фарҳанг
ШОМИ ШАНБЕ
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
МУАММОИ «ОИЛА»
15 МАЙ – РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА
САВОЛҲО:
1. Шоҳсутуни хонадон. 2. Марди сахӣ, дасткушод. 3. Илме, ки таркиб, миқдор ва каму зиёд шудани аҳолиро меомӯзад. 4. Писари Исҳоқ пайғамбар. 5. «Одамӣ ҳам пеш аз он к-одам шавад, …. буд, (А. Бедил)». 6. Насл, валад. 7. Номзади духтар. 8. «Машав ғамгин агар … бизодӣ». 9. Заҳри ишқ. 10. Ба зимма гирифтани чизе аз касе. 11. Ба тартиб овардани чизе. 12. Ҷамъомади мардум барои кори якҷоя. 13. Писари бародари падар. 14. Он чӣ ба касе месупоранд, то онро нигоҳдорӣ кунад. 15. Калимае, ки оиларо барҳам медиҳад. 16. Асари Унсурулмаолии Кайковус. 17. Номи аслии Ҷомӣ. 18. Ақд кардан. 19. Шумораи тартибӣ. 20. Асоси оила. 21. Доро шудан ба илму фанни замонӣ. 22. Шараф, обрӯ. 23. «Меваи …, ширин аст». 24. Шоири тавоно. 25. Озмоиш кардан, санҷидан. 26. Ҳисси бадбинӣ нисбат ба касе. 27. Шахсе, ки асар менависад, эҷод мекунад. 28. Яке аз усулҳои таълими кӯдакон. 29. Шароити мусоид барои иҷро. 30. Асари Б. Ғаффуров. 31. Нотинҷ, ноором. 32. Ҷоду, таъвиз. 33. Қабр, оромгоҳ. 34. Пайвастагии ягон унсур бо оксиген. 35. Нотарс, далер. 36. Мошини ҳуруфчинии матбаа.
Мураттиб Муинҷон ХОЛИҚОВ,
сокини ноҳияи Айнӣ
ҶАВОБ БА МУАММОИ «ШОИР» АЗ 21 МАЙИ СОЛИ 2021
1. «Ном». 2. «Модарнома». 3. Агар. 4. Рубоӣ. 5. «Илҳом». 6. Марав. 7. «Вақт». 8. Турсунзода. 9. «Адиб». 10. «Ба модарам».11. Мумтоз. 12. «Забонгумкарда». 13. Араб. 14. Баҳор. 15. «Рӯзи сафед». 16. Дӯстам. 17. Муъмин. 18. «Нилуфар». 19. Расул. 20. Лоиқ. 21. Қайсин. 22. «Нӯшбод». 23. Душанбе. 24. Евтушенко. 25. «Офтобборон». 26. Нишон. 27. Назм. 28. Мавлавӣ. 29. «Ирфон». 30. «Нону насиб». 31. Боқӣ. 32. Имшаб. 33. «Бунёдкорон». 34. Намак. 35. Куняев. 36. Ваҳдат. 37. «Ташнадил». 38. Лекин.
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05,
bzm_701@mail.ru
ТОҶИКИСТОН АЗ НИГОҲИ СОМОНАИ СТОФАКТОВ.РФ
Ба наздикӣ сомонаи Стофактов.рф дар бораи Тоҷикистон чунин далелҳои ҷолибро нашр намуд.
Аввалин шакли давлатдорӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз пеш аз милод пайдо шудааст, ки онҳо Бохтар ва Суғд ном доштанд.
Археологҳо дар наздикии ноҳияи Ховалинги кишвар мавзеи таърихии давраи палеолити поёнро кашф намудаанд, ки умри 950 - ҳазорсола дорад ва яке аз куҳантарин мавзеъ дар Осиёи Миёна ба шумор меравад.
Тоҷикистон – ин на танҳо номи як кишвар аст, балки бо чунин ном сайёраи хурде дар само давр мезанад, ки 250 миллион километр дуртар аз Замин ҷойгир аст.
Яке аз калонтарин кони нуқраи ҷаҳон дар шимоли Тоҷикистон ҷойгир мебошад.
