сиёсат
СУҲБАТҲОИ ТЕЛЕФОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
25 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзодаро доир ба бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Вахш ва Абдураҳмони Ҷомӣ, шуниданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки барои ҳарчи зудтар барқарор кардани иншооти аз офат зарардида, суръати корҳоро тезонанд.
Зимни суҳбати телефонӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раиси вилояти Хатлон ҷиҳати ҷамъоварӣ ва захираи кофии хошок, ҷамъоварии беталафи ғалладонагиҳо, афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили мева, сабзавот ва полизиҳо ба хориҷи мамлакат ва суръатбахшии кишти такрорӣ, супоришҳо доданд.
Зимни суҳбати телефонӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раиси ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон доир ба андешидани чораҳои таъхирнопазири пешгирикунандаи мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон, махсусан малах дар ҳудуди ноҳия, ҷамъоварии хошок, таъмини нақшаи кишти такрорӣ, инчунин, вусъати корҳои ободонӣ ба ифтихори таҷлили арзандаи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, супоришҳо доданд.
Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раисони ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Нуробод, Лахш, Сангвор, Файзобод, Кӯҳистони Мастчоҳ, Деваштич ва шаҳри Панҷакент доир ба рафти кишти картошка ва иҷрои нақша ҳисобот доданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои номбаршуда бо истифода аз ҳамаи имконияту захираҳо вазифаҳои дар наздашон гузоштаро оид ба таъмини нақшаи кишти картошка пурра ва бо сифат таъмин намоянд.
Ҳамчунин, раисони шаҳру ноҳияҳо аз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур гирифтанд, ки барои истиқболи арзандаи Ҷашни бузурги миллӣ – 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ корҳои ободонию созандагиро вусъат бахшанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.05.2021 №: 102 Мутолиа карданд: 967