фарҳанг
ЧАРОҒИ АФРӮХТАИ УСТОД ТУРСУНЗОДА ШУЪЛАБОР АСТ
Тоҷик ва Тоҷикистон. Ин миллату давлатро ҷаҳониён ба шарофати шоири шаҳир, мунодии сулҳ Мирзо Турсунзода бештару беҳтар шинохтанд. Турсунзода ин дуро оламгир кард. Солҳои зиндагии устод, вақте дӯстонашон - адибону сиёсатмадорони шинохтаи давр азми сафари кишвари мо мекарданд, намегуфтанд ба Тоҷикистон меравем, мегуфтанд, ки хонаи Мирзо равонаем. Расул Ҳамзатов, Файз Аҳмад, Парвиз Нотили Хонларӣ, Ғафур Ғулом, Иржи Бечка, Михаил Шолохов, Николай Тихонов, Чингиз Айтматов, Мулк Раҷ Онанд, Зулфия Исроилова дар ҳавлии устод, ки ҳоло Осорхонаи адабию ёдгории Мирзо Турсунзода мебошад, меҳмон шудаанд. Ин ҳавлиро метавон қадамҷой номид. Қадамҷои устод Садриддин Айнӣ ва дигар шахсиятҳои номдори замон.
ҲАВЛИИ СЕРМЕҲМОН
40 сол аст, ки ин ҳавлӣ боз ҳам меҳмондор аст. Пайвандони устод, дӯстону шогирдон, алоқамандони шеъру адаб ҳамарӯза меҳмони ин кошонаанд. Бале, мардум ҳанӯз ҳам ба хонаи Мирзо Турсунзода меоянд ва ин беҳтарин арҷгузорӣ ба хизматҳои ин абармард арзёбӣ мешавад. Осоре, ки дар ҳавлӣ маҳфуз мебошад, зиндагиномаи Турсунзодаро ба дӯстдоронаш бозгӯ мекунад. Бо забони аксҳо, китобҳо, ҳадяҳо аз ҳар канори дунё. Ва андешаҳои адибони номдор дар бораи Мирзо Турсунзода, ки дар осорхона навишта шудаанд: «Бигзор килки ту бо ранги нилуфар ҷовидонӣ нақшу нигор бандад» (Михаил Шолохов), «Ҳар миллате, ки чун Мирзо Турсунзода фарзанд дорад, миллати саодатманд аст» (профессор Ахвледиани аз Гурҷистон), «Овози шунавои ӯ ҳамчун мунодии ҳақиқат ва гуманизм дар бисёр маҷлисгоҳҳо ва толорҳои калони мамлакатҳои ҷаҳон баланд садо дод, ки онро маллоҳони Миср, бузургони Ҳинд, киштисозони Марсел ва моҳидорони Адел шунидаанд. Онҳо ӯро медонистанд, асарҳояшро мехонданду дӯсташ медоштанд. Одамоне чун устод Мирзо Турсунзода ҳеҷ гоҳ намемиранд. Онҳо ҳамеша ҳамроҳи моанд» (Тошли Қурбонов, шоири туркман) далели бузургии устод Турсунзода ва хидматҳои шоёни ӯ дар рушди адабиёт ва сулҳи ҷаҳонӣ мебошанд.
ҚИСМАТЕ АЗ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ
Ин манзил манзили одӣ нест. Онро метавон қисмате аз таърихи миллати тоҷик ном бурд. Дар хона-музей 4000 китоби ҷамъовардаи шоир нигаҳдорӣ мешавад. Дар ҷевони хонаи корӣ низ китобҳои зиёде бо соядасти устодону шогирдон ҷой гирифтааст. Ин ҷо, ҳамчунин, 600 экспонат, 50 ордену медал ва тақрибан 100 нишони фахрии Қаҳрамони Тоҷикистон нигаҳ дошта мешавад.
- Хонаамон чор сол баъд аз вафоти қиблагоҳ, дар соли 1981 ба муносибати 70 - солагиашон бо қарори Ҳукумати кишвар ба Осорхонаи адабӣ - ёдгории Мирзо Турсунзода табдил шуд. Ҳамон вақт модарам ба мо гуфтанд, ки ҳамаатон хонаву дар доред. Ҳарчанд ҳавлӣ ҳавлии падаратон асту дар он ба воя расидаед, аммо хоҳиш мекунам, ки чизеро бо худ набаред. Бигзор ҳама асбобу анҷоме, ки падаратон ҳини зиндагиашон истифода мекарданд, дар ҳамин хона ба ёдгор бимонад, - гуфт Фирӯза Турсунзода, нахустфарзанди устод.
Дарвоқеъ, қисмати адабии осорхона, тавре Фирӯза Турсунзода гуфтанд (ба ғайр аз пардаву гилем, ки бо тақозои замон иваз шудаанд), мисли пешин аст. Бояд зикр намуд, ки бинои хонаро Мирзо Турсунзода дар 38 - солагиашон бо маблағи Ҷоизаи давлатии СССР, ки соли 1948 барои қисми якуми силсилаи шеърҳои "Қиссаи Ҳиндустон" сазовор шудаанд, сохтааст. Фарзанди сеюми хонавода - Парвиз ва набераи якум низ ин ҷо ба дунё омадаанд. Достонҳои - "Ҷони ширин", "Ҳасани аробакаш", қисми дуюми "Қиссаи Ҳиндустон", "Садои Осиё", силсилаи шеърҳои "Ман аз Шарқи озод" дар ҳамин манзил эҷод шудаанд.
ЁДГОРИҲОИ НОДИР
Ҳар як ашёи хона моро ба сӯи таърих мебарад ва ба ҳаёту зиндагии Мирзо Турсунзода ошно месозад. Чунончи тахтаи шоҳмот дар айвони хона баёнгари он аст, ки устод ин бозиро хеле дӯст медоштанд. Вақти фориғ аз кор бо устодон Абдусалом Деҳотӣ, Зиёдулло Шаҳидӣ, Фозил Солиев, ки дар ҳамсоягӣ мезистанд, шоҳмотбозӣ мекарданд. Дигар ёдгорие, ки арзиши баланд дорад, ин пианино мебошад. Онро боз як фарзанди барӯманди халқи тоҷик Бобоҷон Ғафуров дар зодрӯзи духтарашон Фирӯза ҳадя намудаанд.
Аксари дарахтони ҳавлиро низ худашон шинондаанд. Аввалин ниҳоли шинондаашон чормағз мебошад, ки ҳанӯз ҳам боровар аст. Вақти сохтани бинои осорхона онро низ чун ёдгорӣ нигаҳ доштанд.
Баъд аз суҳбат бо Моҳшариф Табарова, директори осорхона, доир ба ҳаёту фаъолияти устод маълумоти фаровон пайдо намудам ва ба зеҳнам мисраъҳои зебои худи устод омад:
То абад, бигзор бошад шуълаафкан шуълабор
Он чароғе, ки фурӯзон гашт дар маъвои ман.
Дарвоқеъ, имрӯз ҳам чароғи афрӯхтаи устод шуълабор аст.
Лола РИЗОӢ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.05.2021 №: 104 Мутолиа карданд: 959