фарҳанг
ВАҚТЕ ОФТОБ ҒУРУБ КАРД...
Маросими видоъ бо устод Мирзо Турсунзода баъд аз се рӯзи даргузашташон, 27 сентябри соли 1977 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ сурат гирифт. Майдони назди театр субҳи барвақт аз одам пур шуд, ба қавле ҷойи сӯзанзанӣ намонда буд. Мардум, ки аз тамоми гӯшаю канори кишвар барои иштирок дар маросими видоъ ба ин ҷо ҷамъ омада буданд, бо риояи навбат аз майдон вориди бинои театр мешуданд. Донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар низ дар як гӯшаи майдон саф кашида, навбат мепоиданд. Ман низ дар сафи онҳо истода будам. Вақте наздик расида, ба чеҳраи гулпӯши устод нигаристам, ашк аз чашмонам ҷорӣ шуд. Аз ду дидоре, ки бо эшон доштам, ёд кардам ва мутаассиф гаштам, ки ақаллан як бори дигар бо устоди насиҳатгару роҳнишондеҳ фурсати дидор нашуд.
Баъд аз чанд рӯзи видоъ бо устод Мирзо Турсунзода дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар суҳбати сармуҳаррири “Садои Шарқ” Убайд Раҷаб нишастам.
- Он рӯзҳо,- нақл карданд Убайд Раҷаб, - ба унвони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва идораи “Садои Шарқ” таъзияҳои зиёде аз гӯшаву канори дунё ворид гардиданд, ки аксарият ба нашр расиданд. Вале таъзияи Нодири Нодирпур, ки баъд аз чопи маҷалла, ду моҳ пас аз даргузашти устод расид, чоп нашуда монд. Нодири Нодирпур дар сӯгворӣ навиштааст:
“Ба ёди шодравон Мирзои Турсунзода.
Чеҳрааш сурхии Офтобро дар бар хостан дошт ва шигифто, ки бар ин Офтоб барф борида буд. Дар андоми кӯтоҳаш ва фарбеҳаш конуне аз нишот нуҳуфта буд ва ин нишоти ҷӯшон то чеҳрааш боло мерафт ва бо ханда бадал мешуд ва дар фазои пиромунаш мавҷ меафканд. Дар шеъраш равонӣ бар устуворӣ чира буд ва отифа бар андеша фармонравоӣ мекард.
Ҳузури инсонии ӯ бар вуҷуди шоиронааш фузунӣ дошт ва бадин сабаб буд, ки наздикон ва дурон дӯсттар доштанд.
Медонист, ки ҷавонони хомтабъи имрӯз устодони пухтаи фардоянд ва аз ин рӯ, пуштибонашон буд.
Ӯро борҳо дар ҳазар ва як бор дар сафар дида будам: тафовуте дар ҳолаташ набуд ва нишот ва ёдеро аз ҳазар ба сафар мебурд. Дӯсташ медоштам, чаро ки чун ӯ марде дар рӯзгори мо бисёр набувад ва бисёр нахоҳад буд.
Акнун он Офтоби сурхи хезанда фурӯ нишаста ва он барф ҳам, ки бар ӯ борида буд, об шуда ва дар хок фурӯ рафтааст. Аммо фазоро бингаред: ҳанӯз аз нишоти ӯ саршор аст. Равонаш шодмон бод!
Нодири Нодирпур, Деҳлӣ, чаҳоршанбеи дуюми ноябри 1977”.
Дар он маросим аҳли адаб марсия гуфтанд. Ман ҳам тавассути ин сатрҳо дили пур аз дарди худро холӣ кардам:
Рафт ӯ,
Хоксори хоксорон,
Дӯстдори дӯстдорон,
Меҳрубони меҳрубонон,
Қадрдони қадрдонон,
Пуштибони мулки шеъру достон,
Рафт чун барқи баҳорон,
Ахтаре аз каҳкашонҳо канда шуд,
Ашки мо аз дидаи мо канда шуд.
Чашма шуд чашмони гирён,
Нури чашми як ҷаҳон рафт,
Об шуд дилҳои бирён,
Бо сиришк аз дидаи дарёдилон рафт...
Дар он айём дар сӯгвории устоди сухан Мирзо Турсунзода на танҳо аҳли илму адаби тоҷик, балки шоирону нависандагон, арбобони ҷамъиятию давлатӣ аз кишварҳои гуногуни олам марсияю ёдномаҳо навишта буданд. Нависандаи маъруф Чингиз Айтматов дар хотироташ бо унвони “Шахсияти беназир” навиштааст: “Ман дар бораи Мирзо Турсунзода бо мамнунияти тамом ва дар айни замон бо дареғу афсӯси зиёд хотира мегӯям. Ӯ дар синну соле ба ин ҷаҳон видоъ гуфт, ки ҳанӯз вақти дар бораи марг фикр кардан набуд. Ӯ боз даҳ-понздаҳ соли дигар, балки бештар аз ин умр дида, кор карда, дар байни мо буда метавонист. Вале чӣ бояд кард, ки зиндагӣ чунин сохта шудааст.
Бояд бигӯям, ки ман ва Мирзо Турсунзода ба ҳамдигар бо ду роҳ алоқаманд будем. Ӯ аввалин раиси Кумитаи ҳамраъйии мамлакатҳои Осиё ва Африқо буд ва ман дар ин кумита ба сифати муовини раис кор мекардам. Дар Кумитаи мукофотҳои ленинӣ ва давлатӣ дар соҳаи адабиёт бошад, аъзо будем ва соле камаш се-чор бор бо ҳам вомехӯрдем.
Мирзо Турсунзода барои ман ҳамеша як намояндаи барҷастаи маданият ва адабиёти қадими тоҷик будааст ва ҳаст. Дар айни замон вай як симо ва шахсияти ба тамоми маъно муосир мебошад. Ӯ ин сифатҳоро дар шахсияти худ ба таври хеле мутаносибе тавъам муҷассам мекард. Ӯ намояндаи маданияти асли шарқӣ буд, ки ин дар эҷодиёташ, дар тарзи тафаккур ва тамоми тарзи зиндагиаш зоҳир мегашт. Ба хотири шоири бузург, ки роҳи моро дар адабиёт бо нури илҳом ва эъҷози сухан мунаввар кардааст, сари таъзим фуруд меорам. Зеро Мирзо Турсунзода шахсан барои ман як лидер - пешвои маънавӣ буд”.
Барандаи Ҷоизаи Нобелии сулҳ барои мустаҳкам кардани сулҳи байни халқҳо Файз Аҳмади Файз, ки бо устод Мирзо Турсунзода аҳди дӯстиву бародарӣ бастааст, дар матлабе бо номи “Ӯ дар дили мост” зикр менамояд, ки Мирзо Турсунзода на фақат шоири бузурги тоҷик, балки муътабартарин ва азизтарин намояндаи халқи тоҷик буд. Дар ҳама ҷо ӯро дӯст медоранд. Ӯ Ватани худро, халқи худро дӯст медошт. Ҳарчанд устод Турсунзода ҳамроҳи мо нест, лекин ӯ дар дили мост. Ман ба хотири Турсунзода ба забони тоҷикӣ як ғазал навишта будам, лекин вай пурра дар ёдам нест. Кӯшиш мекунам, ки чанд байтеро аз он ғазал хонам. Ин ғазал дар мақтаи ғазали Бедил аст:
Биё ёрам, ки чашмам музтариб баҳри тамошоят,
Куҷо рафтӣ, ки ёрон дар талоши омаданҳоят.
Зи мо рафтӣ, валекин пеши олам дар миён ҳастӣ,
Ва бо мардум, ки мерақсанд, дар тарзи суханҳоят”.
Ба қавли шогирди содиқу меҳрубонашон Лоиқ Шералӣ устод Мирзо Турсунзода абадан дар маркази дилҳо маскан гирифтанд. Ёду номи Қаҳрамони беназири миллати мо ҷовидона бод!
Додоҷон РӮЗИЕВ,
муҳаррири маҷаллаи илмии “Фарҳанг ва санъат”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 01.06.2021 №: 107 - 108 Мутолиа карданд: 1519