иҷтимоиёт
ОЯНДАИ КӮДАКОНИ МО ДУРАХШОН МЕГАРДАД АГАР…
Табиист, ки ҳамагон мехоҳем фарзандонамон зирак, соҳибистеъдод ва донишманд ба воя расанд. Аммо таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки на ҳама волидайн дар роҳи татбиқи орзуҳояшон дар сатҳи зарурӣ кӯшиш мекунанд. Кӯдакони зирак ба он хотир донову ҳушманданд, ки волидонашон онҳоро ҳамингуна ба воя расондаанд. Инҳо волидоне мебошанд, ки дар тарбияи дурусти кӯдак муваффақ гаштаанд. Аммо кӯдаконе, ки волидонашон аз синни хурдӣ ва баъдан дар наврасӣ ба таълиму тарбияи онҳо диққати ҷиддӣ надодаанд, дар ҷомеа мавқеи сазоворро соҳиб шуда наметавонанд.
Конфутсий фармудааст: «Шамъи кӯчакеро рӯшан намудан беҳтар аст аз он, ки тамоми ҳаёт торикиро лаънат кунӣ».
Яъне, саодати фарзандони мо нахуст аз мо ва, сипас, аз худи ӯ вобаста аст. Пойбанди мушкилоти худ гашта хоҳиш, орзу ва завқи кӯдакро нодида гирифтан, ин боиси оянда ноком намудани фарзандамон мегардад. Танҳо дар акси ҳол метавонем ояндаи дурахшонеро ба фарзанди худ ё насли башар ҳадия намоем. Дар роҳи рушд ва инкишофи кӯдак таваққуф кардан нашояд. Дар ин кор мо – устодон ба волидон бояд мадад намоем. Бадтарин монеаи ҳаёти инсон ин тарс мебошад. Ин омиле мебошад, ки барои ба даст овардани мақсади дарпешгузоштаи кӯдак халал мерасонад. Тарсро аз дил ронда мусбатандеш бояд буд. Муаллим роҳнамо аст, шогирд бошад, бояд роҳашро худаш интихоб кунад. Дар ин сурат мо метавонем кӯдаки ба ҷомеа даркориро ҳадия намоем.
Чанд нуктаи муҳиме мавҷуд аст, ки мо онҳоро дар тарбияи кӯдак риоя намоем, ояндаи насли мо дурахшон мегардад. Аз синни кӯдакӣ ростқавлӣ, адолатпарварӣ ва далериро дар сиришти кӯдакон ҷо намудан лозим аст. Кӯдак бояд аз хурдӣ соҳибӣ кардани ашёҳои худро ёд гирад.
Дар муҳите фаро гирифта шавад, ки ростгӯӣ, мутолиаи бисёри китобҳо ва диди мусбат дар он фазо ҳукмрон бошанд.
Кӯдакро ҳатман вобаста ба истеъдодаш дар ин ё он ришта роҳнамоӣ намудан лозим аст. Аз оянда наҳаросида, ба гузашта арҷ гузошта имрӯзро ғанимат донистан, омӯхтан ва омӯзондан вазифаи мо – омӯзгорон ва волидон аст.
Муқаддас ШАРИФОВА, омӯзгори МТМУ № 41 шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 01.06.2021 №: 107 - 108 Мутолиа карданд: 735