иҷтимоиёт
КӮЛОБ. БОСТОНШАҲРЕ, КИ ГУЛ КАРДАН ДОРАД
Тайи сӣ соли истиқлолият гӯшаву канори кишвари азизамон диданию дилпазир гаштаанд. Шукуфоиву сарсабзии шаҳру ноҳияҳо аз ободиву осудагӣ дарак медиҳанд. Ҳар гоҳ ки аз тамошои як шаҳр ва ё ноҳияе дидан мекунем заҳмату талошҳои шабонарӯзии Роҳбари давлат ва мардуми бонангу номуси кишвар баҳри гулгулшукуфии Ватани азиз бетарафамон намегузорад. Аз дидани шаҳри бостонии Кӯлоб ва меҳмоннавозии мардумаш ба ваҷд омадем.
Пас аз он, ки ҳайати эҷодии рӯзномаи «Ҷумҳурият» ҷиҳати саҳм гузоштан дар бартарафсозии офатҳои табиат ба оилаҳои зарардидаи шаҳри Кӯлоб як рӯзи ҳашари дастаҷамъона эълон намуд, ба ин минтақа омадем. Раҳораҳ дидани ободии диёру тамошои ноҳияҳои рӯ ба рушд чашми касро ҷило бахшида, дарак аз осудагии рӯзгори мардуми ин минтақаро медод. Роҳи мумфаршу ҳамворро чӣ гуна давоми се соат пушти сар кардем, нафаҳмида мондем. Бо додани суоли навбатиам, ки расидем буд, нигоҳам ба дарвозаи кушоду барҳавое бо навиштаҷоти «Хуш омадед ба Кӯлоб» афтод. Ин ҳолат вуҷудамро эҳсоси аҷибе фаро гирифт. Гумон кардам ҳама ҷо бар асари сел хароб шудааст. Вале, ҳар чи наздиктар мерафтем, ҳамон қадар фазои ободкориҳо намоёнтар мегардид. Кӯчаҳои ободу васеи серодам, боғу гулгаштҳои пур аз тамошобин ба зебоии Кӯлобшаҳр ҳусни дигар зам карда буд. Бовар аст, ҳар касе мисли ман аввалин маротиба ба дидани ин шаҳр мушарраф гардид, ҷойҳои таърихиву мавзеъҳои нодираш ӯро мафтун мегардонанд. Ҳар кӯчаву паскӯчаи ин макон нишонае аз якдиливу ваҳдати миллӣ дорад.
Ҳангоми расидан ба маҳалҳои офатзада, мардумро саргарми кор дидем, якдиливу ҳамраъйияшон аз тавонову қудратманд буданашон башорат медод. Аҳли қалами рӯзномаи «Ҷумҳурият» низ барои кумак дасту остин бар зад. Тамоми рӯз кормандони рӯзнома якҷо бо мардум ба бартараф кардани оқибатҳои офати табиат пардохтанд. Сарфи назар аз ҳолати сарзада, мардум шукргузорӣ аз ободии Ватанро менамуданду иморатҳои харобгардидаро аз нав бунёд.
- Шакаробу қурутобро дар ҳама минтақаҳои ҷумҳурӣ ба тарзи хос тайёр мекунанд, аммо мисли занони кӯлобӣ ҳеҷ кас онҳоро болаззат омода карда наметавонад, - бо табассум гуфт апаи Садбарг. Дарвоқеъ, хӯрокҳои лаззизу шакароби болаззат гувоҳи кадбонуҳои бомаҳорат будани хонумҳои кӯлобист.
Вақте аз маҳали офатзада берун мешудем, мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмир шудааст ва имрӯзҳо ба зиёратгоҳи сайёҳон, олимону сиёсатмадорони мамолики Шарқ табдил ёфтааст, таваҷҷуҳи моро ба худ ҷалб намуд. Пайкараи Шоҳ Исмоили Сомониву Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, нимпайкараи Кароматуллои Қурбон, суратҳои рӯи санг ҳаккокишудаи фарзандони фарзонаи миллат ва дигар ёдгориҳои таърихиву маконҳои диданибоб дарак аз бостонӣ будани Кӯлобшаҳр аст. Мардумаш бо ифтихор мегуфтанд: «Агар Душанбе қалби Тоҷикистон аст, пас Кӯлоб ҷигараш аст». Маълум буд, ки тасвири мардум бо дилу ҷигар тақсим намудани Душанбеву Кӯлоб маънии ду узви муҳими як кишварро дошт. Ҳатто роҷеъ ба як ёдгории ин шаҳр метавон саҳфаҳо навишт.
Тайи солҳои охир бо иқдоми хайрхоҳонаву ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат номгузорӣ шудани кӯчаву маҳаллаҳо ва қомат афрохтани пайкараву нимпайкараҳои фарзандони содиқи миллат баёнгарӣ он аст, ки миллати тоҷик дар ҳама ҳолат қаҳрамононашро фаромӯш намекунаду номи фарзонафарзандони Ватанро ҳамеша зинда медорад.
Дидани Маҷмааи «Силсилаи меъмории 2700 - солагии шаҳри Кӯлоб», бинои муҳташами «Хонаи ақди нигоҳ», китобхонаи боҳашамати замонавӣ, чойхонаҳои «Истаравшан» - у “Исфара”, меҳмонхонаи “Хатлон”, Театри мусиқӣ - мазҳакаи ба номи Сайдалӣ Вализода, коллеҷи санъати ба номи Кароматуллои Қурбон, ансамбли «Фалак», қасри фарҳанг, Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ, ду хона-музей ва дигар иншооти хурду бузург ҳусни шаҳрро ба куллӣ дигаргун кардаанд. Пас аз бозгашт ба худ мегуфтем, воқеан, Кӯлоб шаҳре будааст, диданиву рӯҳафзо ва месазад, ки бошандагонаш бо он ифтихор ва шуҳрату манзалаташро боз ҳам афзун намоянд.
Гулнисои САЪДОНШО, Наргис РОЗИҚОВА
“Ҷумҳурият”, Душанбе-Кӯлоб-Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 31.05.2021 №: 106 Мутолиа карданд: 502