logo

фарҳанг

ФЕСТИВАЛ – ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ТЕАТРҲОИ КАСБӢ «ПАРАСТУ – 2021» ОҒОЗ ГАРДИД

Маросими ифтитоҳи фестивал шоми 19 май дар саҳни Театри давлатии академӣ - драмавии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ботантана доир шуд. Дар ин чорабинии муҳими фарҳангӣ устодону донишҷӯён, муҳаққиқон ва дар маҷмӯъ дӯстдорони театр ширкат намуданд. Ин шом саҳни театр намои идона дошт.
Обид Назариён, муовини аввали вазири  фарҳанги кишвар, ҳадафи фестивал - озмунро  дар рушди драматургияи миллӣ, санъати театрии кишвар, таҳияи асарҳои баландмазмуни ватанӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии коргардонҳо, ҳунармандон, рассомону оҳангсозон арзёбӣ намуда, аз ҷумла гуфт: « Ҳамоиши имсолаи аҳли театри тоҷик ба Ҷашни фархундаи 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ, соли эълон гардидани Душанбе – пойтахти фарҳангии кишварҳои  аъзои ИДМ ва ба 80 - солагии  Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ато Муҳаммадҷонов бахшида мешавад».
Фестивал бо намоиши «Булбули Хуҷанд», ки онро ҳунармандони  Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд  аз рӯи  асари Т. Озарахш  рӯи саҳна овардаанд, оғоз гардид.
Мавриди зикр аст, ки имсол бори нахуст даври аввали фестивал-озмун дар шаҳру вилоятҳои кишвар баргузор гардид ва сипас, дар шаҳри Душанбе натиҷагирӣ шуд. Дар ниҳоят 11 театри касбии ҷумҳурӣ  бо беҳтарин намоишҳои солҳои  2019 -2021 рӯи саҳна овардаашон ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Рӯзҳои минбаъда ин намоишҳо дар театрҳои пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе манзури дӯстдорони санъати театрӣ мегарданд.
Тибқи нақша дар ҷараёни баргузории фестивал-озмун ду мизи мудаввар: «Ато Муҳаммадҷонов – арбоби барҷастаи санъати касбии тоҷик» ва “Вазъи кунунии театрҳои Тоҷикистон” баргузор мегардад. 
Зимнан, Фестивал озмуни театрҳои касбӣ – «Парасту» анъанавӣ буда, дар ду сол як маротиба баргузор мегардад ва  дар он тамоми театрҳои касбии кишвар  ширкат менамоянд.
Фестивал то 25 – уми май идома ёфта, маросими ҷамъбасти он дар Театри давлатии академӣ - драмавии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад.
 
Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.05.2021    №: 100    Мутолиа карданд: 1212
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед