logo

фарҳанг

ҚАЛБИ САРШОР АЗ МУҲАББАТ

Устод Мирзо Турсунзода аз зумраи он абармардонест, ки бо нангу номуси ватандорӣ, бо қалби пур аз садоқат ба миллату Меҳан ва бо ҷасорату ғурури тоҷикона ҳастии халқи бофарҳанги тоҷикро дар ақсои олам муаррифӣ намуд. Муҳаббати поки устод Мирзо Турсунзода ба сарзамини аҷдодӣ, обу хоки Ватан, бешубҳа, барои наслҳои имрӯзу фардои миллат ҳамчун намунаи олии ибрат хизмат хоҳад кард.
Устод Мирзо Турсунзода ба таърихи адабиёти муосири тоҷик ҳамчун шоири навпардозе, ки ваҳдати халқу Ватанро бо суханони ҷаззобу таъсирбахш васф кардааст, ворид шудааст. Ғояҳои олии ягонагии ёру диёр, муҳаббати гарми ватандорӣ, садоқат ба сарзамини  ҳамешабаҳори тоҷикон  дар эҷодиёти Мирзо Турсунзода самимӣ ва мукаммал зуҳур намудааст.
Мирзо Турсунзода бо меҳнати фидокоронаи худ дар роҳи тараққиёти адабиёти бадеӣ, мустаҳкам намудани сулҳи байни мамлакатҳо ва қитъаҳои олам обрӯю эътибори бузург дошт. Ӯ дар радифи машҳуртарин нависандагон ва арбобони даврони худ, аз рӯйи талошҳои сулҳхоҳонааш сазовори унвони олии Қаҳрамони меҳнат гардида буд. Дар ҷодаи шеъру шоирӣ ва санъати суханварӣ шоири номдори тоҷик бо ситораҳои тобноки адабиёти муосири ҷаҳон ҳампоя ва ҳамрадиф буд.
Тоҷикистонро на танҳо шахсияти нотакрор ва ибратбахши Мирзо Турсунзода чун инсони фурӯтан, донишманд, дӯстпарвар ва арбоби барҷастаи давлатию ҷамъиятӣ, балки ҳамчунин асарҳои пурмазмуни ӯ машҳури ҷаҳон гардонданд. Шоир ҳамеша кӯшиш мекард, ки ба миллату Ватани худ хизмати шоиста намояд, бо халқ ҳамнафасу ҳамқадам бошад, суханро ба манфиати давлат  ва ҷамъият истифода барад. Шеъри Мирзо Турсунзода  шеъри миллат ва шеър барои инсоният аст. Тамоми зиндагии ӯ тимсоли хазмати содиқонаи як фарди зиёӣ ба нафъи халқу Ватани хеш мебошад.
Ҳар қавму миллатеро дар арсаи ҷаҳонӣ бо нависандагону адибонашон мешиносанд ва арҷ мегузоранд. Мусаллам аст, ки хидмати ҳамаи нависандагону шоирон наметавонад баробару якранг бошад. Дар ин қисмат ҷойгоҳи устод Мирзо Турсунзода ҷудогона аст. Ба гумони мо маҳз бо баракати ӯ ва осори гаронқадраш мардуми тоҷик ва Тоҷикистонро аз нимаи дуюми асри ХХ ба баъд дар саросари ҷаҳон шинохтаанд.
Албатта, ин аз як сӯ ба мақоми ишғолкардаи устод низ иртибот дошт. Ӯ солҳои зиёд раиси Кумитаи сулҳи мамлакатҳои Осиё ва Африқо буд. Тӯли ин солҳо ба аксари кишварҳои ҷаҳон сафар намуда, маъмулан баъд аз ҳар сафар устод Мирзо Турсунзода пас аз бозгашт армуғоне барои хонандагони тоҷик меовард. Перомуни зиндагӣ ва воқеияти мардуми ҷаҳон достонҳои баландмазмуне иншо менамуд. Чунин достонҳои пурмуҳтаво дар бораи кишвари Ҳиндустон аз ҷониби устод навишта шудаанд. Нахустин достоне, ки устод перомуни ин кишвар навишт, “Қиссаи Ҳиндустон” буд. 
Устод, ки дар бораи ин кишвари афсонавӣ фақат тавассути афсонаҳову қиссаҳо шунида буд, воқеияти зиндагиро аз наздик мебинад. Дарк мекунад, ки бо вуҷуди ҳамаи он сарвату боигарии  табиию фарҳангӣ мардум хеле фақиру нотавон ва дар ҳолати ногуворе қарор доранд. Маҳз ҳамин таззод миёни мардуми азияткашидаи ҳинд ва ҷамъияте, ки устод дар он зиндагӣ мекард, ӯро илҳом мебахшад, ки дар ин мавзӯъ силсилашеърҳо эҷод намояд.
“Қиссаи Ҳиндустон”-и устод аз 13 шеър иборат аст. Яке аз ин шеърҳои ҷолиб, шеъри “Бозгашт” аст, ки шоир воқеияти зиндагии кишвари хешро бо мазҳари зиндагии мардуми ҳинд муқоиса мекунад.   Бояд хотирнишон намуд, ки силсилаи шеърҳои ҳиндустонии устод баъд аз чоп ба зудӣ бо забонҳои урду ва англисӣ тарҷума шудаанд. Манзараҳои воқеӣ ва тоқатфарсои зиндагии миллионҳо нафар аз мардуми Ҳиндустонро шоир бисёр табиӣ ва ҳаётӣ тасвир намудааст.
Осори устод Мирзо Турсунзода бешак аз арзиши вижаи адабӣ бархӯрдор аст ва ин ҳақиқат чи ба воситаи таҳқиқоти донишмандони ватанию хориҷӣ ва чи ба воситаи истиқболи густардаи хонандаи тоҷик ва форсизабонон, ҳамчунин, адабиётдӯстони миллати дигар борҳо тасдиқ гардидааст.
Қимати зиндаи таърихии осори устод Турсунзода бар арзиши адабии он меафзояд. Ҳар шеъри устод Турсунзода як саҳифаи рангини адабии таърихи Тоҷикистон ва дунёи рӯзгори ӯст, ки бо ҳамин маъно шоир ва осораш ба таркиби талмеҳоти шоирона ворид шудаанд. 
Мирзо Турсунзода чун фарзанди замон ва кишвари хеш дар ҳама дигаргунсозиҳои  азими иҷтимоию иқтисодӣ фаъолона иштирок дошт ва ҳамаи онро дар осораш моҳирона инъикос кардааст.
Ӯ ҳамчун шоир бо он эҳсоси волои ватандӯстӣ ва бо он масъулияти баланде, ки пеши мардуми кишвараш дошт, тавонист номи тоҷиконро ҳамчун мардуми бофарҳангу тамаддунофар дар ақсои олам муаррифӣ созад. Хизматҳои бедареғи устод ҳаргиз завол нахоҳанд ёфт. Боиси ифтихори мо тоҷикон аст, ки Мирзо Турсунзода чун шоире бо чунин бузургию азамат, ба фарҳанг ва адабиёт ба арзишҳои ҷовидонии умумиинсонӣ хидмат кардааст. Расул Ғамзатов, ки яке аз дӯстони устод Турсунзода буд, дар ин маврид бар ҳақ гуфта буд: “Шеър ва муҳаббати Турсунзода  охир надоранд.” Воқеан ҳам, хизматҳои Мирзо Турсунзода, нақши созгори ӯ дар рушди адабиёту сухан ва саҳми ӯ дар пойдории дӯстии халқҳои ҷаҳон беохир аст.
 
Нигина РАҲМОН, 
“Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.06.2021    №: 109    Мутолиа карданд: 1364
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед