сиёсат
ВОРУХ АЗ ЗАБОНИ ҲУҶҶАТҲОИ ГӮЁ
Воқеаҳои ахири марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар расонаҳо баҳсҳои калонро ба миён овард. Ҳаминро бояд гуфт, ки бар пояи маълумот ва ҳуҷҷатҳои расмӣ ин сарзамин сирф сарзамини тоҷикон мебошад.
Мирзошариф Исломиддинов, собиқ раиси шаҳри Исфара, ки борҳо шоҳиди ҳодисаҳои марзӣ дар ин ҳудуд шудааст, мегӯяд: «Дар асоси санадҳои ҳуқуқӣ Ворух ҳеҷ гоҳ «анклав» набуд ва тамоми қаламрави он дар ҳайати ҶШС Тоҷикистон қарор дошт. Бори аввал сарҳад миёни ноҳияи Исфара (Тоҷикистон) ва ноҳияи Ботканд (Қирғизистон), он замон вилояти автономии Қаро-қирғиз дар ҳайати Федератсияи Россия, бо қарори Кумитаи Марказии Партияи Коммунистии болшевикон, соли 1924 муқаррар гардида буд. Ҳамон вақт Ворух ҳеҷ гуна «анклав» набуд. Роҳи рости кушод вуҷуд дошт, ки Ворухро бо қаламрави боқимондаи ноҳияи Исфара мепайваст».
Санади дигаре, ки «анклав» набудани Ворухро исбот мекунад Қарори маҷлиси Президиуми Кумитаи Марказии иҷроияи ИҶШС аз 4 майи соли 1927 мебошад. Қарори мазкур бо Қарори Президиуми Кумитаи Марказии иҷроияи ҶШС Ӯзбекистон аз 23 майи соли 1927 №15/4 ва Қарори Президиуми Кумитаи Марказии иҷроияи РАС Қирғизистон таҳти №27 аз 7 июни соли 1927 ба инобат гирифта шудааст. Ва он гоҳ ба таври возеҳ муайян гардид, ки Ворух «анклав» нест ва комилан ба ноҳияи Исфара дохил мешавад. Ҳамаи ин далел ва ҳуҷҷатҳое мебошанд, ки ҳанӯз дар замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ тасдиқи худро ёфта буданд.
Ҳодисаи чи гуна соҳиб шудани қирғизҳо ба сарзамин мо тоҷикон ин гуна ба миён омадааст: 31 декабри соли 1974 гурӯҳе аз қирғизҳои бо милтиқҳо мусаллаҳ ба сокинони Ворух ҳамла карданд ва муноқишаи шадид сар задааст. Дар натиҷа, одамони зиёд аз ҷониби ҶШС Тоҷикистон маҷрӯҳ шуданд. Дар иртибот ба ин, аз ҷониби Прокуратураи генералии ИҶШС бо роҳбарии Руденко – Прокурори генералӣ, гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст. Зимни як мурофиа роҳбарияти Иттиҳоди Шӯравӣ тасмим гирифт, ки қисме аз ин заминҳоро ба сокинони минтақаи Ботканд супорад ва бо ин низоъ ором шавад. Мутаассифона, роҳбарияти ҶШС Тоҷикистон дар он замон ба ин пешниҳод розӣ гардид ва тақрибан 300 гектар замин бо инфрасохтори мавҷуда ба ихтиёри Қирғизистон дода шуд ва қирғизҳо дарҳол ба бунёди деҳаи Оқ-Сойи ҳозира шурӯъ карданд.
Аммо онҳо бояд фаромӯш насозанд, ки мардуми ба ору номуси тоҷик дигарбора иҷозат намедиҳад то сарзамини аҷдодияшон аз ҷониби касе тасарруф шавад. Мо мардуми шарафманди тоҷик ҳар ваҷаб хоки Ватани азизамонро ҳифз менамоем ва дар ободу зебо гардондани он тамоми кӯшишу ғайратамонро ба харҷ медиҳем. Ҳаводиси охири ба вуқӯъ пайваста нишон дод, ки миллати тоҷик муттаҳид буда, барои ҳимояи марзу буми аҷдодии хеш омодаанд ҷони худро нисор намоянд.
Самандар РАҶАБАЛИЗОДА, омӯзгори факултети сиёсат ва идораи давлатии
ДДБ ба номи Носири Хусрав
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 31.05.2021 №: 106 Мутолиа карданд: 1172