иҷтимоиёт
Ғ. АВЗАЛОВ: "ИСТИҚЛОЛИЯТ БУЗУРГТАРИН НЕЪМАТ АСТ"
- Ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ барои ҳар қавм бузургтарин неъмат ба шумор мераванд. Сад шукр, ки мо соҳиби ин ду неъмат ҳастем. Маҳз ба туфайли ваҳдату истиқлолият ҳоло бо осудагӣ зиндагӣ дорем. Бубинед, давлатҳое, ки аз ин неъматҳо бебаҳраанд, дар онҳо ҳамарӯза қатлу тороҷ рух медиҳаду тифлону модарон пайваста оби чашм мерезанд.
Бо зикри ин матлаб Ғайбулло Авзалов, раиси Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, сокинони ноҳияи Синои пойтахти кишварро дар мулоқоти рӯ ба рӯ, ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 89 доир гардид, ба ҳифзи ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ даъват намуд.
Мулоқот бо мақсади тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ҳифзи худогоҳии миллӣ, арзишҳои олии инсонӣ, идомаи анъанаҳои неки бунёдкориву созандагӣ ва сазовор таҷлил намудани Ҷашни фархундаи 30- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Таъкид гардид, дар шароите, ки ҷаҳони имрӯза на танҳо ба буҳрони молиявӣ, балки фарҳангӣ гирифтор аст, шаҳрвандони кишвар, хусусан ҷавонон, бояд ҳамеша аз арзишҳои миллӣ ҳимоят намоянд.
- Ояндаи кишвар аз ҷавонон вобастагӣ дорад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба неруи созандаи ҷавонон эътимоди зиёд доранд. Бо онҳо вохӯрӣ доир намуда, барои рафъи мушкилоташон чораҳои зарурӣ меандешанд. Пайваста таъкид менамоянд, ки ҷавонон бояд аз ҷиҳати сиёсӣ ҳушёр, бедору солимфикр бошанд ва дар пешрафту шукуфоии Ватан аҳлона саҳм гузоранд. Шумо - ҷавонон бояд, ки ин боварии Пешвои миллатро сазовор бошед, - гуфт Моҳира Сангмамадова, муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият», узви гурӯҳи таблиғотӣ.
Ҳозирон дар вохӯрӣ, ҳамчунин, роҷеъ ба аҳамияти таърихии Ҷашни 30 - солагии Истиқлоли давлатӣ, тағйиру дигаргуниҳое, ки ин муддат дар кишвар ва шаҳри Душанбе ба амал омад, аз ҷумла, бунёди мактабҳои нав, майдончаҳои варзиш, боғу гулгаштҳо суҳбат намуданд.
Зимнан, ин гурӯҳи таблиғотӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 38, коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ, МД "Маркази миллии тиббии ҷумҳуриявӣ" низ чунин вохӯриҳо доир намуданд.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 31.05.2021 №: 106 Мутолиа карданд: 573