иҷтимоиёт
МИРЗО ИСМОИЛЗОДА: “ИХТИРОЪКОРОН ҶИҲАТИ ДАСТГИРИИ МОЛИЯВӢ МУРОҶИАТ НАМЕКУНАНД”
Пас аз соҳибистиқлол гардидани кишвар давраи бозсозии соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ оғоз гардида, асосҳои институтсионалию вазифавии бахшҳои иқтисодиёт мукаммал гардонда шуданд.
Дар ин замина, ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, самти ҳуқуқи муаллиф ба Вазорати фарҳанг ва масъалаҳои навъҳои нави рустаниҳо ба Вазорати кишоварзӣ вогузор гардиданд. Дар робита ба бурду бохти фаъолияти ин марказ директори он Мирзо Исмоилзода андешаҳояшро чунин баён намуд:
- Мақсади асосии ба даст овардани патент ба ихтироъ, пеш аз ҳама, онро дар истеҳсолот татбиқ намуда, аз он фоида ба даст овардан аст. Вақте ихтироъкор аз ихтирои худ фоида ба даст меорад, боз кӯшиш менамояд, ки ихтироашро такмил диҳад ё дар тавлиди дигар ихтироъ саҳм гузорад.
Имрӯз ихтироъкороне ҳастанд, ки пас аз гирифтани ҳуҷҷати ҳифозатӣ дигар барои татбиқи он дар истеҳсолот кӯшиш ба харҷ намедиҳанд. Дар натиҷа, ихтироъ рӯи коғаз монда, аз он самарае ба даст намеояд. Албатта, пеш аз ҳама, масъалаҳои молиявӣ садди роҳи ихтироъкор мегарданд. То ҳол ягон ихтироъкор ҷиҳати дастгирии молиявӣ ё татбиқи ихтирои худ дар истеҳсолот ба муассиса муроҷиат накардааст.
Аз ҷониби муассиса ҳуҷҷати меъёрие қабул шудааст, ки мутобиқи он ихтирое, ки аз лиҳози иқтисодӣ муфид аст ва дар саноат хусусияти татбиқшавандагӣ дорад, хароҷоти он аз ҷониби муассиса ҳамчун имтиёз пардохт мешавад. Албатта, чунин ихтироъҳо аз экспертизаи давлатӣ мегузаранд ва аз ҷониби комиссияи босалоҳият омӯхта, барои бақайдгирӣ ва имтиёз тавсия мешаванд.
Муассиса 2 маротиба дар мавзӯи «Муаррифии ихтироот ба истеҳсолот» ҳамоиш баргузор намуд, ки яке аз ҳадафҳои он мусоидат ба саноатикунонии босуръати кишвар, татбиқи илм дар истеҳсолот ва ҳавасмандгардонии ихтироъкорон мебошад. Дар ҳамоишҳо муаррифии ихтироъҳо дар се бахш сурат гирифт, ҳар бахш, аз ҷумла бахши якум- тиб ва байторӣ, бахши дуюм - химия, металлургия, физика, барқ ва бахши сеюм- кишоварзӣ, механика, нассоҷӣ, сохтмон ва корҳои кӯҳӣ, дар маҷмӯъ, 78 ихтироъ муаррифӣ шуд. Дар ҳамоишҳои мазкур 92 намояндаи вазорату идораҳо, ширкатҳо ва бахши хусусӣ ширкат варзид.
Дар маҷмӯъ, тибқи таҳлилҳо ва санади татбиқи ҳуҷҷатҳои ҳифозатӣ ба КИТ маълум гардид, ки дар рафти корҳои илмӣ - таҳқиқотӣ (дар самти ихтироъ), 55 нахустпатент (Ҷумҳурии Тоҷикистон), 1 патент ба ихтироъ (Федератсияи Россия), 23 шаҳодатномаи ҳуқуқи селексионер (дар самти навъҳои нави рустаниҳо, Ҷумҳурии Тоҷикистон), 10 шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии барнома барои мошинҳои электронии ҳисоббарор (МЭҲ, Федератсияи Россия), 8 шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии захираҳои иттилоотӣ (Ҷумҳурии Тоҷикистон) дар амал татбиқ гардидаанд.
Бо мақсади баланд бардоштани мавқеи маҳсулоти ватанӣ дар арсаи байналмилалӣ ва муаррифии дастовардҳои истеҳсолии кишвар муассиса Озмуни ҷумҳуриявии «Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон барои солҳои 2019-2020» - ро эълон намуда буд. Озмуни мазкур маротибаи 13-ум аст, ки гузаронда шуда, қабули ҳуҷҷатҳои довталабон аз 2 январ оғоз гардида, 19 марти соли ҷорӣ ба анҷом расид. То санаи ниҳоии қабули ҳуҷҷатҳо 51 нафар бо 117 ихтироъ барои иштирок дар озмун ҳуҷҷат пешниҳод намуд.
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷиҳати муаррифии дастовардҳои навоварон ва ихтироъкорони кишвар ва соҳибкорон дар давраи истиқлолият як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла конфронси минтақавӣ, намоишгоҳи дастовардҳои ихтироъкорон, Форуми ихтироъкорон ва навоварон, Озмун-фестивали ҷумҳуриявии «Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон», озмуни “Ихтироъкори беҳтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон», озмуни ҷумҳуриявии «Бренди сол» баргузор мегарданд, ки ба рушди соҳаи саноат ва, умуман, моликияти зеҳнӣ мусоидат карда истодааст.
Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ 22 нафар ихтироъкори Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби медали тиллоии Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ, 13 нафар соҳиби медали тиллои ба номи В. И. Блинникови Идораи патентии авруосиёӣ барои саҳмгузорӣ дар фаъолияти ихтироъкорӣ ва патентӣ ва 26 нафар ихтироъкори ҷумҳурӣ соҳиби «Нишони фахрӣ»-и Идораи патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд.
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Занҳои ихтироъкори ҷаҳон», ки ҳамасола дар шаҳри Сеули Корея баргузор мегардад, 47 ихтирои 37 бонуи кишвар сазовори 18 медали тилло, 18 медали нуқра ва 13 медали биринҷӣ гашт.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.05.2021 №: 99 Мутолиа карданд: 632