фарҳанг
62 СОЛ БО ТЕАТР
Ҷомӣ Хоҷаев. Ӯ писари театр аст. Рӯи ин саҳнаи зиндагинамо ба воя расидаву ин ҷо баду неки рӯзгорро омӯхтааст. Бо тамошои намоишҳои театрҳои Лоҳутию Маяковский, опера ва балет бузург шудаву ишқи санъат дар дилаш рӯ задааст. Аз ин рӯ, як умр бо театр монд.
- Як рӯз дар рӯзнома хондам, ки студияи актёрии Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ҷавононро қабул мекунад. Ман ҳам рафтам. Пеш аз ин, ки дар мактаби мусиқӣ хонда будам, баъзе нозукиҳои саҳнаро медонистаму аз имтиҳон гузаштам. Бо роҳнамоии устодонам Ефим Исаевич Мителман ва Ҳоҷиқул Раҳматуллоев ҳам дар театр мехондам ва ҳам кор мекардам, - аз хотироти ҷавонӣ ёд меорад ӯ.
Ӯ гоҳе рӯи саҳна дилдода буду гоҳе дилбохта, гоҳе сарбозу гоҳе бо устод Рӯдакӣ даст ба гиребон, гоҳе Мирсаид Миршакари ҷавон ва гоҳе Содақул…
Дар намоиши «Шаби гирифтани Моҳ» нақши Содақулро бозид, ки ин нақш ӯро ҳамчун ҳунарпеша кашф намуд ва аз ҳунарманди асил буданаш дарак дод.
- Ин драма ба қалами нависандаи бошқирд Мустай Карим тааллуқ дорад, - мегӯяд ӯ. – Вақте устод Ҳоҷиқул Раҳматуллоев ин нақшро ба ман супурданд, ҳисси аҷибе фарогирам шуду ба фикр фурӯ рафтам. Ҳам аз қаҳрамони асосӣ буданам меболидаму ҳам дар дил шубҳа доштам, ки бо Туҳфа Фозилова барин ҳунарпешаи маъруф чӣ гуна рӯи як саҳна ҳунарнамоӣ мекунам. Аммо вақти тайёрӣ ғайриинтизор нақши ман, ки шубонеро мебозидаму ба Шафақ ном маҳҷабиндухтаре дил баста будам, табиӣ баромад.
Туҳфа Фозилова хурсандиашро пинҳон карда натавонист магар, ки гуфт:
- Қандатро зан, писарам. Гӯё ин образ махсус барои ту офарида шуда бошад.
Ин сухани Туҳфа Фозилова тарсро дар вуҷудам барои ҳамеша куштаву умедро бедор кард, - хурсандиашро иброз медорад қаҳрамони мо.
Ба ибрози ҳунарманд нақши бузургтарине, ки тӯли 62 соли фаъолият офаридааст, қаҳрамони мардумӣ – Акбар, аз намоиши «Рӯдакӣ»-и устод Сотим Улуғзода аст.
Акбари Марвазиеро, ки Ҷомӣ Хоҷаев офаридааст, қаҳрамони халқ буду ба муқобили ноҷӯриҳои замона овоз баланд мекард. Суҳбати гилаомезу қаҳролуди ӯ бо устод Рӯдакӣ ба шеърҳояш оҳанги иҷтимоӣ мебахшад. Ин нақшро ҳунармандони мумтозе чун Ғозӣ Ниёзов, Нурматов, Гурминҷ Завқибеков иҷро кардаанд. Ҷомӣ Хоҷаев, ки ҳамчун дублёр онро бо маҳорати баланд офарид, Ғозии сониаш гуфтанд.
Ҷомӣ Хоҷаев дар мактаби нахустин таъсисдиҳандагони театри тоҷик Муҳаммадҷон Қосимов, Аслӣ Бурҳонов, Шамсӣ Ҷӯраев, Латиф Латифов, Муҳаммадҷон Халилов, Алиназар Хоҷаев сабақ омӯхтаву аз давомдиҳандагони ин мактаби овозадор аст, ки театри тоҷикро ба собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ муаррифӣ карданд. Ифтихори ҳамкорӣ бо Гулчеҳра Бақоева, София Тӯйбоеваю Туҳфа Фозилова, Тӯтӣ Ғаффорова, Маҳмудҷон Воҳидову Ато Муҳаммадҷонов, Бурҳон Раҷабову Гурминҷ Завқибеков, Ҳошим Гадоеву Раҷаб Ҳусейнов барин ҳунармандони номвари кишвар дорад.
Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Ҷомӣ Хоҷаев ҳамеша мекӯшад, дар саҳна, дар хизмати муштоқони театр бошад, зеро медонад, ки унвони баландтарин эътирофи ӯ аз ҷониби мухлисонаш аст.
Меҳрангез ҚОДИРОВА,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 02.06.2021 №: 109 Мутолиа карданд: 1302