иҷтимоиёт
НУБУВВАТИ СУХАНСАРОИ АБАДЗИНДА
Саодати дидори шоири маҳбуб, муаззам ва оламшумули халқи куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик устод Мирзо Турсунзода, ки тӯли 31 сол сарвари бебадали Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буду шуҳраи адабиёти беш аз ҳазорсолаи моро дар асри XX ба ақсои олам бурд, ба камина фақат як бор даст дод ва ман он лаҳзаро то умр боқист дар хотира нигоҳ хоҳам дошт. Ин рӯйдоди барои мани он замон ҳанӯз донишҷӯ 15-уми марти соли 1975, вақте ки шоири бузург ҳамроҳи академик Бобоҷон Ғафуров дар раёсати пуршукӯҳ ба ифтихори 50 - солагии рӯзномаи рақами яки ҷумҳурӣ «Тоҷикистони советӣ» (ҳозира «Ҷумҳурият») дар Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ менишаст, ба вуқӯъ пайваст.
Устод Мирзо Турсунзода, ин вассофи маъруфи сулҳу ваҳдату дӯстии халқҳои ҷаҳон ҳамчун ходими барҷастаи ҷамъиятӣ бо супоришҳои махсуси давлатӣ ва ба қавли худаш «... бо амри Ватан» бештари вақт дар сафарҳо қарор дошт ва таассуроти хешро аз боздиди кишварҳои рӯи Замин дар достони машҳури «Ҷони ширин», ки ба ҳамсараш Сабоҳат Низомиддинова эҳдо намудааст, ба возеҳу дилрас рӯи коғаз оварда буд:
Гашта - гашта аз сафар боз омадам,
Боз дар наздат ба парвоз омадам.
Роҷеъ ба паҳлуҳои мухталифи рӯзгору осори М. Турсунзода рисолаҳои илмӣ ва мақолаву ёддоштҳо хеле зиёд иншо гардидаанд. Бо бархе аз наздикони устод ман низ суҳбат доштам ва аз забони онҳо дар бораи зиндагии шоир қиссаву фактҳои гуногуне шунидаам, ки онҳо дар як асаре бо номи «Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо» гирд оварда шудаанд. Рисолати шаҳрвандию адабии ин шоири бузурги меҳанпараст ҳамин буд.
Дар остонаи таҷлили 110 - солагии ходими намоёни давлатӣ, нависанда, муаллифи китобҳои «Дар ҷустуҷӯи Карим - Девона», «Мирзо Ризо», қиссаи «Тарғел ва Ало», маҷмӯаи ашъор Ҳабибулло Назаров фарзанди ӯ Темур маро бо писари М. Турсунзода – Масъуд Мирзоевич шинос кард. Падарони ҳар ду байни ҳам рафоқат ва дӯстии қавӣ доштанд.
Қаблан медонистам, ки Масъуд Мирзоевич солҳои зиёд масруфи корҳои педагогӣ буд, мактаби махсуси ҷумҳуриявии кӯдакони душвортарбия, ба ибораи дигар, мактаби наврасони қонуншиканро роҳбарӣ мекард ва ҳамеша дар тарбияву роҳнамоии чунин наврасон ба принсипҳои кори пири маънавии хеш – А.С. Макаренко садоқату иродат дошт. Ин вазифаи душвору пурмасъулият чи андоза зеҳну рӯҳияи қавӣ, сабру таҳаммул ва донистани роҳу шеваи муносибат бо чунин кӯдаконро тақозо менамояд, танҳо метавон тасаввур кард.
Аввалин чизе, ки ҳини ошноӣ бо Масъуд Мирзоевич маро ҳайратзада кард, шабоҳати зоҳирии ӯ бо қиблагоҳи бузургвораш буд. Онҳо мисли як себи дукафонанд. Масъуд Мирзоевич қиссагӯи хеле хуб будааст, писари шоир буданаш яқин. Яке аз қиссаҳое, ки он рӯз ҳамсуҳбатам нақл кард, мағз андар мағзи ҷони маро такон дод. Ман баъди нақл такроран баъзе пораҳои он қиссаро пурсон шудам ва бори дигар итминон ҳосил кардам, ки устоди зиндаёд Турсунзода дили бузургу хайрхоҳе доштааст.
- Дар миёни наврасоне, ки ба мактаби мо меафтиданд, - нақл кард Масъуд Мирзоевич,- бачаҳои қобилу донишдӯст ҳам кам набуданд. Бархе аз онҳо ба шеъру шеърнависӣ низ ҳавас доштанд. Дар байни онҳо аз рустои Бунгакиёни ноҳияи Файзобод Дилшоди сездаҳсола ҳам буд. Ҳарчанд исми ӯ Дилшод буд, табассум дар лабонаш кам гул мекард. Сабаби ин маҳзуниро ман медонистам. Бо амри сарнавишт Дилшод ва хоҳарчааш барвақт аз меҳру навозиши модари ҷавонмарг маҳрум мондаанд. Баъд аз сари модар падарамон кӯдакони хурдсолро ба дасти ҳамширааш супурда, худ барои дарёфти рӯзӣ роҳи Душанберо пеш гирифт, вале пас аз чанде бедарак шуд. Гоҳо хабар меомад, ки зани дигар гирифтааст, гоҳ мешуниданд, ки ба кишвари дигар мардикорӣ рафтааст, кӣ медонад, чи воқеае ба сараш омада бошад. Лекин аз чи бошад, боре ҳам назди фарзандони чашмбароҳаш наомадааст, аз ҳоли онҳо пурсон нашудааст. Аммаашон оилаи серфарзанд дошт ва рӯзи Дилшоду хоҳаракаш дар ин хонадон ба сахтӣ мегузашт. Боре гапи ду бачаи ҳамсоя бо Дилшод гурехт ва ӯро зери мушту лагад гирифтанд. Кӯдакон ҳам гоҳе бераҳм мешаванд. Дилшод бо чашми гирён ба озордиҳандагонаш гуфт: «Ҳоло истед, падарам биёяд, адаби шуморо медиҳад». «Падари ту дигар намеояд,- бо истеҳзо хандиданд он ду бача. - Туву хоҳарат ба вай даркор нестед, агар не, кайҳо пеши шумо меомад ё аз худ дарак медод».
Дилшод оташи хашму ранҷишро фурӯ нишонда, тасмим гирифт, ки бо ҳар роҳе набошад, ба суроғи падари гумшудааш меравад. Вале чӣ тавр ба Душанбе, ки боре ҳам он ҷо набуд, рафтан мумкин?
Аз кӣ роҳкиро, як пули ночизе пурсад? Вақте ба сари шоҳроҳ мебаромад, ронандагон ба писараки дастафшон эътибор надода босуръат гузашта мерафтанд.
Ҳар замоне дар канори деҳаи онҳо галаи аспҳои хоҷагиро ба чаро меоварданд. Як шомгоҳ Дилшод ноаён хона баромад, назди аспҳо расид ва ба яке аз онҳо савор шуда, сӯи Душанбе тозонд. Вале, чӯпонҳо аз ин дуздӣ бӯ бурда, аз қафои Дилшод тохтанду дастгир карданд ва аз гӯшаш гирифта, ҳамчун дузд ба милисахона бурда супурданд. Азбаски Дилшод ноболиғ буд, ӯро ба мактаби махсуси наврасони қонуншикан доданд ва милисаҳо аз масъулони мактаб хоҳиш карданд, ки чашм аз ӯ накананд ва ҳушёр бошанд, ки боз нагурезаду номаъқулии дигар содир насозад. Ана ҳамин гуна рӯзҳо омаданд ба сари Дилшоди хурдсол.
- Кӯдакон пайваста хоҳиш мекарданд, ки бо падарам, ки аз аксҳою «оинаи нилгун» мешинохтанду бас,- нақлашро идома дод Масъуд Мирзоевич,- вохӯрӣ ташкил намоям. Ман бо падарам борҳо дар ин мавзӯъ суҳбат доштам, вале ӯ мудом серкор буд, дар сафарҳои хориҷӣ, дар ҷаласаю маҷлисҳо иштирок мекард. Вале, боре, моҳи апрели соли 1977- ум ӯ барои вохӯрӣ бо кӯдакон дар мактаби мо вақт ҷудо намуд. Ёд дорам, суҳбат тӯл кашид. Падарам аз сахтиҳои овони кӯдакиаш, аз солҳое, ки дар интернат мезист, қисса кард. Баъд ӯ аз достонҳои «Водии Ҳисор» ва «Сайёҳи кобулӣ» порчаҳо хонд. Ӯ шеърро чунон аз таҳти дил хонд, ки мегуфтӣ, на дар рӯбарӯи кӯдакон, балки ҷамъияти мунаққидону адабдӯстон қарор дорад. Ё шояд барои он чунин муассир мехонд, ки шоири асил дар ҳама ҳолату ҳама ҷо тамоми вуҷудашро ба шеъраш мебахшад.
Вақте падарам мисраъҳои аввали шеъри «Модар»- ро ба забон ронд:
Тифл мондам аз ту модар, рӯи ту дар ёд нест,
Қомати ту, чашми ту, абрӯи ту дар ёд нест.
Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар,
Чунки то имрӯз, модар, рӯи ту дар ёд нест.
- Мушоҳида кардам, ки Дилшод сар хам кард ва китфонаш оҳиста - оҳиста меларзиданд. Ҳолати ӯ аз чашми падарам низ дур намонд. Дар фарҷоми вохӯрӣ ӯ назди Дилшод омад ва сарашро силакунон гуфт:
- Ҳеҷ гоҳ ғам махӯр, туро дар оянда зиндагии хуб интизор аст. Олам аз одамони нек холӣ нест.
- Намедонам,- ҳамчунин, бо сари хам ҷавоб дод Дилшод. – Ман бештар бо одамони бад дучор шудаам.
- Ту чӣ тавр ба ин ҷо афтодӣ? – аз посухи ӯ ба ҳайрат омада пурсид падарам.
Вале писараки сархам ҳарфе гуфта натавонист. Падарам ҳолати ӯро фаҳмид, аз дасташ гирифту гӯшае бурд ва дар бараш нишонд. Онҳо дуру дароз дар кадом мавзӯе суҳбат карданд. Вақте Дилшод аз назди падарам дур мешуд, чеҳрааш хандону шукуфон буд.
Рӯзи дигар падарам иқрор шуд, ки саргузашти Дилшод ба ӯ сахт асар кардааст.
- Ин бачаро аз назар дур намон,- гуфт падарам ба ман,- вай мисли чӯҷаи аз лона афтодааст. Ба дигар кӯдакон ҳам ғамхор бош. Коре бикун, ки дар дили нозуки онҳо шарораи умед ва боварӣ ба одамон, ба оянда гум нашавад. Дар он сурат онҳо одамони хубу наҷиб ба воя мерасанд. Аз сари худи мо ҳам чиҳое нагузашта буд...
Пас аз он рӯз ҳам падарам борҳо аз бобати ҳолу аҳволи Дилшод пурсон шуд. Ҳатто аз як сафараш ба Дилшод дурбинеро ҳадия овард ва хоҳиш кард, ки ба ӯ расонам. Рӯи дурбин чунин навишта сабт буд: «Ба дур нигар, зиндагӣ давом дорад, он зебост».
Чанде пас падарам ба бистари беморӣ афтоду чашм аз ҷаҳон пӯшид.
Дилшодро барои рафтори хубу намунавӣ пеш аз муҳлат аз мактаби кӯдакони душвортарбия ҷавоб доданд. Бо гузашти вақт шунидам, ки омӯзишгоҳи касбӣ – техникиро хатм намудааст, соҳиби ҷойи кор шудааст, дар миёни мардум сазовори эҳтиром гардидааст. Мутмаинам, ки баъд аз суҳбати падарам бо Дилшод диду назари ӯ ба зиндагӣ, одамон ва ҷомеа куллан дигар гашт.
Албатта, ҷои таассуф аст, ки имрӯз аз ҳолу аҳволи падари собиқ дастпарварам Дилшод хабаре надорам, вале яқин медонам, ки ҳар падар бо чунин писар метавонад фахр бикунад.
Мансур СУРУШ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.05.2021 №: 101 Мутолиа карданд: 695