иҷтимоиёт
Р О Ғ У Н. ЧАШМАИ КУЛЛО КАЙ СОҲИБИ МАЙДОН МЕШАВАД?
Имрӯзҳо барои пешвози сазовори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраку деҳоти кишвари азизамон эъмору навсозии толору майдончаҳои варзиш бомаром ҷараён доранд. Вале, мутаассифона, бояд тазаккур дод, ки дар деҳаи Чашмаи Куллои деҳоти Қади Оби шаҳри Роғун сохтмони майдони варзиш ба нақша гирифта нашудааст.
Мардуми деҳа аз набудани иншооти варзиш, аз қабили майдонҳои футбол, валейбол ва баскетбол танқисӣ мекашанд. Ҷавонони деҳа иброз доштанд, ки борҳо ба ҷамоат доир ба ин масъала муроҷиат карданд, вале он бе натиҷа монд.
Аз вазъи деҳот ва мушкилоти ҷавонон бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Роғун огаҳ аст. Дар робита ба ин, Олимшоҳ Ҷамолзода, мудири бахш, дар суҳбат иброз дошт, ки дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳотҳо бояд майдончаҳо бунёд шаванд. Вале, ба ҷашни миллӣ наздик ба панҷ моҳ мондаасту вале дар ин ҷода то ба ҳол пешравие ба назар намерасад. Бо назардошти шароите, ки имрӯз дорем, бунёди майдончаи футбол кори чандон душвор нест. Таҷриба собит намудааст, ки айни замон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатпеша таъмиру навсозии майдончаҳои варзиш ба ҳукми анъана даромадааст. Аммо, ҳанӯз ҳам аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ барои бунёди як майдонча иқдоме гирифта нашудааст.
Ҷавонони деҳот мегӯянд, ки имрӯзҳо ба хотири бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол ба дигар деҳаҳои шаҳр мераванд, ки ин аз як тараф ноқулай аст, аз ҷониби дигар боиси норозигии ҷавонони деҳаҳои дигар мегардад. Аз ин рӯ, хоҳони онанд, ки мисли дигар деҳаҳо майдони футбол дошта бошанд.
Боздиди мо аз ҷамоати мазкур нишон дод, ки ин мушкилот на дар як деҳа, балки дар аксари деҳаҳои ин ҷамоат дида мешавад. Ба ин хотир, роҳбарияти ҷамоатро мебояд, ки ҷиҳати зудтар бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта чораҳои зарурӣ андешанд.
З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.05.2021 №: 99 Мутолиа карданд: 1022