logo

иҷтимоиёт

БОЗЁФТИ ЯК САФАР

Моҳи майи соли 1977 Мирзо Турсунзода ва Боқӣ Раҳимзода ба вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) меоянд. Мақсад аз ин сафар, вохӯрӣ бо меҳнаткашоне буд, ки устод Турсунзодаро ба депутатии Совети Олии СССР пешбарӣ намуданд. Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебоист дар шаҳрҳои Конибодому Исфара бо интихобкунандагон вохӯрда, оид ба иҷрои нақшаҳои кори депутатӣ ҳисобот диҳад. Устодонро дар шаҳри Ленинобод таҳти роҳбарии раиси комиҷроияи вилоят Усмон Қосимов бо самимият пазироӣ намуданд.
 
Мулоқот бо Мирзо Турсунзода аз Конибодому Исфара оғоз ёфт. Пас аз вохӯриҳо, сайри боғу қасри маданият,  табобатгоҳи «Зумрад», чойхонаҳои нақшини соҳили дарёи Исфара меҳмононро дар хоҷагии ба номи Ленин қабул намуданд. Дар он ҷо бо иштироки Мирзо Турсунзода, адибон Боқӣ Раҳимзодаву Холмурод Шарифов, Ҳунарпешаи халқии СССР Туҳфа Фозилова, муҳаққиқ Карим Абдулов ва дигарон суҳбати хотирмон баргузор гардид. Иштирокчии ин нишаст нависанда Холмурод Шарифов дар очерки «Бо ситора ҳамнишин» ёдовар мешавад, ки  суҳбат хеле гуворо ва рӯҳафзо буд. «Ман ҳеҷ гоҳ Турсунзодаву Раҳимзодаро ба монанди он шаб гӯёву руҳбаланд надида будам. Фақат ҳаминашро бо таассуф гуфтаниям, ки кошкӣ он суҳбати такрорнашавандаву пур аз лутфу эҳсон, зарофатгӯиҳои Туҳфа Фозилова ва ҳунарварони Исфара бо сарпарастии Мирзоқурбон Солиевро ба навор мегирифтанду онро имрӯз дастраси мардум мекарданд», - нигоштааст Х. Шарифов.
Он шаб то бевақтӣ аҳли суҳбат бо як эҳсосот нақлҳои аҷоибу шеърхониҳои устодонро гӯш карданд. 
 Ҳамон шаб Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода ва Холмурод Шарифов дар Исфара монданд. Рӯзи дигар, баъди вохӯриҳо бо интихобкунандагон, онҳо азми ба шаҳри Ленинобод баргаштан карданд. Дар канори шаҳр ғайричашмдошт ҳаракати мошин суст шуда, ронанда онро боздошту гуфт:
- Устодон, мебахшед, чархи мошинро иваз кардан лозим.
Ҳама аз мошин баромаданд ва намедонистанд, ки бо чи кор машғул шаванд. Ин дам роҳбалади онҳо – мудири шуъбаи тарғиботию ташвиқотии комитети ҳизбии вилояти Ленинобод Карим Абдулов ба сӯи биное рафту пас аз  чанд дақиқа бо ҷавонзани зебое баргашт. Ҷавонзан хушнудона ба назди адибон омада, онҳоро ба идора таклиф намуд. Меҳмонҳо пас аз каме дудилагӣ ин таклифи бонуро қабул карданд. Соҳиби дафтари корӣ дар як он мизро бо анвои гуногуни хӯрокворӣ пур карда, гулдастаи зебое оварду назди меҳмонҳо гузошт. Боқӣ Раҳимзода ба ҷавонзан рӯ оварда гуфт:
- Шинед, шинед, ҷони ширин, шарм накунед. Шумо шояд тавассути телевизион донед, ки ман иштирокчии фаъоли клуби «Дугонаҳо» ҳастам. Гӯед, ки чӣ ном доред, чӣ кораед? Моро шинохтед, китобҳои моро хондаед?
- Номам Гулафзо, ҳамин ҷо дар идораи матлуботи шаҳр кор мекунам. Шумоёнро шинохтам, китобҳоятонро ҳам хондаам, - гуфт бо табассум ҷавонзан.
- Аҷоиботи дунёро бинед, Мирзоҷон, - гуфт филфавр Боқӣ Раҳимзода, - номаш Гулафзо, худаш паричеҳра. Номаш ба худашу худаш ба номаш муносиб будааст.
Дере нагузашта мошин ба кор даромаду Гулафзо меҳмононро гусел кард. Хушбахт буд, ки ду адиби бузургро меҳмондорӣ намуд.
Ҳамин ки мошин равон шуд, Боқӣ Раҳимзода гуфт:
- Мирзоҷон, агар хато накунам, ин духтар, яъне Гулафзо духтари шуданӣ барин, баору номус менамояд. Насабашро напурсидем.
- Савриддинова, - гуфт Карим Абдулов.
- Ту хато накардӣ Боқиҷон, ман ба фикрат розӣ, - гуфт Турсунзода ва афзуд, - агар дастгирӣ ёбад, ояндааш нек аст. Ҳатман, дар ин бора роҳбарони вилоятро дар ҷараён гузорем.
Ҳангоми бозгашт меҳмонони олиқадрро сарварони вилоят Рифъат Ҳоҷиеву Усмон Қосимов ба ҳузур пазируфтанд.
Адибон таассуроти хешро аз вохӯриҳо бо интихобкунандагон, меҳнаткашони Конибодому Исфара нақл карданд. Ва дар охир Боқӣ Раҳимзода гуфт, ки мо бо сабаби вайрон шудани мошин, аз фурсат истифода бурда, бо як ҷавонзани ояндадор – Гулафзо Савриддинова шинос шудем. Аз шумоён хоҳиш, аз пайи тарбияи ин ҷавонзан шавед.
- Гулафзо Савриддинова хатмкардаи Институти хоҷагии халқи Маскав буда, алҳол раиси ҷамъияти матлуботи Исфара мебошад, - ҷавоб дод Усмон Қосимов. Мо бо Рифъат Ҳоҷиев ӯро ба назар гирифтаем. Каме таҷриба омӯзад, ба вазифаи дигар мегузарад.
Фоли бузургон нек баромад. Гулафзо Савриддинова сол ба сол маҳорату қобилияти ташкилотчигӣ, кордонӣ, донишу таҷрибаи кориашро такмил дода, масъултарин вазифаҳоро иҷро намуд. Тайи солиёни зиёд дар мансабҳои пурмасъулият – раиси комиҷроияи Шӯрои депутатҳои халқии шаҳри Исфара, мудири шуъбаи КМ ПК Тоҷикистон, котиби якуми комитети партиявии шаҳри Исфара, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст.
 
Нигина РАҲМОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.05.2021    №: 102    Мутолиа карданд: 535
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед