logo

иҷтимоиёт

ИММУНИЗАТСИЯ. ЯГОНА ВОСИТАИ ПЕШГИРӢ АЗ ФАЛАҶ

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2021, таҳти № 181 ҷиҳати ташкил  ва гузарондани  Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемории фалаҷ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ду давраи иммунизатсия - аз 31 май то 5 июн ва аз 28 июн то 3 июли соли равон баргузор хоҳад шуд.
 
23 май аз ҷониби ЮНИСЕФ ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 4,6 миллион воя ваксина бар зидди бемории фалаҷ ворид гашт. Тибқи нақша дар ҷараёни маърака 1,4 миллион кӯдаки то шашсола алайҳи фалаҷ иммунизатсия мегардад. Тамоми кӯдакони аз 1 январи соли 2016 то имрӯз таваллудшуда, новобаста аз ҳолати иммунизатсиониашон (ҳатто, агар тамоми ваксинаҳоро мувофиқи нақша гирифта бошанд ҳам) ба чорабинӣ бояд фаро гирифта шаванд.
Маъракаи миллии эмгузаронӣ бар зидди фалаҷ - полиовирус аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии СҶТ ва ЮНИСЕФ дар доираи Ташаббуси глобалии нест кардани фалаҷ (Global Polio Eradication Initiative) гузаронда мешавад.
Бояд гуфт, ки моҳи июли соли 2010 дар Тоҷикистон охирин ҳодисаи бемории фалаҷ ба қайд гирифта шуд. То баҳори соли равон Тоҷикистон дорои сертификати давлати озод аз бемории фалаҷ буд.
Дар оғози баҳори соли равон Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз пайдоиши бемории полиомиелиет ва ё фалаҷи кӯдаконаи намуди 2 дар вилояти Хатлони Тоҷикистон хабар дод. Масъулони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ яке аз сабабҳои пайдоиши бемориро ба хунукназарии бархе аз волидон ба иммунизатсия тамаркуз медиҳанд. 
Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фалаҷ бемории шадиди сироятшаванда мебошад. Барангезандаи он се намуди вируси бемории фалаҷ ба ҳисоб меравад ва аз одами мариз ё ҳомили барангезанда ба воситаи хӯрок, об ва гуфтугӯ ба шахси сиҳат мегузарад. Мутахассисони соҳаи тиб бар ин назаранд, ки дар 90-95 дарсади одамони ба вируси фалаҷ сироятёфта беморӣ бе ягон нишонаи клиникӣ интиқол ёфтааст. Иммунизатсияи зидди бемории фалаҷ ягона роҳи пешгирии ин беморӣ мебошад.
«Табобати полиомиелиет вуҷуд надорад, онро танҳо тавассути истифодаи ваксина пешгирӣ кардан мумкин аст. Агар ваксинаи зидди фалаҷ  якчанд маротиба ба кӯдак дода шавад, метавон бо ин роҳ пурра ӯро аз хавфи сироят муҳофизат намуд», – гуфт намояндаи СҶТ дар Тоҷикистон, доктор Виктор Олшавский.
 
Лола РИЗОӢ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.05.2021    №: 103    Мутолиа карданд: 532
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед