фарҳанг
ТУРСУНЗОДА, ШАРҚИ ОЗОД ВА ШАРҚИ ИМРӮЗ
Устод Мирзо Турсунзода ончунон ба сарнавишти Шарқи мазлум ҳассосият дошт, ки мавзӯи муборизаи ин қитъаи озодихоҳи Заминро на танҳо дар достонҳои алоҳидаи ба Осиё бахшида, балки дар шеъру манзумаҳои дигари фарогири паҳлуҳои гуногуни зиндагии мардумон, ба гуфтаи худашон «ғамҳои халқи дигарро мехӯрд»:
Шодам, аммо мехӯрам ғамҳои халқи дигаре,
Дар назар меоварам тороҷгашта кишваре.
Шоири дил ба меҳри Ватан супорида ҳамеша дар мавриди бозгӯ намудани зиндагии ранҷбори мардуми Шарқ саргузашти тоҷиконро ёдовар мешавад, ки барои озодии худ ҷоннисорӣ кардаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни таҳлили эҷодиёти пурбаҳои Мирзо Турсунзода, ки дар он сатрҳои бешуморе ба пойдории сулҳ дар ҷаҳон бахшида шудааст, бо таассуф аз воқеияти дар зери хатар будани оромиву осудагии мардумони ҷаҳон, ёдовар гардидаанд:
«Мутаассифона, сулҳу амнияти ҷаҳон, ки Мирзо Турсунзода барои он талошҳои зиёд карда буд, ҳоло боз дар зери хатар аст. Қазияи Афғонистон, ки зиёда аз бист сол идома дорад, амнияти на танҳо кишварҳои минтақа, балки ҷаҳонро халалдор мекунад».
Сиёсатшиносони зиёде сабабҳои асосии вопасмонии кишварҳои Шарқи мусалмонро дар мудохилаи пинҳонии ҷаҳонхорони Ғарб ба сиёсати дохилиашон мебинанд. Яъне, онҳо аз қаламрави мустамликаҳои пешинаашон ронда шуда бошанд ҳам, бо шеваҳои гуногун, аз ҷумла дар байни бовармандони ақидаҳои бо ҳам мухолиф муқовиматҳои силоҳнок эҷод карда, ба худ судҷӯӣ мекунанд.
Шогирди мактаби Шарқсароии устод Мирзо Турсунзода, шоири тавонои замони мо устод Ҳақназар Ғоиб дар манзумаи худ зери унвони «Дар таҷаллии офтоби Аллома Иқбол» ба ҳангоми корбурди ҷойноми Шарқ, таваҷҷуҳи хонандаро бештар ба Шарқи ориёӣ нигаронидааст. Он Шарқе, ки Куруши Бузургаш ҷаҳонро тасхир карда, Эъломияи ҳуқуқи башарро таълиф намуда буд. Шарқе, ки дар фарҳангӣ сохтани ҷаҳон саҳми равшан гузоштааст.
Шоири аз ҳилаҳову тавоноиҳои сиёсатбозони давру замонаҳои навин огоҳ ба таъкид ҳушдор медиҳад, ки шарқиён набояд дар дил хаёлҳои бемоя бипарваранд, аз ҳавасҳои пӯч ба гунаи бунёди салтанати (империяи) исломӣ ва монанди он берун шаванд:
Эй миллати Шарқ!
Омада дар мамлакати Ақл,
Берун бишавед аз ҳаваси пӯчу ҳавоӣ
Ин нукта надорад ба касе шарҳи дигаргун,
Мурда нашавад зинда ба сад мурдакушоӣ.
Ба назар чунин мерасад, ки шоири асри XXI аз шоирони гузашта, ҳатто аз шоирони садсолаи сипаришуда тафовутҳо дорад. Шоири асри XXI бояд ҷаҳонро бо чашми боз бубинад, зеро хоҳ - нохоҳ раванди ҷаҳонишавии ҷаҳон на танҳо дар меҳмонхонаи шарқиён такя задааст, балки дар ҳарамсарову кӯдакистонҳояш ҳамвора ҷой гирифтааст. Дигар акнун ёрону муттаҳидоне, ки рӯи по воистода озодиву истиқлолиятро фароҳам овардаанд, наметавонанд истиқлоли фарҳангии худро нигаҳбонӣ кунанд. Кор то ҷое расид, ки ибтидои солҳои 90 – уми садсолаи гузашта дар Тоҷикистони мо сурудаи машҳури Иқболи Лоҳурӣ ба гунаи «Аз хоби гарон хез!» - ро дар силоҳ бардошта, ба сӯи бародари худ оташ афкандан дида буданд. Дар сурате, ки шоири инсонпараст дар ин сухани шиоргунааш орзуи равнақ ва беҳрӯзии Шарқро дошт.
Чуноне ошкор аст, дар рӯзгори мо садҳо ҳазорон мардуми Шарқ зодбуми худро ночор тарк карда, ба Аврупо паноҳ мебаранд ва аз он миён даҳҳо ҳазорон дар мавҷҳои пуртуғёни уқёнусҳо бо занону фарзандони хеш ғарқ шудаанд. Бахши зиёди онҳо дар бошишгоҳҳои муваққатӣ ва хаймаҳо рӯз мегузаронанд, дастнигари ғарбиҳо буда, муҳтоҷи ёрии онҳо мебошанд. Дар ин замон дастаҳои силоҳбадаст зери шиори ислом, зодгоҳи ҳамватанонашонро ба оташ меафкананд, занону кӯдакону пирсолонро ба қатл мерасонанд. Ҳамон гуна ки дастаҳои хуношоми ба ном "Давлати исломӣ" дар Сурия ва "Толибон" дар Афғонистон ёдгориҳои таърихии ҳазорсолаи миллаташонро нобуд месозанд.
Бо ин ҳама мебояд натиҷагирӣ кард, ки ошуфтагиҳои ба сари Шарқи мазлум ба бор оварда нахоҳад барои ҳамешагӣ пойдор монд. Саволҳое, ба сони «Чаро Ғарб пеш рафту Шарқ қафо монд?» пайваста пайгири огаҳону андешаварзони Ховари Миёна ва соири мамлакатҳои Шарқи мусалмон хоҳанд буд. Дар ин росто шеъри устод Мирзо Турсунзода ба дили мардумони ноогоҳи Шарқ роҳ пайдо карда, ноумедии дар жарфнои дилашон ҷойгирифтаро берун хоҳад кашид. Шеъру достонҳо, асарҳои саҳнавӣ, мақолаҳои публитсистии устод ҳамчун неруи баланди хештаншиносии миллӣ, озодихоҳони Шарқи навинро барои расидан ба Истиқлолияти давлатӣ, муттаҳид месозад.
Устод ҳамчун як шахсияти ояндабин пешгӯӣ мекунад, ки мантиқи таърих ба тарафи халқҳои озодихоҳ ва ба ҷониби прогресс мебошад: «Инак, бо вуҷуди он ки дар ин ё он нуқтаи сайёраи мо баъзан оташи ҷанг барафрӯхта мешавад, васвасаи «ҷанги сард» хомӯш намегардад, бештар аз сӣ сол боз дар ҷаҳон вазъияти сулҳу сафо ҳифз карда мешавад.», - навишта буд ӯ.
Ҳанӯз устоди бузургвор Садриддин Айнӣ натиҷагирӣ карда буд, ки Шарқ ҳатман бедор хоҳад гашт:
Оқибат Шарқ мешавад бедор,
Гарчи ин фикр хобро монад.
Ва дар поён бояд гуфт, ки ормонҳои устод Мирзо Турсунзода ҳанӯз зиндаанд ва дур нест рӯзгоре, ки азму разми Шарқи имрӯз рӯҳи озодипарастонро дубора болида созад:
Нест аммо қуввае, ки азмро орад завол,
Рӯҳи озодипарастонро намояд поймол.
Баҳри озодӣ садои Осиё омад ба гӯш,
Хуни халқи Осиё омад ба ҷӯш,
Омад ба ҷӯш!
Зафар МИРЗОЁН,
мушовири ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб
ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 31.05.2021 №: 106 Мутолиа карданд: 1064