Сарбанди Неругоҳи барқи обии Норак ба Китоби рекордҳои Гиннесс чун баландтарин сарбанд ворид шудааст – баландии он 304 метр аст, яъне он аз манораи Эйфел ҳам, баландтар мебошад.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ
МИЛЛАТИ ХАЙРХОҲИ БАШАР
Тоҷикдухтаре дар Африқо ташналабонро бо об таъмин кард
Тоҷикдухтаре бо сохтани чоҳи обрасонӣ ва тақсими ғизо барои кӯдакон дар яке аз фақиртарин гӯшаҳои Африқо вирди забонҳо шуд.
Дина Саева зодаи Тоҷикистон (Мадина Басаева), ки ҳоло муқими Федератсияи Россия аст, ин амалро дар доираи як маъракаи хайрия анҷом дод ва онро ба арвоҳи падараш бахшид. Иқдоми тоҷикдухтар бо унвони «Дар ёди падар», ки дар лавҳаҳо бо забони тоҷикӣ навишта шудааст, сурат гирифта, мавриди истиқболи шумори зиёди одамон дар гӯшаҳои гуногуни дунё гардид. Аз ҷараёни маъракаи хайрия дар расонаҳо аксҳое нашр шуданд, ки дар онҳо парчамҳои Тоҷикистону Африқо ва бонуи тоҷик дар ҳалқаи кӯдакони африқоӣ дида мешаванд.
Мадинаи 21 – сола, ки дар айёми хурдсолӣ ҳамроҳи оила аз Тоҷикистон ба Россия рафта буд, ҳоло яке аз блогерони машҳур шинохта мешавад.
Таҳияи Наргис АТОЕВА
ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ
Рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешаванд. Мувофиқи талабот, довталабон бояд номи муаллифони матнҳои пешниҳодшударо пайдо ва ба идораи рӯзнома пешниҳод намоянд.
Рӯзи якшанбе, қарибиҳои бегоҳӣ ба хона баргаштам. Ҳангоме ба шаҳр ворид гардидам, дар кӯчаҳои он қариб одаму мошин ба чашм намерасид. Чароғакҳои роҳнамо беист чашмак мезаданд, низомиён дар ягон ҷой дида намешуданд. Ба ростӣ нафаҳмидам, ки чӣ гап шуда бошад. Ба назар чунин мерасид, ки гӯё сокинони Душанбе- шаҳрро тарк карда, баромада рафтаанд.
* * *
Ҷуз ёд аз он фасли тарабнок намонд,
Миқроз бимонду навдаи ток намонд.
Дарёи ғами ишқ ҳама кард хароб,
Эй сел, маё, дар ин замин хок намонд.
Ҷавоб ба рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз 21 майи соли 2021
Г. Г. Маркес
Ш. Шоҳин
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
РАҚАМ ДАР КВАДРАТ
Маърӯзаи физики машҳур Эйнштейнро шунида, як хонуми зебои малламӯй бо исрор хоҳиш мекунад, ки як бор ба ӯ занг занад.
- Рақами телефони ман осонакак 36 361 144, - умедворам, ки дар хотир нигоҳ медоред, - бо умед таъкид мекунад хонум.
- Бале, се дувоздаҳ ва нуздаҳу дувоздаҳ дар квадрат мегӯяд физик.
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
ҲУҚУҚИ МУАЛЛИФ
Он чӣ гуна ҳифз мешавад?
Равшании манораи Эйфел дар Париж асари рассоми муосир аст, ки бо ҳимояи ҳуқуқи муаллиф ҳифз шудааст. Ҳар касе, ки мехоҳад бурҷро пас аз торикӣ аксбардорӣ намояд ва барои мақсадҳои тиҷоратӣ истифода барад, бояд иҷозати махсус дарёфт кунад.
***
Дар Олмон аксбардории ғизо дар тарабхонаҳо ва паҳн кардани он бидуни иҷозати пешакӣ вайронкунии ҳуқуқи муаллифии ошпаз маҳсуб меёбад.
Таҳияи Шаҳноз ҚУРБОН
ЯК СИРРИ САРВАТМАНДӢ
Бизнестренерҳои амрикоӣ ва машваратчиёни тиҷоратӣ таъкид кардаанд: «Сарватмандон аз камбағалон бо тарзи фикррониашон фарқ мекунанд. Дуруст сарф намудани пулро ба ҳар хоҳишманд омӯхтан мумкин аст, вале агар ақидаҳои инсон ба кӯйи ноумедӣ нигаронда шуда бошанд, аз муфлисӣ сар бардоштан мушкил аст».
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
ГРЕЙС ХОППЕР
Контр – адмирале, киба COBOL асос гузошт
Грейс Хоппер, олим ва контр-адмирали Флоти ҳарбиву баҳрии ИМА, ҳамзамон, яке аз аввалин барномасозони барномаҳои компютерӣ мебошад.
Ӯ нахустин шуда, барномаи махсуси тарҷумониро барои компютерҳо (компилятор) таҳия намудааст. Консепсияи мошинаи барномасозии мустақили забонҳоро рушд дода, ба сохтани COBOL, ки яке аз аввалин барномаи сатҳи баланди забонҳост, асос гузошт. Маҳз ба шарофати ӯ барномаҳои тарҷумонӣ - компиляторҳо пайдо шуданд. Ин барномаҳо мутолиаи матлабро бо забонҳои мухталиф осон мекунанд, зеро тарзи истифодабариаш хеле сода мебошад.
Таҳияи Нигина РАҲМОН
ҶОЗИ БАРТЕЛ
Соли 1952 дар Бозиҳои олимпии Ҳерлсинки Ҷози Бартел варзишгари Люксембург дар сабқати давидан, ба масофаи 1,5 ҳазор метр бо рекорди олимпӣ пирӯз омад.
Чун анъана, ба ифтихори ғолиб бояд Суруди миллии ин кишвар садо медод, вале бо сабаби номаълум кумитаи тадорукот сабти онро дар ихтиёр надошт. Аз ин вазъи ногувор аз чашмони Ҷози Бартел беихтиёр ашк мерехт. Ҳарчанд намояндагони кумита дарҳол бахшиш пурсида, барои навохтани гимн оркестрро даъват карданд, вале барои қаҳрамон ин зарбае шуд фаромӯшношуданӣ. Аз ҳамон вақт инҷониб, Бартел дигарбора кӯшиш накард, то дар мусобиқаҳои байналмилалӣ соҳиби ҷои аввал гардад.
Қобили зикр аст, ки ӯ ягона варзишгари Люксембург мебошад, ки дар бозиҳои олимпӣ медали тиллоро ба даст овардааст.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
ЯК ПАНД
Энтони Роббинс: «Зиндагиро ба чаҳор фасл ташбеҳ мекунам: ҳеҷ фасле ҳамешагӣ нест. Зимистон то абад тӯл намекашад. Агар имрӯз мушкилие доред, бидонед, ки баҳор дар пеш аст».
Таҳияи Нигина РАҲМОН
СОҲИБИ 26 МИЛЛИОН ДОЛЛАР ДАР 8 – СОЛАГӢ
Райан Кадҷии ҳаштсола соли дуюм аст, ки аз ҳама блогери сердаромадтарин дар YouTube дониста мешавад. Мувофиқи рейтинги солонаи Forbes даромади солонааш 26 миллион долларро ташкил додааст. Райан дар YouTube бо номи Ryan's World, яъне “Дунёи Райан” канали махсуси худро дошта, дар он зиндагии рӯзмарааш инъикос меёбад. Наворҳои видеоӣ бештар аксуламали писарбачаро ҳангоми хариди бозичаҳои нав, кушодани қуттии туҳфаҳо ва чӣ гуна вақти холигии худро бо дӯстон ва пайвандон мегузаронад, фаро гирифтаанд.
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
АНБОРИ ҶАҲОНИИ ТУХМИҲО
Бино ба маълумоти «Я и Мир» паногоҳи зеризаминӣ- анбори ҷаҳонии тухмиҳо дар Норвегия қарор дорад. Чуқурии анбор 100 метр буда, воситаҳои муҳофизаташ ҳайратангезанд, зеро дар дохили он қариб садҳо ҳазор тухмии рустаниҳои гуногуни олам ҳифз мешавад. Анбори мазкур барои рӯзи мабодо эъмор гаштааст, яъне барои ҳифзи рустаниҳо дар ҳолати рух додани ягон фалокати ҷиддии глобалии экологӣ.
Дар ин «хазинагоҳи рустаниҳо» ҳар кишвари дунё ҷойи ҷудогонаи худро дорад.
Таҳияи Умар АЛӢ
«МЕНУЭТИ БУҚА»
Оҳангсози машҳури австриягӣ Йозеф Гайдн вақте пушти дари худ ҳамсояи қассобро мебинад, ҳайрон мешавад.
