сиёсат
СҲШ. ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ КИШВАРҲОИ УЗВ МАВҚЕИ ХОСА ДОРАД
Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки ҳоло раёсати онро Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дорад, созмони байналмилалӣ буда, дар таъсиси он, пеш аз ҳама, фаъолияти «Панҷгонаи Шанхай», ки дар асоси созишномаҳо байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи таҳкими чораҳои боварӣ дар соҳаи ҳарбӣ дар минтақаи сарҳад (соли 1996) ва дар бораи ихтисори муштараки қувваҳои мусаллаҳ дар минтақаи сарҳад аз соли 1997 ташкил шуда буд, замина гузоштааст.
15 июни соли 2001 дар Шанхай вохӯрии сарварони давлатҳо доир гардид, ки дар он изҳороти муштарак вобаста ба қабули Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба «Панҷгонаи Шанхай» қабул шуда, Эъломия дар бораи таъсис додани Созмони ҳамкории Шанхай ба имзо расид. Ҳамин тавр, баҳри мусоидат ба тақвияти ҳамкориҳо дар самти мубориза бо терроризм, сепаратизм, ифротгароии динӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории фаромарзӣ, таҳкими сулҳ, амният ва субот дар минтақа, густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷоратӣ, иқтисодиёт, кишоварзӣ, илму фарҳанг, тандурустию гуманитарӣ, саноату сайёҳӣ ва дигар тадбирҳои неки ҳамсоягӣ бо ташаббуси сарварони Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон СҲШ расман ба фаъолият оғоз намуд.
Аз лиҳози иҷрои вазифа хусусияти хоси СҲШ аз он иборат аст, ки фаъолияташ гуногунсоҳа ва хеле васеъ буда, дар ҷараёни ҳамкорӣ пайваста такмил меёбад. Алҳол Созмони ҳамкории Шанхай ба як созмони бонуфуз ва боэътибор табдил ёфтааст, ки дар ин самт нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст. Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар он Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми бориз гузоштанд, 7 июни соли 2002 дар шаҳри Санкт – Петербург ба имзо расидани Хартияи СҲШ мебошад, ки ба шарофати он заминаи ҳуқуқии Созмони ҳамкории Шанхай чун созмони нави байналмилалӣ гузошта шуд. СҲШ дар Ассамблеяи кулли Созмони Милали Муттаҳид мақоми нозирро дарёфт карда, бо чандин созмонҳои байналмилалию минтақавӣ робитаи ҳасана барқарор намуд.
Ҳоло СҲШ яке аз созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ба шумор рафта, аз 8 давлати аъзо, 4 давлати нозир ва 6 давлати шарикони мусоҳибавӣ иборат мебошад ва дар ҷаласаҳои худ масъалаҳои умдатарини сатҳи минтақавию ҷаҳониро мавриди муҳокима қарор медиҳад.
Бояд тазаккур дод, ки раёсати навбатии Тоҷикистон ба СҲШ дар як давраи хос рост омад. Зеро имсол аз таъсиси созмон 20-сол пур мешавад ва боиси ифтихору сарбаландии мост, ки ҷаласаи ҷашнии Шӯрои сарварони давлатҳои аъзои СҲШ моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. Барпо шудани ин ҳамоиши бузургу бошукӯҳи идона дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлоли ҳамешабаҳор қадами устувор ба сӯи тақвияти ҷойгоҳи байналмилалии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Бӯстон УМАРЗОДА,
нотариуси давлатии идораи нотариалии давлатии
ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 03.06.2021 №: 110 Мутолиа карданд: 727