фарҳанг
«ҲАМТАҚДИРОН». Қисса барои ибрат
Чанде пеш нахустин китоби насрии Холмуроди Мирзобек «Ҳамтақдирон» интишор ёфт. Манзараву ҳолатҳои тасвиршаванда ҳама аз воқеияти рӯзгор, бавижа аз айёми пурталотуми солҳои 90-уми асри ХХ гирифта шуда, муаллиф шоҳиди воқеии аксари ҳодисаҳост.
Холмуроди Мирзобек маълумоти олии кишоварзӣ дошта, солҳо дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ кор ва фаъолият бурдааст. Дар замони соҳибистиқлолӣ, аз соли 1999 то соли 2006 раиси ноҳияи Ёвон буд. Ҳоло дар ин шабу рӯзҳои бознишастагӣ ҳамрозу ҳамсуҳбати хомаву дафтар шудааст.
Қаҳрамонони воқеаҳо, ки, асосан, дар солҳои 1985-2015 гузаштаанд, дар ду минтақаи Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд ва онҳоро муаллиф бисёр хуб мешиносад.
- Имрӯз на танҳо вазифаи нависандагони ҳирфавӣ, балки ҳар касе, ки камтарин робита бо дафтару қалам дорад, тарбия кардани тафаккури солим дар ҷомеа ва аз бархӯрду шикастҳои равонӣ раҳоӣ бахшидани инсонҳост. Мо ҳам ба ҳамин хотир, хостем саргузашту ҳаводиси пайвандони ду хонаводаи хуби тоҷикро, ки дар зиндагӣ талху ширин ва шебу фарозҳои зиёдро дидаанд, ба риштаи тасвир кашем. Бигзор, ҳаёти онҳо барои насли имрӯз, ки дар шароити хуб ва сериву пурӣ ба сар мебаранд, дарси ибрат бошад. Ҳадаф тарбияи ҳадди ақал фарзандону наберагонам аст, вагарна ҳаргиз даъвои нависандагӣ надорам, - мегӯяд муаллифи китоб.
Сужети асосӣ, яъне мағзи қисса чунин аст: духтари нозпарварди Манзура ном модари ҷафокаш, ки Нозия ном дошт, бо гардиши айём ба ҷодаи нодурусту ношоиста раҳ мепӯяд. Кор то ҷое мерасад, ки вуҷудаш, балки виҷдонаш ба хоби иҷборӣ меравад ва торикиву бадиҳо рӯҳашро муҳосира мекунанд. Дар ҳамин марҳила Манзура мефаҳмад, ки умрро беҳуда талаф додааст ва худро бесабаб дар обу алоб андохтааст. Албатта, пушаймониву афсӯсхӯрданҳо ва пайваста озор додани рӯҳи шарифи инсонӣ беоқибат намемонад ва модар дар доғи фарзанд сӯхта, ба бистари беморӣ меафтад.
Манзура ва Амрулло – падару модари бечора беҳтарин анвои хӯрок, бозичаҳои гароннарх ва шароити беҳтаринро барои духтарашон муҳайё мекунанд, ҳама гуфтаҳояшро ба иҷро мерасонанд, аммо бар ивази ин ҳама фарзандашон Нозия корҳое мекунад, ки ба забон наоварданист. Ҳатто Манзура аз зӯрии дарду доғи номус, аз шармандагии амалҳои ношоями духтараш бемор шуда, ниҳоят ҷон ба Ҳақ месупорад.
Ҳама ҳастии худро, ҷисману рӯҳан ба як кас бахшидаву дар охир хиёнат дидан, дар ҳақиқат, сангину таҳаммулнопазир аст. Шояд қаҳрамони бадкору хаторави асар дер ё зуд ҷазояшро мегирад, ангушти пушаймонӣ газида, ба роҳи рост бозмегардад, вале ранҷу афсурдагии модару падар, инчунин, марги пурҳасрати атрофиёнро дигар ҷуброн нест...
Дар ниҳояти қисса Холмуроди Мирзобек хулоса мекунад, ки баъзан вақт ҳазор ҷонкании инсон кор намеояд, агар дар сиришти одам некиву хубӣ ҳувайдо набошад. Аз ин сабаб, қиссаро бо ин байтҳои муассири ҳаким Фирдавсӣ ҷамъбаст менамояд:
Дарахте, ки талх аст ӯро сиришт,
Гараш даршинонӣ ба боғи биҳишт,
В-ар аз ҷӯи хулдаш ба ҳангоми об
Ба бех ангубин резиву шаҳди ноб,
Саранҷом гавҳар ба кор оварад,
Ҳамон меваи талх бор оварад.
Бузургмеҳр САЛИМ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 01.06.2021 №: 107 - 108 Мутолиа карданд: 1328