туризм
САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ. МАРҲИЛАИ НАВИ РУШД
Нимаи дуюми соли 2020, бинобар пандемияи коронавируси навъи нав дар ҷаҳон ва таъсири бесобиқаи он ба соҳаи сайёҳӣ сайёҳии дохилӣ ягона самте гардид, ки соҳаро аз таназзул боздошт. Ҷаҳонгардон дар ин давра сайр дар кишвари худро интихоб карданд. Чун дар Тоҷикистон ҳиссаи сайёҳии дохилӣ назар ба сайёҳии воридотӣ кам буд, ширкатҳои сайёҳӣ дар ин самт мушкилӣ кашиданд, вале мардум бевосита, бо истифода аз фурсат, бо мароқ дидан аз маконҳои сайёҳиро ихтиёр карданд.
Сабаби инро Руслан Ҳамроқулов, директори иҷроияи ширкати сайёҳии «Ориён Адвентур» дар кам будани рекламаи дохилӣ ва нарасидани шароити мардум барои гирифтани тур ба ягон самте маънидод мекунад. Ба гуфтаи ӯ, гарчанд сайёҳии дохилӣ дар Тоҷикистон ба қадри дигар кишварҳои пешрафта аз лиҳози сайёҳӣ пешрафта набошад ҳам, пешравиҳоро дар ин самт набояд нодида гирифт. Имрӯзҳо назар ба солҳои 2013-2014-ву 2015 қариб ҳамарӯза гурӯҳи истироҳаткунандагонро дар манконҳои сайёҳӣ, аз қабили Искандаркӯл, Ҳафткӯл, Чилучорчашма, Чилдухтарон, Сари Хосор метавон вохӯрд, ки гувоҳ аз рушди бомароми сайёҳии дохилӣ дар мамлакат мебошад.
Мувофиқи маълумоти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои қаблӣ сайёҳии дохилӣ дар ММД тахминан 0,3%-и даромадро ташкил медод. Яъне, аз ҳисоби сайёҳии дохилӣ ба буҷети мамлакат дар доираи 2-3 миллион доллар маблағ ворид мешуд. Дар соли 2020 таносубан ин нишондиҳанда кам шуд, зеро ширкатҳои сайёҳӣ имконияти ташкили сайёҳии дохилиро ҳамчун самти фоиданок надиданд. Бино ба гуфтаи Абдукарим Қурбонов, мудири бахши котиботи Кумитаи рушди сайёҳӣ, алҳол кумита дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои сайёҳӣ самтҳои афзалиятноки рушди соҳаро баррасӣ намуда, барои пешрафти минбаъда нақшаҳои мушаххас таҳия намудааст, ки фаъолият аз рӯйи онҳо ба рушди сайёҳии дохилӣ дар кишвар суръат мебахшад. Аз ҷумла, бо ин мақсад чанде қабл дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо ширкати логистикии ватании «Asian Express» хатсайри нави сайёҳии «Душанбе-Данғара-Балҷувон-Ховалинг» ифтитоҳ гардид. Ҳар нафари хоҳишманд тавассути ин хатсайр ба минтақаҳои сайёҳии Данғара, Балҷувон, Ховалинг ва Муъминобод сафар намуда, имконияту иқтидорҳои табиии ин минтақаи биҳиштосои Тоҷикистон, ки бо ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, табиати бою нотакрор, мардуми некухисол, обу чашмаҳои софу зулол, рӯдҳои кӯҳии хурӯшон ва олами бои набототу ҳайвонот қалби садҳо сайёҳону ҷаҳонгардони хориҷиро тасхир намуда, маъруфи ҷаҳон гардидаанд, дидан намоянд.
Тибқи таҳлилҳои Кумитаи рушди сайёҳӣ дар давраи пандемияи ҳамагир ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ба буҳрони шадиди иқтисодиву молиявӣ дучор шуданд. Вале, бо дастгириву имтиёзҳои пешниҳоднамудаи Ҳукумати мамлакат дар ин давра ягон ширкати сайёҳӣ баста нашуд. Давраи мушкилро барои бартарафсозии мушкилоти ҷойдошта дар самти хизматрасониҳо ва инфрасохторӣ истифода бурданд. Ширкати аз ҳама фаъол дар ташкили сайёҳии дохилӣ ширкати сайёҳии «Скай тур» маҳсуб меёбад, ки хоҳишмандонро ба минтақаҳои гуногуни кишвар бо нархҳои дастрас барои аҳолии мамлакат пешниҳод дошт, ки барои пешрафт ва мавқеъ пайдо кардани сайёҳии дохилӣ дар мамлакат мусоидат менамояд.
Сайёҳии дохилӣ мисли сайёҳии воридотӣ яке аз рукнҳои асосии сиёсати фарҳангӣ буда, пешрафту рушд ва ба таври комил роҳандозӣ гаштани низоми он барои баланд бардоштани ифтихори милливу хештаншиносӣ, донистани таъриху фарҳанг, ваҳдати миллату якпорчагӣ, мустаҳкамсозии равобити сокинони минтақаҳои гуногуни кишвар ва рушди иқтисодиёти миллӣ мусоидат менамояд.
Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.05.2021 №: 104 Мутолиа карданд: 7320