сиёсат
МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО ҶАВОНОНИ КИШВАР
21 май дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи наку дар Рӯзи ҷавонон бо намояндагони ҷавонони мамлакат мулоқоти самимию созанда анҷом доданд.
Нахуст Сарвари давлат ҳамаи ҷавонони саодатманди кишварро ба ифтихори Рӯзи ҷавонон, ки ҳамасола 23 май дар саросари мамлакат ба таври шоиста ҷашн гирифта мешавад, табрику таҳният гуфтанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таърихи таъсиси ҷашни Рӯзи ҷавонон, сиёсати давлатии ҷавонон ва дастгирии рӯзафзуни онҳо чун такягоҳи боэътимоди давлат, андеша ронда, ҳадафи мулоқотро таҳлили вазъи соҳа, ҳидояти насли оянда дар роҳи созандагию ободонӣ ва илму касбомӯзӣ маънидод намуданд.
Таъкид гардид, ки ҳанӯз аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва ба фаъолият оғоз намудани Ҳукумати қонунӣ кор бо ҷавонон аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок ва муҳимтарини сиёсати давлат эълон шуд, зеро таваҷҷуҳ ба ҷавонон ғамхорӣ барои ояндаи миллати тоҷик ва таҳкими неруи давлати Тоҷикистон мебошад.
Зимни таҳлили дастовардҳои соҳа давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳалли мушкилоти ҷавонон, роҳандозии тадбирҳои амалӣ вобаста ба тақвияти фаъолияти онҳо дар ҷомеа, таъмини иштироки фаъоли ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар ниҳоди ҳар як намояндаи насли имрӯза давра ба давра иқдомоти мушаххасро амалӣ намуд.
“Мо ҷавононро неруи созандаву бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеаи навини кишварамон ва ояндаи халқамон эълон кардем ва дар ҳалли ҳамаи масъалаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат то имрӯз ба онҳо такя мекунем”, - таъкид доштанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Дар баромади худ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба амалисозии чораҳои мушаххаси роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар, аз ҷумла ташаккули заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ташкиливу инфрасохтории сиёсати давлатии ҷавонон, қабули даҳҳо санади меъёрии ҳуқуқӣ, ҳаллу фасли маҷмӯи масъалаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии бевосита ба ҷавонон дахлдошта, тадбирҳои баланд бардоштани шавқу завқи ҷавонон ба омӯхтани илму дониш, пеш аз ҳама, илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ, кашфиёту навоварӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии онҳо ва ҳавасманд гардондани ҷавонони болаёқату соҳибмаърифат бо роҳи таъсиси стипендия ва ҷоизаҳои гуногун, таъсиси квотаҳо барои таҳсили ҷавонони лаёқатманд дар дохил ва хориҷи мамлакат, андешаҳои ҷолиб баён намуданд.
Ҳамчунин, дар доираи сиёсати давлатии дастгирии ҷавонон барои баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои ҷавонон ва иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар соли 2015 дар назди Президенти Тоҷикистон Шӯрои миллии кор бо ҷавонон таъсис дода шуд.
Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, дар бораи дастовардҳои ҷавонони кишвар дар соҳаи илму маориф ва варзиш, андеша ронда, дар назди Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм, Кумитаи ҷавонон ва варзиш ва падару модарон барои тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Роҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар сохтору мақомоти давлатӣ вазифадор гардиданд, ки тавассути ворид кардани технологияҳои пешрафта ва таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ барои ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ҳарчи бештар бо шуғл таъмин кардани ҷавонон, бахусус дар деҳот тадбирҳои иловагӣ андешида, ҳар моҳ ярмаркаи ҷойҳои холии кориро баргузор намоянд.
Тавре ки дар Паёми Президенти мамлакат зикр гардид, ғамхории пайваста дар ҳаққи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии онҳо яке аз муҳимтарин вазифаҳо ба ҳисоб меравад. Таъминоти иҷтимоии ҷавонон, аз ҷумла дастгирии ятимони кулл ва аз оилаҳои камбизоат, ҷавонони имконияташон маҳдуд ва бекор самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ муқаррар гардидааст, чунки ин гурӯҳи осебпазир, пеш аз ҳама, ба дастгирии давлат ниёз дорад.
Дар охир Сарвари давлат иброз доштанд, ки мо ба шумо ҷавонон - неруи бузурги созандаи кишвар эътимод мекунем ва бовар дорем, ки аз уҳдаи ин рисолати бузурги таърихӣ ва иҷрои вазифаи фарзандии хеш бо сарбаландӣ мебароед.
Баъд аз суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ ҷавонони кишвар - Фахриддинзода Фирдавс - муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Насриддинзода Раъно - гирандаи Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар соли 2020, Ҷамолзода Беҳрӯз - омӯзгор, Мӯсоҷонзода Ҷамила - омӯзгор, Хушқадам Хусравов - чемпиони ҷаҳон оид ба самбо, ду карат чемпиони Ҷоми ҷаҳон, Пирмаҳмадзода Рӯҳангез - донишҷӯ, Носирзода Гулшанбону - донишҷӯ, Парвиз Қосимзода - роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии “Ҳадияи меҳр” - и вилояти Суғд, Нозимбек Нозимбеков - омӯзгори ҷавон аз ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Аюбзода Шоҳхусрав - роҳбари маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта”, Ниёзӣ Сироҷиддин - омӯзгор, Гулмирзозода Идибек - муҳандис-геологи НБО “Роғун”, Неъматуллои Холиқ - афсари калони Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Исмонзода Ёсуман - узви Ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат” ва Филина Олга - донишҷӯи Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ баромад карда, ба Пешвои миллат ва Роҳбари ҷавонпарвар барои ҳамаи дастгириҳо ва талошҳо баҳри таъмини шароити созгори зиндагӣ ва илмомӯзӣ изҳори сипос карданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.05.2021 №: 101 Мутолиа карданд: 887