номаҳо
АЗ “ҶУМҲУРИЯТ” МИННАТДОРАМ
Дуруд ба аҳли кормандони Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи “Ҷумҳурият”. Мехоҳам миннатдории самимонаи худро ба Қурбоналӣ Раҳмонзода, сармуҳаррири рӯзнома ва кулли кормандони рӯзномаи дӯстдоштаам “Ҷумҳурият” барои озмунҳое, ки солҳои охир ба хотири гиромидошти фарзонафарзандони миллат роҳандозӣ менамоянд, расонам.
Таъкид кардан мехоҳам, ки рӯзнома бо пиёда сохтани чунин озмунҳои ватандӯстона ҳисси ифтихори миллиро дар дили мо - ҷавонон зиёд менамояд. Мо, насли наврас, ки аз ҳаёту корнамоиҳои беназири қаҳрамонони кишвар маълумоти кам дорем, тавассути чунин озмунҳо аз кору пайкор ва ҷоннисориҳои ин мардони сиёсату адабиёт огоҳии бештар пайдо мекунем.
Ман, ки навраси замони истиқлол ҳастам, аз суханони пурмуҳтаво ва роҳнамоиҳои Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамеша мардумро ба китобхониву илмомӯзӣ ҳидоят мекунанд, илҳом гирифта, пайваста китоб ва рӯзнома мутолиа менамоям. Ҳарчанд шуғли дӯстдоштаам рассомӣ мебошад, аз китобу рӯзномаҳо дур нестам. Падарам ба «Ҷумҳурият” обуна ҳастанд, рӯзномаро ҳамеша ба хона меоранд ва ман ҳам онро мутолиа намуда, баҳра мебарам. Ҳамин тавр, дар яке аз шумораҳои рӯзнома, ба эълони озмуни навбатӣ ба хотири гиромидошти 110 – умин солгарди Турсунзода, Қаҳрамони Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, вохӯрдам.
Ман меҳри шоири бузургро дар дил дораму ӯро дӯст медорам, гоҳ-гоҳ расмҳояшро низ тасвир мекунам. Аз ин рӯ, дар дилам шавқ пайдо шуд, то дар ин озмун худро санҷам. Албатта, медонам, ки бо аҳли илму маърифати Ватан, ки дар озмун иштирок доранд, рақобат кардан душвор аст. Вале боз кӯшиш дорам то ба озмун роҳ ёбаму байни ҳамсолони худ ифтихорманд шавам.
Дилхироҷи АБДУКАБИР,
хонандаи синфи 7, МТМУ № 15 ноҳияи Айнӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.05.2021 №: 103 Мутолиа карданд: 7754