logo

иҷтимоиёт

САНГТӮДА. ҶАШНИ МУҚАДДАСИ МИЛЛӢ ТАНТАНА ХОҲАД ДОШТ!

Ба ифтихори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Сангтӯдаи ноҳияи Данғара бунёду навсозии 27 иншооти таъйиноти гуногун ва барои хоҷагии халқи деҳот муҳим ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 16 иншоот бунёду навсозӣ гардид, ки симои деҳотро куллан дигар намуд. Корҳои сохтмонӣ дар дигар иншоот бомаром идома дошта, то моҳи сентябри соли равон марҳила ба марҳила мавриди истифода қарор мегиранд.
 
Бобомурод Қодиров, раиси ҷамоат, зимни суҳбат ба «Ҷумҳурият» чунин гуфт: «Шукри Истиқлолияти давлатӣ, ки имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон корҳои созандагӣ бомаром идома дошта, иншооти наву ҷавобгӯ ба талаботи замон сохта шуда истодааст. Дар Ҷамоати деҳоти Сангтӯда давоми солҳои Истиқлолияти давлатӣ корҳои зиёд ба анҷом расидаанд, ки мардуми деҳа назирашро ёд надоранд». 
Дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ бо мақсади беҳтар кардани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва ҳавасмандии кормандони соҳа аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва Бонки ҷаҳонӣ сохтмони маркази саломатӣ дар деҳаи Навобод бо сифати баланд ба анҷом расид. 
Тавре Давлат Қурбонов, роҳбари шабакаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) - и ноҳияи Данғара, иброз дошт: «Навсозии биноҳои марказ ва бунгоҳҳои саломатӣ, аз як тараф барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мусоидат намояд, аз ҷониби дигар метавонад ҷойҳои нави кориро фароҳам орад. Агар то имрӯз дар бунгоҳи саломатии деҳаи Навобод 2 - 3 корманди тиб фаъолият дошт, баъди бунёди бинои нав шумораи табибону ҳамшираҳои шафқат ба 12 кас расида, кори духтурон то андозае сабук гардид. Ҳар як маркази саломатии навбунёд аз дафтарҳои корӣ иборат буда, дар онҳо ҳуҷраҳои бақайдгирӣ, таҳлилгоҳ, доругузаронӣ, қабули беморон, момодоя ва дигар иншооти ёрирасон, аз қабили бинои нигоҳдории нақлиёт, манора барои таъмини мунтазами оби нӯшокию корез, чоҳи махсус барои пешгирӣ аз сӯхтор, ҷойи шустушӯву нигоҳдории генератор ва печ барои безараргардонии маводи истифодагашта, дар доираи нақшаи меъмории тасдиқгардида ташкил шуда, бо тамоми дастгоҳу лавозимоти зарурии тиббию беҳдоштӣ ва генератору панелҳои офтобӣ таъмин мешаванд», - гуфт Давлат Қурбонов.
Иншооти ҷашнии дигар, ки дар деҳаи Навобод қомат афрохт, ассотсиатсияи истифодабарандагони об мебошад, ки дар он ҳафт кас бо кор таъмин шуд. Ба масъалаи таъмиру тармими роҳҳо ва чароғонкунӣ низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мешавад. Бо мусоидати соҳибкори маҳаллӣ Мирзо Саидов қариб 4 километр роҳҳои маҳаллаҳои деҳаи Навобод асфалтпӯш ва чароғон шуд. 
Дар деҳа тавассути Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ дар деҳаи Навобод дар доираи татбиқи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо – II» хати оби нӯшокӣ барои чорво кашида шуд. Бунёди нуқтаи обтаъминкунӣ барои сокинони деҳа осонӣ пеш овард. 
Маҳмадӣ Султонов, раиси ҷамъияти истифодабарандагони чарогоҳи “Навобод”, иброз дошт: “Солҳои зиёд чорвои маҳаллӣ аз ҳавзи атрофи деҳа, ки дар дохили он ҳашароти зиёд ҷамъ мешуд, об менӯшид ва ба касалиҳои гуногун гирифтор шуда, ҳамасола талафоти зиёд ба қайд гирифта мешуд. Хати оби нӯшокӣ барои чорво аз 3 ҳазору 200 метр ба воситаи қубурҳои пластикӣ интиқол меёбад ва дар даромадгоҳи деҳа барои захираи об ду ҳавз бунёд шудааст, ки ғунҷоиши ҳар кадомаш 100 метри мукааб мебошад. Дар наздикии ҳавз барои обнӯшии чорво нова бо дарозии 23 метр ва баландии 50 см сохтаанд”. 
Ҳоло дар деҳаи Навобод аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ Мирзо Саидов ва Раҷаб Давлатов сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии дуошёна, бинои хизматрасонии чорошёнаи дорои маркази савдо, кошонаи ҳусн, коргоҳи дӯзандагӣ, ҳаммоми занонаву мардона, толори гӯштигирӣ идома доранд. Соҳибкор Мирзо Саидов нақша дорад, ки барои наврасону ҷавонон майдончаи варзиш созад. Ӯ ин иқдомро қарзи шаҳрвандии ҳар як сокини кишвар дониста мегӯяд: “Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як суханронияшон дасти ёрӣ дароз кардан ба ятимону бечорагон ва анҷом додани амалҳои хайрро таъкид мекунанд. Мардуми мо бо файзи истиқлолият ва дар доираи аҳкоми шариат фаризаву воҷиботи диниро озодона адо мекунанд ва арзишҳои инсондӯстиву хайрхоҳонаи онро гиромӣ медоранд. Барои ҳар як фарди озода аз ин дида неъмати волотаре вуҷуд надорад”. 
Соли равон дар доираи корҳои ободонӣ сокинони деҳаи Булакдашт низ аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ ва хориҷӣ бо оби нӯшокӣ таъмин шудаанд. Инчунин, атрофи МТМУ № 69 - и деҳа обод гардид. Дар деҳа аз тарафи Бахтовар Имомов маркази хизматрасонии “Бахт” бунёд шуда истодааст. Он дуошёна буда, аз мағозаи хӯрокворӣ, дорухона, коргоҳи дӯзандагӣ, кошонаи ҳусн иборат аст. Инчунин, дар деҳа сохтмони нуқтаи шустушӯ ва таъмири мошинҳо идома дорад. 
Дар деҳаи Нурофар аз тарафи Зариф Шарифов дар заминаи бунгоҳи тиббӣ маркази саломатӣ бунёд шуд. Шералӣ Ганҷалзода бошад беш аз 6 километр роҳҳои кӯчаю маҳаллаҳои деҳаро асфалтпӯш кард. Аз тарафи ҶСК “Шабакаҳои барқии Данғара” ва соҳибкорони маҳаллӣ як қисми симчӯбҳои деҳа, ки фарсуда буданд иваз шуда, аз ҷониби Абдулазиз Саидов сохтмони маркази савдо, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, шустушӯ ва таъмири мошинҳо низ идома дорад. Илова бар ин, нақша аст, ки дар деҳа то моҳи сентябр муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ низ сохта шавад.
Шамъигул Раҳимова, раиси деҳаи Зарнисор, иброз дошт, ки аз деҳаи Нурофар то деҳаи Зарнисор беш аз як километр роҳро ташкил медиҳад, Шералӣ Ганҷалзода мумфарш карда, равуои сокинонро осон кард. Инчунин, дар арафаи Ҷашни Наврӯз бунгоҳи тиббии “Зарнисор” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Он аз тарафи соҳибкор Раҷаб Давлатов бунёд гардид. Иншоот якошёна мебошад, аз ҳуҷраҳои доругузаронӣ, эмгузаронӣ момодоя, тибби оилавӣ ва ҳуҷраи бақайдгирӣ иборат буда, дар муддати даҳ моҳ ба сифати баланд мавриди истифода қарор гирифт. Дар корҳои сохтмонии бунгоҳи тиббӣ сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буданд. - Ҳоло дар деҳа сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии дуошёна барои 144 хонанда идома дорад.
Соли гузашта дар доираи корҳои созандагӣ маркази хизматрасонии муосир аз ҷониби соҳибкор Бахтовар Элҷонов дар деҳаи Сангтӯда сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Марказ дорои ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн ва тарабхона мебошад. Инчунин, дар деҳаи Сангтӯда аз тарафи соҳибкорон чор маркази савдои хӯрокворӣ қомат афрохт. 
Дар баробари ин, бинои куҳнаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 9 – и деҳаро Дилмурод Давлатзода таъмиру таҷдид дорад. Дар деҳа аз тарафи соҳибкорон Ҳасан Абдуалимов ва Насриддин Бобохонов чойхонаи мӯйсафедон ва коргоҳи дӯзандагӣ дар арафаи анҷомёбист. 
Соли равон дар деҳаи Гулистон шуъбаи милитсия қомат афрохт. Инчунин, аз тарафи соҳибкорон нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, шустушӯи мошин, марказҳои хизматрасонӣ, савдо ва ошхона сохта шуд. 
Ҳоло дар деҳаи Гулистон сохтмони бинои беморхонаи минтақавии дорои 22 кат идома дорад. - Бино дуошёна буда, дорои ҳуҷраҳои нигоҳдории кӯдакон, хоб, таваллуд, ташхиси ултрасадо (УЗИ), қабули беморон, муолиҷа ва ҳуҷраи сардухтур мебошад. Иншоот моҳи сентябри соли равон қомат меафрозад. Дар корҳои сохтмонӣ 13 кас бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин аст, - гуфт Комил Каримов, коргузори иншоот. 
Роҳи автомобилгард аз даромадгоҳи ҷамоат то деҳаи Сафедсанги Ҷамоати деҳоти Лоҳур, ки солҳо хароб буд ва мардум бо мушкили зиёд ба маркази ноҳия ва дигар минтақаҳо сафар мекарданд аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша то моҳи сентябри соли равон мумфарш мешавад. Дарозии роҳ 11 километр буда, паҳноияш 8 ва дар баъзе ҷойҳо 10 метрро ташкил медиҳад. 
Тавре нафақагир Орзугул Бобоева, иброз дошт: «Мо - сокинони деҳоти Сангтӯда аз шароити фароҳамовардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси ноҳия Раҳмон Исломиддин Хайриддин ва соҳибкорону шахсони саховатманди деҳот хушнуд буда, барои фароҳам овардани шароити хуби зиндагӣ дар ин ҷамоати зебоманзари ноҳия сипосгузорем. Бештари иншооте, ки имрӯз бунёд мегарданд, қаблан орзую омоли мардум буд. Хушбахтона, имрӯз орзуҳо ба ҳақиқат табдил ёфтанд. Худованд Пешвои миллати моро ҳамеша дар болои сарамон сиҳату саломат нигаҳ дорад ва ба шахсони саховатманду соҳибкорони деҳотамон арҷу савоби зиёд ато намояд». 
Ҳамин тариқ, масъулону сокинони Ҷамоати деҳоти Сангтӯда азм доранд, Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои намоён истиқбол гирифта, симои ин гӯшаи диёри азизро тарҳи тозаву муосир бахшанд. 
 
 
Кароматулло АТО, 
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.05.2021    №: 102    Мутолиа карданд: 1164
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед