logo

паёмҳо

ПАЁМИ ШОДБОШИИ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба муносибати таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, 28 майи соли 2021

 

Муҳтарам генералҳо, афсарону прапоршикҳо ва сарбозони Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ!
Ҳамаи шуморо, ки ҳамчун сипари боэътимоди давлати Тоҷикистон ва мардуми тоҷик дар ҳифзи тамомияти арзӣ ва суботу оромии кишвар шабонарӯз хизмати шоиста анҷом медиҳед ва қарзи фарзандии худро дар назди Ватан ва халқи Тоҷикистон ҷавонмардона иҷро мекунед, ба муносибати 27 – солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ самимона табрик мегӯям.
Қӯшунҳои сарҳадӣ, ки дар айёми бисёр вазнину ҳассоси таърихи халқамон таъсис дода шуданд, на танҳо барои ҳимояи Истиқлоли давлатӣ, пойдории давлатдории миллӣ, ҳимояи марзҳои кишвар ва амнияти ҷомеа саҳми басо арзишманд гузоштанд, балки нишонаи возеҳи истиқлоли сиёсии давлати тоҷикон мебошанд.
Давлату Ҳукумати мамлакат тайи даврони соҳибистиқлолӣ ба таҳкиму таъмини ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои хизмат ва зиндагии ҳайати шахсӣ таваҷҷуҳи доимӣ ва аввалиндараҷа дода, дар тамоми мавзеъҳои сарҳади давлатӣ дидбонгоҳҳои нави сарҳадӣ ва дигар иншооти заруриро бунёд ва ҷузъу томҳои марзбониро бо техникаву таҷҳизоти муосир, силоҳу муҳимоти ҷангӣ ва дигар ашёву лавозимоти ҳарбӣ таъмин намуда истодаанд.
Ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадӣ аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ барои ҳимояи марзу буми кишвари соҳибистиқлоли худ ҷасорату мардонагӣ ва фидокориҳои зиёд нишон додааст.
Барои софдилонаву садоқатмандона адо намудани хизмати ҳарбӣ дар баробари дигар хизматчиёни воҳидҳову қисмҳои низомии кишвар шумораи зиёди афсарону сарбозони далеру ҷасури Қӯшунҳои сарҳадӣ бо мукофотҳои олии давлатӣ ва рутбаҳои ҳарбӣ сарфароз гардонда шудаанд.
Даҳҳо нафар хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ барои ҳифзи сохти конститутсионии давлати тозаистиқлоли тоҷикон, таъмини рӯзгори осудаи сокинон, оромиву суботи мамлакат ва ҳангоми амалиёту муҳорибаҳои зиддитеррористӣ ҷони худро қурбон кардаанд, ки мардуми шарифи тоҷик ва давлату Ҳукумати кишвар номи неки онҳоро ҳаргиз фаромӯш нахоҳанд кард.
Солҳои охир амнияти ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла мардумони минтақаи моро, таҳдиду хатарҳои муосир, пеш аз ҳама, терроризму экстремизм, радикализми динӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ба таври ҷиддӣ халалдор карда истодаанд.
Дар чунин шароит шумо – афсарону сарбозони ҷасуру далери Қӯшунҳои сарҳадӣ, ки дар сафи пеши ҳифзи суботу оромии сокинони Ватани маҳбубамон ва амнияти давлату ҷомеаи кишвар қарор доред, бояд бо интизоми оҳанини ҳарбӣ омодагии баланди ҷангиро таъмин намоед, ҳамеша ҳушёру зирак ва барои ҳимояи марзу буми давлат ва зиндагии осоиштаи халқамон доим омода бошед.
Бо эътимоди комил изҳор менамоям, ки шумо – марзбонони шуҷои кишвар ҳамчун фарзандони содиқи мардуми Тоҷикистон ва ҳомиёни далери марзу буми Ватани азизамон минбаъд низ бо ифтихори баланди ватандорӣ ва ҷасорату мардонагӣ барои ҳимояи соҳибихтиёрии давлат, ҳифзи амнияти миллӣ ва суботу оромии ҷомеа ҳамеша омода хоҳед буд.
Бори дигар ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадӣ – марзбонони далеру ҷасури Тоҷикистони озоду соҳибихтиёрро ба муносибати 27 – солагии рӯзи таъсисёбии ин сохтори ҳарбии муосир, ки дар соли Ҷашни бузургу муқаддаси миллиамон – сисолагии Истиқлолияти давлатии Ватани маҳбубамон таҷлил мегардад, самимона табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо тандурустӣ, сарбаландӣ ва дар иҷрои уҳдадориҳои душвору пурифтихорашон барору комёбӣ орзу менамоям.
Ҳамеша сарбаланду сарфароз бошед, марзбонони шуҷои Ватан!
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.05.2021    №: 105    Мутолиа карданд: 7924
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед