logo

сиёсат

ВОРУХ. ДИДГОҲИ ТАҲЛИЛГАРОН АЗ РАВЗАНАИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ

Қабули созишномаи санаи 1 майи соли 2021 аз ҷониби ҳайатҳои коммиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар робита ба моҷаро ва муноқишаҳои охир дар Ворух задухӯрди мусаллаҳонаро дар марз хотима бахшид. Вале, мушоҳида мегардад, ки ҷанги иттилоотӣ ҳамоно дар фазои маҷозӣ идома дорад. Чанд рӯзи охир расонаҳои хабарӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Қирғизистон ҳар гуна ахбори ғалат ва наворҳои ғайриахлоқӣ аз даргириҳои бамиёномада пахш шуданд, ки ин омил боиси нигаронии коршиносону таҳлилгарон ва дар маҷмӯъ, ҷомеаи шаҳрвандӣ шуд. 
 
ДАЪВОҲОИ БЕАСОС БА ҲАҚИҚАТИ ТАЪРИХӢ
Тавре Абдуғанӣ Маҳаммадазимов, сиёсатшинос, дотсенти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» гуфт, ба миён омадани баҳс атрофи масъалаи марз бори дигар ин нуктаро равшан месозад, ки ҷониби Қирғизистон ҳамеша аз дарки ҳақиқати таърихӣ сарпечӣ мекунад. 
- Онҳо бо даъвоҳои комилан беасос талош мекунанд Ворухро, ки меъросе аз ориё ва порае аз қаламрави таърихии Тоҷикистон аст, ба чашми ҷаҳониён ҳамчун ҷазирае дар қаламрави кишвари худ нишон диҳанд. Ҳол он, ки назари бисёре аз манобеи илмӣ ва сарчашмаҳои куҳани таърихӣ ҳақиқати сарзамини Тоҷикистон будани Ворухро борҳо бо далелҳои ҷуғрофӣ тасдиқ намуда, собит сохтаанд, ки ҳеҷ гоҳ ин қаламрав анклав ё ҷазира дар ҳудуди кишвари дигар набудааст, - гуфт ӯ. 
Ба гуфтаи Абдуғанӣ Маҳаммадазимов, забти заминҳои атрофи Ворух аз ҷониби қирғизҳо ҳанӯз аз солҳои 70 – уми қарни гузашта, дар замони шӯравӣ оғоз гардида, тӯли ин солҳо ғайриқонунӣ идома кардааст. Ҳоло он, ки тибқи харитаи солҳои 1924, 1927, 1989 иншооти обтақсимкунӣ дар рӯди Исфара, ки ахиран боиси низоъ ва даргириҳои марзӣ гардид, пурра дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, иншоотии мазкур соли 1968 барои обёрии шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон истифода мешуд. 
 
МУШКИЛОТ ВА ПЕЧИДАГИИ ҲАЛЛИ ОН
Ба андешаи сиёсатшинос Абдуғанӣ Маҳаммадазимов, сабабҳои асосии мушкилот ва печидагӣ дар ҳалли масъалаҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон ин дар навбати аввал аз характери идоракунӣ ва низоми сиёсии кишварҳо бастагӣ дорад. Ҳамчунин, дар ин росто мушоҳида мегардад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти ҳифзи манфитаҳои миллӣ ва мутақобила бо риояи оини ҳамсоядорӣ мехоҳад роҳи ҳалли муносиб ба сулҳу якдигарфаҳмиро пайдо кунад. Аммо ҷониби Қирғизистон барои ҳалли ин мушкилот бо назардошти манфиатҳои ду ҷониб ба таври лозим омодагӣ нишон намедиҳад. Ба ин хотир, масъалаи ҳаллу фасли баҳси марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон аз ибтидо то имрӯз як раванди бисёр мушкилу пачидаро мемонад. Бинобар ин, бо таваҷҷуҳ ба вазъи мураккаби бамиёномада, бояд тарафҳо бо сабру таҳаммул ва риояи асли ҳамҷаворию ҳамсоягӣ тамоми масъалаҳоро ба назар гирифта, роҳҳои ҳалли муносибу мувофиқ ба манфиатҳои миллии ҷонибҳоро пайдо намоянд. Зеро ҳифзи манфиатҳои миллии тарафҳо бо гузашт ва риояи одилона ба нафъи кору  хотимаи низоъву ҷангҳои иттилоотӣ хоҳад буд.
- Дар ҳамин маврид нуктае аз гуфтаҳои Кубанчибек Меликов, Ходими шоистаи санъати Қирғизистон, барандаи ҷоизаи давлатии Қирғизистон ба номи Тохтагул, дар бораи миллати тоҷик ба зеҳн мерасад, ки чунин гуфтааст: «Тоҷикон аз ҳама дида маданияти қадима ва олидараҷа доранд. Ин миллати сулҳдӯсту боистеъдод ба қирғизҳои кӯчманчӣ ҳамеша таъсирӣ муфид намудааст». Воқеан, агар мардуми қирғиз шоири барҷаста ва ходими шоистаи миллати хешро қадру эҳтиром намоянд, бояд дар ягон давру замон дар ҳаққи тоҷику тоҷикистонӣ, ки дар таърих ҳамчун мардуми сулҳдӯсту ваҳдатофар омадааст, бадгӯӣ нанамоянд, - гуфт номбурда.
 
БАРХӮРДИ НОМУНОСИБ ДАР ФАЗОИ МАҶОЗӢ
Илҳомҷон Ҳамидиён, номзади илми филология, дотсенти факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар робита ба бархӯрди расонаҳои хабарии Қирғизистон чунин изҳор дошт: «Мутаассифона, бо истифода аз фазои маҷозӣ ва вазъи мавҷуда, имрӯзҳо  мушоҳида мешавад, ки ҷониби Қирғизистон бо интишори матолиби  ифротию фитнаагез масъаларо якҷониба баҳогузорӣ намуда, бо ин кор талош дорад вазъи муътадилро ноорому ташвишовар созанд. Ҳол он ки амали онҳо хилофи меъёрҳои ахлоқии байналмилалии рӯзноманигорӣ буда, идомаи чунин ҳолат масъаларо мураккабу печида мегардонад. Баъди задухӯрдҳо имрӯз бо тасвири матолиби дурӯғин ҷониби қирғизҳо худро ҷабрдида меҳисобанд, ки ин ҳолат таҷрибаи аввал нест».
Ӯ, ҳамчунин афзуд, ки барои тамоми воситаҳои ахбори омма, аҳли зиё, фаъолон ва рӯзноманигорони касбиву ғолиби афкор зарур аст, ки ҷиҳати ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва дастовардҳои сиёсӣ бояд бештар ба фазои иттилоотӣ ворид гардем. Зеро бо ин роҳ метавон барои фазои иттилоотии дохил ва хориҷ иқдомҳои сулҳхоҳонаи давлату миллати Тоҷикистон, ҳамбастагӣ, эътимод ва инъикоси раванди воқеии минтақаро  ба таври васеъ шарҳ дод.
Тазаккур бояд дод, ки ҳаводиси рӯзҳои 28 - 29 апрел дар марз миёни Тоҷикистону Қирғизистон  бори дигар собит намуд, ки миллати тоҷик ва ҷавонмардони шуҷоу далери он ғайрат ва тавоноии дифоъ аз марзу буми кишварро доранд. Дар низоъҳои таҳмилӣ фарзандони ин миллат аз сарзамини аҷдодии хеш муҳофизат намуда, билохира, пирӯз гардидаанд. Гузашта аз ин, давлату Ҳукумати кишвар ва миллати куҳанбунёди тоҷик ҳамеша хостори сулҳ буда, ҳеҷ гоҳ ҷонибдори ҷанг набуду нест. Аммо ба ҳеҷ ваҷҳ ба касе ё гурӯҳе иҷозат нахоҳад дод, ки ба хоки муқаддаси Ватан дастдарозӣ кунад.                                                 
 
Муҳаммад САИДВАЛӢ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.05.2021    №: 103    Мутолиа карданд: 729
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед