сиёсат
ДУШАНБЕ. БА ҲАР КОРЕ, КИ ҲИММАТ БАСТА ГАРДАД...
Олими нуктасанҷ, доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон С.Ятимов муҳтавои таълимоти Пешвои миллатро дар соҳаи тарбия хеле муҳаққиқона таҳлилу баррасӣ намуда, ишора кардаанд: «Таъкиди доимии Пешвои миллат иборат аз он аст, ки тарбия ва таълим бояд қудрати бузурги дигаргун сохтани инсонро ба манфиати ҷомеа ва рушду нумӯи он дошта бошад…».
Қобили тазаккур аст, ки ташаккули ҷаҳонбинии миллӣ аз мавзӯъҳои марказие мебошад, ки Сарвари давлат дар баромадҳои худ аз он ёдовар шуда, диққати мардум ва таваҷҷуҳи онҳоро ба он ҷалб менамоянд. Аз ин лиҳоз, аз навиштаҳои олим ва таҳлилу баррасии Паёми Пешвои миллат (26 январи соли 2021) дуруст дарк мешавад, ки «рушди фитрати инсонӣ, аз ҷумла масъалаҳои таълим ва тарбияи омма, ташаккули хештаншиносии миллӣ аз мавзӯъҳои калидии Паём маҳсуб мегарданд».
Имрӯзҳо ҳамагон дар суҳбату нишастҳо зикр мекунанд, ки пойтахти кишварамон – шаҳри Душанбе соат ба соат, рӯз ба рӯз ободу зебо гардида, диққати ҷаҳониёнро ба худ ҷалб менамояд.
Боиси ифтихори ҳар як сокини пойтахт аст, ки онро маркази фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон намуда, мақому манзалати шаҳри азизамонро ба ин васила қадрдонӣ намуданд.
Ин мақому манзалат, яъне хубтару зеботар гардидани пойтахтамон ба осонӣ ба даст наомадааст.
Биноҳои баландошёнаву бошукӯҳ, кӯчаҳои гулафшон, хиёбонҳои тозаву озодаву дилрабо бо азми бунёдкории раиси ҷавони шаҳр Рустами Эмомалӣ насибамон гардид.
Аз ҳикмати бузургон чунин дарёфтам, ки ақлу заковат ба синну сол набуда, балки ба фазилат ва ақлу донишу кордонӣ ва раҳнамоии дуруст вобаста мебошад. Ба шарофати рисолат ва пухтакории раиси шаҳр баҳори рӯзгорамон гулафшон шудааст.
Аз ин андешаҳо ва иқдомҳои наҷиб илҳом гирифта, мехоҳам диққати хонандагонро ба як масъалаи ба назари инҷониб зарурӣ ҷалб намоям, то барои ободиву созандагии пойтахти кишвар каме бошад ҳам, саҳмгузорӣ шавад.
Дар гӯшаи шарқии Душанбешаҳр ё худ 10-12 км поёнтар аз пойтахт бинои қадимаи масҷиди ҷомеи Мавлоно Яъқуби Чархӣ бо кандакории суннатияш хеле зебо ба назар мерасад, ки он бозгӯи ҳақиқати таърихи қадимаи мардуми тоҷик мебошад.
Дар саҳну сарои масҷид баробари боғу чинорҳои муҳташам, мақбараи Мавлоно Яъқуби Чархӣ, ки яке аз бузургони ҷараёни нақшбандия аст, мавҷуд мебошад, ки ҳамарӯза олимону обидон, одамони ихлосманд бо муҳаббати том ба зиёраташ меоянд. Чунки мероси илмиву ахлоқии Мавлоно Яъқуби Чархӣ доманаи фарох ва паҳнои васеъ дорад. Ҳамчунин, бархе аз хусуси каромоти Хоҷа Баҳоваддини Нақшбандия ва Хоҷа Алоуддини Аттор ибрози андеша намуда, роҳу равиши ростиву растагорӣ, нафърасониву саховатмандӣ, оростагии зоҳиру ботин, тариқати зиндагиро тафсир намудааст.
Номи Мавлоно Яъқуби Чархӣ ва марқади мубораки ӯ бар ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ азизу муътабар мебошад. Мақоми ӯ, тавре зикр шуд, дар тафсиру тарғиби ахлоқи ҳамидаи инсонӣ шоистаи таваҷҷуҳи махсуси мардуми мо гардидааст. Вале, бо таассуф ибрози андеша менамоям, ки то кунун осори боарзиштарини ин сӯфии покназар, олиму муҳаққиқи донишвар ба таври бояду шояд дастраси алоқамандон нагардидааст. Гузашта аз ин, як ҷойи назаррасу таърихиямон боиси нигаронӣ шудааст.
Бояд бо садоқату матонат кор карда, ин макони азизу муқаддасро бештару беҳтар аз пештар обод намоем. Ба ин хотир, чанд пешниҳод дорам.
Бояд зикр кард, ки шахсони имконияти молиявидошта метавонанд ба хотири васеъ намудани диду назари хеш ба Кония рафта, марқади Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро зиёрат намоянд. Баъд аз дидан дарк месозанд, ки масъулини соҳа масҷиду марқади Мавлонои Румро бо кадом роҳҳо обод намудаанд.
Аввалан, бояд ёдовар бишавам, ки саҳну сарои марқади Мавлонои Рум ба мисли масҷиди ҷомеаи Мавлоно Яъқуби Чархӣ васеъ нест. Боғ ва гулгашт надорад, лекин даромад ба саҳни мақбараву саройи он 5 доллари амрикоист.
Инчунин, осорхона, макони зист, мадраса ва деворҳои мақбара бо байту ҳикматҳои Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ наққошӣ шудааст.
Дар чанд утоқ лавозимоту асбобҳои хӯрокпазӣ чун мактаби тарбиявии Мавлонои Рум гузошта шудаанд. Ба гуфтаи роҳбалад, Мавлонои Рум шогирдонро аввал аз рӯи одоби сарфакорӣ ва мубориза бо нафс тарбия менамудааст. Аз ин рӯ, мепиндорам, ки мо низ метавонем марқади Мавлоно Яъқуби Чархиро хубтару беҳтар обод намоем ва ё барои он саҳм гузорем.
Зеро, аз дидгоҳи дини мубини ислом муҳаббат ба Ватан аз гӯшаи имон аст ва ҳифз кардану обод намудани он қарз ва вазифаи имонӣ ба шумор меравад.
Ҳамин тавр, бояд гӯшаи биноро осорхона тартиб дода, аз кишварҳои хориҷӣ китобҳо ва дастуру тафсирҳои Мавлоно Яъқуби Чархӣ гирд оварда шаванд. Имрӯз, ки имкониятҳои зиёд барои иҷрои корҳои муҳим дар ин самт фароҳам аст, бояд аз онҳо хубу дуруст истифода бурдан лозим мебошад. Аз имкониятҳои интернет низ бояд истифода бурд.
Маводҳои таърихӣ бояд ҷамъоварӣ ва ба намоиш гузошта шаванд.
Роҳбаладон ва пирони доноро бояд барои баёни ҳикматҳои Мавлоно Яъқуби Чархӣ ҷалб кард.
Китоби «Шарҳи асмо-ул-ҳусно»-ро чоп карда, ба муштариён дастрас намоем. Ин амал ҳам ба фоидаи кормандон ва ҳам ба нафъи хонандагон мегардад.
Ҳавзи зебое, ки саҳни масҷидро шукӯҳу шаҳомати хосса додааст, бо оби тоза ва моҳиҳои хушранг бояд диданитар намуд.
Аз масъулони масҷиди ҷомеи Мавлоно Яъқуби Чархӣ ва мардони саховатпеша арзи сипос менамоем, ки ба муносибати Иди саиди Фитр гилему палосҳои масҷидро нав кардаанд. Боз ҳам кӯшиш ба харҷ диҳанд, то қандилҳо аз мағору тортанакҳо тоза гарданд.
Як дастурамал соли 2015 бо хатоҳои хеле ҷиддӣ бо унвони «Мақбараи Мавлоно Яъқуби Чархӣ» нашр шуда буд. Албатта, ин боиси нигаронист. Нашри наву бехатои маълумотнома бо чанд забон зарур мебошад.
Масъулон аз манбаъҳои илмӣ дуруст истифода набурда, дар саҳифаҳои 13-14-15 Хоҷа Юсуфи Чархиро фарзанди Мавлоно Яъқуби Чархӣ навиштаанд. Ҳол он ки хонандагон ва аксарияти сокинон медонанд, ки Хоҷа Юсуфи Чархӣ бародари Мавлоно Яъқуби Чархӣ буда, оромгоҳаш дар деҳаи Чиртаки шаҳри Ваҳдат ҷойгир аст.
Ман ҳамчун шаҳрванди кишвар бо масъулияти хоси ватандорӣ азм кардаам, ки як маоши худро баҳри ободонии масҷиди Мавлоно Яъқуби Чархӣ бибахшам. Бовар дорам, ки ин пешниҳодҳо пазируфта мешаванд ва мардум ба қадри тавоноӣ дар иҷрои ин кори муҳим саҳм мегиранд.
Гавҳар УМАРОВА, профессор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 31.05.2021 №: 106 Мутолиа карданд: 735