logo

иҷтимоиёт

ТАШАББУСЕ, КИ АЗ ОН БОЯД ГУФТ

Имрӯз анъана шудааст, ки соҳибкорони саховатпешаи  мо ба хотири пешрафти минбаъдаи Ватани азизамон ва фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда барои сокинони кишвар дар доираи қобилияту қудраташон талош варзанд.
Дар ноҳияи Фархор низ бисёр соҳибкорон ба рушди деҳот, алалхусус, соҳаи маориф, саҳми арзанда гузоштаанд. Аз ҷумла, Хуршед Нозимов  бо маблағи зиёда аз 26 миллион сомонӣ муассисаи таълимии хатмнамудаи худро аз нав бунёд кард. 
Ӯ хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2 мебошад. Бо сабаби камбудиҳои зиёд дар муассиса, ҳангоми дар мактаб хондан мегуфтааст, ки имкон ёбад дабистонро аз дигар месозад. Ва имрӯз бо даст додани имкони мусоид, ба қавли худ вафо кард. Соҳибкори саховатпеша, бо вуҷуди фаъолияташро дар Австрия идома додан, барои пешрафти кишвари хеш саҳм мегузорад, зеро худро фарзанди ин сарзамин медонаду вазифаи шаҳрвандии хешро дар ободонии диёр мебинад. Соли 2013, ҳангоме ки Сарвари давлат ба  ноҳияи Фархор сафар намуданд, барои сохтмони бинои МТМУ  № 2 санги асос гузоштанд ва сохтмони онро Хуршед Низомов ба уҳда гирифт. Сохтмон соли 2014 оғоз гардида, ҳоло бо тамоми шароити таълимӣ пурра барои қабули хонандагон омода аст.
Таълимгоҳи сеошёна иборат аз 34 синфхона буда, барои 2000 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Синфхонаҳои фаннии химия, физика, биология, компютерӣ ва таълими меҳнат бо асбобу анҷоми лабораторӣ, дастгоҳҳои таҷрибавию омӯзишӣ таъмин гардидаанд. Толори варзиш,  маҷлисгоҳ, китобхона низ барои дар сатҳи баланд гузарондани машғулиятҳо мувофиқат мекунанд. 
- Нуқтаи муҳим ин аст, ки муассисаи таълимии мазкур се таълимгоҳи дигари ноҳияро аз таҳсил дар се баст озод мекунад, ки ин воқеан, барои хонандагон туҳфаи арзанда мебошад, - гуфт Хайрулло Шоҳимардонзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Фархор.
 
Лола РИЗОӢ, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.05.2021    №: 99    Мутолиа карданд: 617
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед