иҷтимоиёт
МАШЪАЛИ ДУРАХШОНИ НАЗМ
Мирзо Турсунзода аз ворисони ростини С. Айнӣ буд, ки дар мавқеи муносиб ва вазъияти муҳим барои дифоъ аз миллати тоҷик дар миёни ақвоми сершумори шӯравӣ ба майдони фаъолияти адабӣ ва иҷтимоию сиёсӣ по ниҳод. Ӯ аз насли дувуми адибони баъд аз Инқилоби Октябр буд. Тафовути аслии намояндагони ин насл бо насли аввал, яъне бузургоне чун Садриддин Айнӣ, Зуфархон Ҷавҳарӣ, Муҳаммадҷон Раҳимӣ ва дигарон, парвариш ёфтан ва бузург шуданашон дар сохтори иҷтимоии нав ва ба ин далел дорои нигоҳи тоза ва нав ба зиндагӣ ва шеър буданашон аст.
Аз зиндагиномаи устод Мирзо Турсунзода медонем, ки ӯ шоир, олим, мунаққид, драматург, мутарҷим, фолклоршинос, филмноманавис ва ходими давлатию ҷамъиятӣ буд. Шеъри Турсунзода намунаи комили шеъри замони худаш аст. Содагӣ, самимият ва қобили фаҳму дарк будани он барои оммаи мардум аз вижагиҳои ашъори ӯст. Ба ин далел, ки шеъри Турсунзода дар забону дар дили мардум замзама мешавад. Агар бигӯянд, ки дар миёни мардуми тоҷик касе ҳаст, ки ҳатто мисрае аз Турсунзода намедонад, бовар намекунам. Чи касе дар зиндагиаш лоақал як бор ин мисраъҳоро нахонда ва нашунидааст:
Кӯдаке мегашт бо қуттии худ,
Дар хиёбони лаби баҳри кабуд.
Ё:
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун,
Ин қадар беҳуда дилтангам макун.
Ё:
Хонаи мо он қадар ҳам дур нест,
Гарчи дар чашми шумо манзур нест.
Мирзо Турсунзода дар ашъораш ба мавзӯъҳои зиёде пардохтааст, аммо дар он миён чанд мавзӯъ барҷаста ба назар мерасад:
1. Ситоиши зан. Аз мутолиаи ашъори шоир чунин бармеояд, ки худи ӯ дар зиндагии шахсӣ ба занҳо, аз ҷумла ба ҳамсари худ, эҳтиром ва арҷи бисёр қоил будааст ва бевосита ҳарфҳои худро дар бораи ҷойгоҳи зан ва модар дар амал татбиқ кардааст. Турсунзода бо нишон додани гузаштаи тираю тори занони тоҷик мехоҳад, ки аввал худашон эҳсос ва дарк намоянд, ки онҳо инсони навъи дувум нестанд, балки дар ҳар заминае баробари мардон ҳуқуқи зиндагию кору фаъолият доранд. Баъд, аз мардон мехоҳад, ки дар амалӣ шудани амри баробарии зану мард ёрӣ намоянд ва ҳаққи занҳоро дар ҳеҷ куҷое поймол накунанд. Нуктае, ки имрӯз ҳам давлат ва ҳукумати кишвари мо рӯи он таъкиди зиёд менамояд, яъне имрӯз ҳам ин мавзӯи ашъори устод Турсунзода муҳиму ҳаётӣ аст.
2. Сулҳу дӯстӣ. Ин мавзӯъ дар ашъори Турсунзода мавқеи назаррас дорад. Шеърҳо ва силсилашеърҳои зиёде дар ашъори ӯ мавҷуд аст, ки аҳамият ва афзалияти ин мавзӯъро барҷаста менамояд. Вақте дар ашъори устод мехонем:
Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо,
Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо.
Ба ёд меорем, ки ҳамаи бузургони дигари мо низ дар ин маврид интихобашон сулҳу дӯстию оштию ҳамзистии мусолиҳатомез будааст.
3. Ҳувияти миллӣ. Масъалаи дигаре, ки дар миёни ашъори шоир ба равшанӣ дида мешавад, масъалаи худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ аст. Рӯҳи ашъори шоир тоҷикона ва ошно ба назар мерасад. Мирзо Турсунзода қабл аз ин ки фарзанди Иттиҳоди Шӯравӣ ва ё Осиё бошад, худро фарзанди тоҷик медонад. Ин вобастагии зиёд ва бемонандро дар шеъри “Ватан”-и устод мебинем.
4. Арҷ гузоштан ба таърих ва фарҳанги миллӣ. Шоир дар достонҳо ва шеърҳои худ гоҳ-гоҳе ишораҳои сареҳ ва равшан ба гузаштаи таърихии миллати тоҷик мекунад ва хонандаашро ба эҳтиром ва арҷ гузоштани таърихи миллӣ фаро мехонад. Калимаи Шарқ дар аксари маврид барои шоир синоними дигаре барои таркиби “Хуросони Бузург” аст. Исмҳои хоси Шероз, Кобул, Тоҷмаҳал, Ому, Хуросон, Рӯдакӣ, Сино, Саъдӣ, Ҳофиз, Бедил ва ғайраро бо эҳсоси ифтихор ва нишоти бепоён дар ҷой - ҷойи ашъораш меорад ва ба насли нави тоҷик дар ёд доштану фаромӯш накардани ин номҳои муборакро таъкид мекунад. Дар шеъри “Тара-Чандрӣ” аз ҳамзабонӣ бо Бедили бузург бисёр меболад ва ошноии бевоситаи мардуми тоҷикро бо Комде ва Мадан бо рамзу киноя ба тасвир мекашад.
5. Васфи табиат. Турсунзодаро метавон аз шоирони бузурги вассофи табиат ба шумор овард. Тасвири кӯҳу кӯҳистон, деҳаву рӯду чашмаву дарё дар ашъори шоир ҷойгоҳи назаррас доранд. Албатта, ин гуна тасвирҳо бисёр табиӣ ва самимӣ ба зуҳур омадаанд. Ҳатто, дар сафарҳои хориҷӣ ҳам чашми шоир, пеш аз ҳама, манзараҳоро бо нигоҳи амиқ ва зебоипарастона аккосӣ мекунад ва ба ҳофиза месупорад, то ки баъдан дар ашъораш аз он истифода намояд. Рӯди Ҷамна, оби ширини дарёи Ганг, соҳили ороми Ому, кӯҳи осмонбӯси Ҳимолой ва маконҳои беназири дигари оламро дидааст ва дар ашъораш аз онҳо ёд кардааст.
Аммо вобастагӣ ва ишқи бепоёни шоир ба табиати сарзаминаш васф нашуданист. Шоир дар саросари дунё мегардад ва шаҳрҳои бузургу ободу пешрафтаи ҷаҳонро тамошо мекунад, аммо боз дилаш барои Қаратоғу Ҳисор ва рӯди Варзоб танг мешавад. Гӯӣ фақат дар инҷост, ки рӯҳаш оромиш пайдо мекунад. Дар шеъри “Дар ёди кас”-и шоир мехонем:
Дидаам ҳар гуна халқу кишваре,
Мамлакатҳои аҷоибманзаре.
Дидаам, ки олам аз баҳру бар аст,
Хислати ҳар кишвар аммо дигар аст.
Мерасад дар ёди кас беихтиёр
Мулки зебое чу рӯи навбаҳор.
6. Ишқи Ватан. Мирзо Турсунзода дар мавриди ишқи Ватан бо чунон гармӣ ва самимияте сухан мегӯяд, ки гӯӣ зикри номи Ватан дар дили шоир шӯру валвалаи амиқе эҷод мекунад ва тапиши набзаш бештар аз қабл мегардад. Дар ин гуна мавридҳо эҳсос мекунем, ки ҳарфи шоир самимитар, табиитар ва дилнишинтар садо медиҳад.
7. Ранҷҳои инсоният. Ин мавзӯъ бештар ҷанбаи бурунмарзӣ дорад, магар дар як-ду мавриди хос, ки ранҷи модарони фарзандгумкарда дар Ҷанги дувуми ҷаҳонро бо эҳсосу отифаи зиёд бозгӯӣ менамояд, ки иттифоқан аз муассиртарин ва самимитарин ашъори Турсунзода аст. Ӯ душмани истеъмору ишғоли сарзаминҳо аз тарафи қудратҳои пурзӯртари дигар будани худро ба таври ошкор дар ашъори ба Ҳиндустон бахшидаи худ иброз кардааст. Ҳамчунин, нажодгароӣ ва мансубияти табақотиро маҳкум мекунад.
Мирзо Турсунзода дар заминаи фаъолияти иҷтимоӣ - фарҳангӣ ҳам, замоне, ки раёсати Иттифоқи нависандагон ва Академияи илмҳоро бар уҳда дошт, дар ду самт корҳои бузург ва арзишманд анҷом додааст. Маълум аст, ки бисёре аз шоирони даврони шӯравии тоҷик ба далели кумакҳои бедареғи Турсунзода баъдҳо шоирон ва нависандагони муваффақе шуданд. Ташкил ва гузарондани ҷашнвораҳои бузургони фарҳангу адаб, аз қабили 1100-солагии устод Рӯдакӣ, 550-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ, ҷашнвораи Ҳофиз ва ғайра аз дигар талошҳои муассири ин шоири дилсӯзи фарҳангу забону тамаддуни тоҷик дар роҳи эҳё ва арҷгузорӣ ба гузаштаи пурифтихори мо будааст.
Мирзо Турсунзода парчами ҳифзу гиромидошти нангу номи миллати тоҷикро, ки аз устод Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ ба мерос гирифта буд, дар миёни қавмҳо ва миллатҳои дигар, бо тавоноӣ ва қудрати бемонанду хастагинопазираш мисли машъали дурахшоне болои сар нигоҳ дошт ва бо иззату икроми зиёд онро ба наслҳои минбаъда интиқол дод.
Хуршеди ЭҲСОН,
устоди ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.05.2021 №: 102 Мутолиа карданд: 578