- Маэстро, - ба қарибӣ духтартӯй дорам, хоҳиш мекунам барои оилаи мо як менуэт (оҳанги рақсии фаронсавӣ бо сурудаш)-и олиҷаноб нависед, ки то субҳ бирақсем, - мегӯяд қассоб.
Чун Гайдн хоҳиши ҳамсояро иҷро мекунад, қассоб мехоҳад подоши хизмати ӯро ҷуброн созад. Ҳамин тавр субҳи содиқи пас аз тӯй Гайдн аз садои ғулғуладори мусиқӣ бедор шуда, хоболуд сар аз тиреза берун мекунад. Аҷиб, қассоби ҳамсояро мебинад, ки дар қатори чанд навозандаи дигар менуэти ӯро бо шавқ хондаву рақс дорад. Дар миёни саҳна бошад, як буқаи калони занҷирбанд. Шохҳои дарозу зебои буқа гӯё бо оби тилло шустагӣ бошанд, ки ялаққос мезаданд. Қассоби сархуш чун ҳамсояашро мебинад, як қадам пеш монда, аз сидқ чунин мегӯяд:
- Маэстро, ҳамкасбони ман хуб медонанд, ки қассоб танҳо ба одами аз ҳама азизтаринаш буқа туҳфа мекунад. Фикр мекунам, ки заҳмати шумо ба азамати ин ҷонвар меарзад…
Аз ҳамон замон то инҷониб ҳамин оҳанги Гайдн бо номи «Менуэти буқа» дар дунё машҳур аст.
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
ҶАЗОИ САХТУ АЙБИ
НОЧИЗ Ё АЗ ЗИНДОН РОСТ БА БИҲИШТ
Соли 2003 Ҳасина Бегум, сокини 65 – солаи шаҳри Аврангободи Ҳиндустон, барои аёдати хешовандонаш ба Покистон омад. Ҳангоми сукунат дар ин ҷо аз қазо шиносномаашро гум карду дар бало монд.
Ҳодиса барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвари мизбон боиси шубҳа гардид ва бидуни таҳқиқи ҳолати кор Ҳасинаи бешиносномаро 18 сол ҳабс карданд.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
ТАҲСИЛ ДАР ЧИЛ КОЛЛЕҶ
НАВРАСИ АМРИКОИРО МИЛЛИОНДОР КАРД
Сэм Лайонс як ҷавони амрикоӣ тавонистааст, ки дар як вақт ба 40 коллеҷ дохил шуда, таҳсил намояд ва, ҳамзамон, 1,6 миллион доллари ИМА стипендия бигирад.
Матлаб дар бораи ин писарбача дар нашрияи News Now чоп гардид. Алҳол Сэм 18 сол дорад ва, аллакай, ба шарофати зеҳну хиради хеш миллиондор шудааст. Бештари коршиносони соҳаи маорифи ИМА ба амали донишҷӯ баҳои баланд доданд, зеро дар таърихи маорифи Амрико ин ҳолати бесобиқа аст.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
ОЁ МЕДОНЕД?
Алмос нисбат ба чамбараки тиллоӣ ё платинагии он зудтар месӯзад. Дар ҳарорати 9000 С алмос об шуда, аз худ нишоне намемонад.
***
Дар Арабистони Саудӣ дарё вуҷуд надорад.
***
Оникс – ягона дарё дар Антарктида мебошад, ки дар як сол ҳамагӣ 60 рӯз ҷорӣ мешавад.
***
Дар таркиби лимӯ қанд нисбат ба қулфинай бештар аст.
***
Аслан Кока-кола ранги сабз дошт.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА
НОМИ НЕСТАНДАРҶАҲОН
Соли 1991 як оила аз Швейтсария барои номгузории ғайриодии фарзанд 5000 крон (тақрибан 700 доллари ИМА) ҷарима шуд. Ин оила писарро «Brfxxccxxmnpcccclllmmnprxvclmnckssqlbb11116» ном гузошта буд. Судя ба ин ном розӣ нашуда, ба волидони навзод гузоштани номи дигарро пешниҳод кард. Пас «ихтироъкорон» номро ихтисор карданд. Ба писар «А» ном монданд. Судя боз рад намуд. Баъд ба хулосае омаданд, ки ба ӯ исми Албинро гузоранд.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.05.2021 №: 105 Мутолиа карданд: 1430