. Меҳмон аз ҷояш хеста мегӯяд: «Мирзо Турсунович, зиқ нашавед, Шумо ба Михаил Тал бозиро бохтед!».
Аз ин суханҳои меҳмон устод ба ханда омада, дасти чемпионро мефишорад. Он вақт Михаил Тал шоҳмотбози овозадор ва чемпиони ҷаҳон буд. Баъдан, устод вақти бозиҳои шоҳмот ин вохӯрии ғайриодии худро бо Тал ба ёд оварда, иброз медоштааст, ки ӯ бо чемпиони ҷаҳон Михаил Тал бозӣ кардааст. Чунин вохӯриҳои аҷиб дар силсиласафарҳои устоди гаронмоя Мирзо Турсунзода зиёданд.
 
Варқаи ЗАЙНИДДИН, шаҳри Бохтар
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.05.2021    №: 99    Мутолиа карданд: 1013
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед