logo

иҷтимоиёт

ВМКБ. ҶАВОНОН ПАЙРАВОНИ АСИЛИ ПЕШВОИ МИЛЛАТАНД

Аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ ва, махсусан, пас аз барқарор намудани ҳукумати конститутсионӣ дар мамлакат давлату Ҳукумати Тоҷикистон масъалаи ҷавононро дар радифи дигар соҳаҳои муҳим, дар меҳвари сиёсати давлатии худ қарор дода, пеш аз ҳама, таҳкурсии ҳуқуқӣ ва пояҳои сохтории онро таъсис ва таҳким карданд. 
 
Дар ҳамин радиф, тӯли сӣ соли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аст, ки сиёсати ҷавонон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳти таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бо дастгириҳои ҳамешагии Роҳбари давлат чандин иншооти соҳавӣ дар шаҳру навоҳии вилоят ба истифода дода шуданд. Аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани вилоят ба ҷавонон ҳам имконият фароҳам овард, ки бобати рушду ривоҷи соҳаи соҳибкорӣ лоиҳаҳои зиёдро амалӣ намоянд. Нисфи зиёди соҳибкорони  муваффақи вилоятро ҷавонон ташкил дода, дар соҳаи хизмати давлатӣ ва мақомоти намояндагӣ афзалият дар дасти онҳост. 
Бадахшон бо захираи зеҳнии худ шуҳратёр аст ва имрӯз ҳам зарфияти интеллектуалии он, бахусус байни ҷавонон, теъдоди зиёдро  ташкил медиҳад. Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев, Институти илмҳои гуманитарии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба номи академик Б. Искандаров, Институти илмҳои биологии "Помир” ба номи академик Худоёр Юсуфбеков аксарияти омӯзгорону кормандони илмӣ, ҳайати олимону пажӯҳишгаронро насли ҷавон ташкил медиҳад. Дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ низ олимону муаллимони ҷавони тоҷик ба донишҷӯёни хориҷию ватанӣ таълим медиҳанд. Бештари мутахассисони ташкилотҳои байналмилалии мустақар дар вилоят хатмкардагони донишгоҳҳои худӣ мебошанд. 
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаи маориф ва тандурустӣ садҳо иншооти нав мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд ва имрӯз онҳо дар хизмати ҷомеа, аз ҷумла насли ҷавонанд. Фаъол гардидани муассисаҳои нави таълимӣ, аз ҷумла Муассисаи давлатии «Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат», литсейи Оғохон ва коллеҷи тиббӣ дар шаҳри Хоруғ, мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ, литсейи касбӣ-техникӣ барои ашхоси имконияташон маҳдуд дар ноҳияи Рӯшон ва литсейи касбӣ-техникӣ дар ноҳияи Шуғнон ва даҳҳо муассисаи дигари соҳавӣ шаҳодат аз он медиҳанд, ки чи қадар дар замони соҳибистиқлолии кишвар соҳаи маориф рушд намуд. Ҳамасола зиёда аз 80 фисади хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ тавассути Маркази миллии тестӣ ба донишгоҳу донишкадаҳо дохил мегарданд, ки ин нишондиҳандаи беҳтарин дар ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. Танҳо соли ҷорӣ толибилмони вилоят дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ  байни синфҳои 11 понздаҳ медал ба даст оварданд, ки панҷтои он тилло мебошад. Ғолибияти шогирдони макотиби вилоят дар озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”  ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” бармало нишон дод, ки ҷавонони вилоят аз роҳнамоиҳои Пешвои муаззам баҳравар гардида, дар гулгулшукуфии Тоҷикистони азиз саҳми бориз мегузоранд. 
Бо мақсади дастгирии оилаҳои ҷавон Қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон» ба тасвиб расид, ки даҳҳо оилаи ҷавон бо қитъаҳои замин таъмин гашта, аз маблағҳои қарзии имтиёзнок баҳра бурданд. 
Танҳо дар ду соли ахир варзишгарони вилоят дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва чемпионатҳо сазовори 187 медал (35 тилло, 62 нуқра ва 90 биринҷӣ) гардиданд. Ҳамчунин, варзишгарони мо  дар чанд  мусобиқаи байналмилалӣ низ муваффақона иштирок намуданд. Аз теъдоди умумии онҳо наздик ба сад нафарро варзишгардухтарон ташкил медиҳанд.
Сафарҳои кории Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилоят ҳамеша  навовариҳои  зиёдро дар  пай доранд. Соли гузашта низ, қатъи назар аз вазъи эпидемиологӣ, мардуми вилоят, махсусан ҷавонон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо рӯҳияи баланд пешвоз гирифтанд. Дар доираи ин сафар наздик ба 50 иншоот ба истифода дода шуд. Бештари иншоот хусусияти иҷтимоӣ дошта, маҳз барои наврасону ҷавонон пешбинӣ гардидаанд. 
Дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба ҷавонон барои дастгириҳояшон аз сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуданд. Дар ҷавоб ба чунин қадрдониҳо, бори панҷум аст, ки родмардони ҷавони вилоят дар рӯзи нахустини даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаро сарбаландона иҷро карда, бо хоҳиши худ ва иродаи қавӣ ба  хизмати Ватан – Модар рафтанд.
Дар вилоят ташкилотҳои ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат” ва “Созандагони Ватан” фаъолияти густурда дошта, аъзои онҳо ба симати волонтёр дар ташкилу баргузории маъракаю чорабиниҳо дастёри мақомоти маҳаллӣ буда, ба шахсони ниёзманд пайваста кумак мерасонанд.
Соли 2020 бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ Фестивали минтақавии дӯстии ҷавонони вилоят дар самти тарбияи ватандӯстиву ватанпарастӣ баргузор шуд. Ҷавонон аз иншооти азим, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардиданд, дидан намуданд. Инчунин, ҷавонон зимни вохӯриҳо дар қисмҳои ҳарбӣ бори дигар садоқати худро ба Ватан – Модар баён дошта, ба сарбозон  лавозимоти варзишӣ тақдим карданд. 
Имсол мардуми соҳибдавлату соҳибтамаддуни тоҷик 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегирад. Дар ин замина, дар шаҳру навоҳии вилоят омодагиҳо ҳамаҷониба идома дошта, ҷавонон, чун неруи пешбарандаи ҷомеа, баҳри истиқболи сазовори ин иди фархунда саҳми арзанда мегузоранд.
 
 
Ёдгор ФАЙЗОВ, 
муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 
раиси ВМКБ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.05.2021    №: 100    Мутолиа карданд: 814
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед