logo

иҷтимоиёт

ИДЕОЛОГИЯ. ТАВАҶҶУҲ БА АФКОРИ МАРДУМ ҶУЗЪИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИСТ

Аз 24 то 28 майи соли равон гурӯҳҳои таблиғотӣ ҷиҳати тақвияти корҳо дар самти тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ҳифзи худогоҳии миллӣ, арзишҳои олии инсонӣ, анъанаҳои неки бунёдкориву созандагӣ ва таҷлили сазовори Ҷашни бузурги миллӣ - 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама шаҳру навоҳии мамлакат бо сокинон мулоқоту вохӯриҳои судманд анҷом доданд.
Ба гурӯҳи кории мо, ки роҳбарии онро муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Абдуллозода бар зимма дошт, мутахассисони хубу корозмуда шомил буданд.
 
ВАҲДАТ
Аввалин мулоқоти мо бо сокинони шаҳри Ваҳдат доир шуд. Аз суҳбатҳои гарму самимӣ ва саволу ҷавобҳои мардум маълум мешуд, ки халқ мунтазири чунин гуфтугӯҳои манфиатнок аст. Мавзӯи асосии суҳбатҳо коҳиш додани хурофотпарастӣ ва таҳкими пояҳои оиладорӣ буд.
- Соли гузашта дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат 446 оила аз ҳам пошидааст, ки ҷои нигаронист. Қисмати фарзандони чунин падару модарон чи мешавад, боз ҳам ташвишовар аст. Аз сокинон даъват ба амал меовардам, ки такя ба таҷрибаи рӯзгори бузургсолон нагузоранд, ки оилаҳо пош хӯранд. Оиларо нахустин ячейкаи ҷомеа мегӯянд, мо замоне ба рушд даст меёбем, ки кӯдакони мо дар оғӯши падару модари худ аз таълиму тарбия баҳравар бошанд. Падару модари ҷавонро аз ҳам ҷудо карда, аз наберагон ғолибони озмуну олимпиадаҳоро интизор набошем, зеро аз ҷиҳати на танҳо ҷисмонӣ, балки равонӣ низ кӯдаки зиндаятим шикаста мешавад, - гуфт Фарзона Хоҷазода, муовини раиси шаҳри Ваҳдат.
Чунин суҳбатҳо бо сокинони ҷамоатҳои Чӯянгарон, Ромит ва Гулистон низ гузаронда шуданд.
 
ВАРЗОБ
Варзоб як гӯшаи зебову дидании кишвари мост. Сафар ва мулоқоти мо бо мардуми ин ноҳияи зебоманзар хеле самаровар буд. Дар ҳама деҳаҳо мардум ба истиқболи мо мебаромаданд ва пуштибонии худро аз сиёсати Ҳукумати мамлакат ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор медоштанд.
Аъзои гурӯҳ Тақдиршо Тақдиров, сардори шуъбаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм бо сокинони Ҷамоати деҳоти Зидеҳ суҳбат карда, изҳор дошт, ки муаммои асосии Варзоби зебоманзар надоштани муассисаҳои таълимии томактабист. Ҳоло дар ноҳия расман якто боғча амал мекунад. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияро мебояд дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону шахсони саховатпеша муассисаҳои томактабии хусусӣ созанд. Имрӯз мардуми мо омодаанд барои тарбияву таълими дурусти фарзандонашон аз ҳама имкониятҳо истифода баранд. Танҳо ба вуҷуд овардани шароити мусоид талаб карда мешавад.
Дар баробари ин, масъалаи рушди сайёҳӣ, тоза нигаҳ доштани рӯди Варзоб, бештар гузарондани чорабиниҳои варзишиву зеҳнӣ меҳвари суҳбату вохӯриҳо буданд.
 
НОҲИЯИ РӮДАКӢ
Вохӯрии нахустини гурӯҳи таблиғотӣ рӯзи сеюм бо сокинони ноҳияи Рӯдакӣ дар Қасри фарҳанги шаҳраки Сомониён баргузор гардид. Минбаъд, мутахассисон ба дастаҳо тақсим шуда, мулоқотро дар ҷамоату деҳаҳои сераҳолӣ идома доданд.
- Ноҳияи Рӯдакӣ аз калонтарин ноҳияҳои ҷумҳурӣ буда, масъалаи асосӣ бо ҷои нишаст таъмин кардани хонандагони муассисаҳои таълимӣ, сохтани синфхонаҳои иловагӣ, бунёди муассисаҳои томактабӣ ва баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия мебошад. Мо хуб медонем, ки мардуми ноҳия дар замин аз сидқи дил кор мекунанд ва сабзавоту меваҳои тару тоза маҳсули ранҷи онҳост. Дар баробари ин, ба мазрааи зеҳну шуури фарзандонашон низ бештар донаи меҳру муҳаббат ва донишу хирад кошанд, ба суди кор мебуд, - изҳор дошт Умеда Абдуллозода.
Ҳамзамон, муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Муҳаммадшариф Бобошоҳзода ба ҳозирин сиёсати фарҳангпарваронаи Сарвари давлатро талқин карда, гуфт: «Ин ҳама озмунҳои фарҳангиву фаннӣ ба хотири рушди қобилият ва рӯи кор омадани истеъдодҳои нав аст. Аз мардум танҳо омода кардану ба ҷодаи дуруст ҳидоят кардан мондааст. Маркази миллии тестӣ низ имконияти бузургест барои муайян кардани ояндаи фарзандонамон. Моро танҳо чашми хушбин доштанамон даркор аст, чунки истиқлол дар ҳама ҷабҳа падидаву хубиҳои хешро зоҳир мекунад».
 
ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА
Яке аз шаҳрҳои аз назари иқтисодӣ пешрафтаи кишварамон шаҳри Турсунзода аст. Як шаҳри озодаву дилрабову дилнишин. Вақте ба кӯчаҳояш ворид мешавем, касеро бекор намебинем. Дар гирду бари шаҳр ҳама бо кишоварзӣ саргарманд.
Нахустин вохӯрии гурӯҳи таблиғотӣ дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ гузашт. Гурӯҳи мо озими Ҷамоати деҳоти Қаратоғ гардид.
Фарангис Шарифзода, сардори шуъбаи Маркази миллии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар суҳбат бо сокинони Ҷамоати деҳоти Қаратоғ ба паҳлуҳои гуногуни сиёсати давлатӣ, амалкарди қонунҳои ҷорӣ, аз ҷумла иҷрои қонунҳо «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро таҳлилу баррасӣ намуд.
- Ситсерон, яке аз ҷомеашиносони маъруф, гуфта буд: «Озод будан хоҳӣ, ғуломи қонун бош!». Ин гуфта ҳикматҳои зиёд дорад. Аз ҷумла, риояи қонунҳои дар боло ёдшуда, ки Пешвои миллат онҳоро қонунҳои миллӣ унвон додаанд, барои на танҳо тарбияи дурусти фарзандонамон, балки сарфаи буҷети хонаводагӣ ва пешбурди ҷабҳаҳои дигари рӯзгор коромад аст, - гуфт Фарангис Шарифзода.
Омӯзгорони қаратоғӣ бо меҳру самимияти зиёд суҳбат карда, миннатдории худро ба Сарвари кишвар баҳри баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Илм – фурӯғи маърифат» баён доштанд. Бино ба гуфати онҳо, озмунҳои мазкур ба бедории миллӣ мусоидат карда, оянда самараҳои нек ба бор хоҳанд овард.
 
ШАҲРИНАВ
Набзи Шаҳринав низ муназзам мезанад. Корҳои ободонӣ, боғдорӣ ва обёрӣ бомаром идома доранд. Як зумра деҳқонон агар пайи парвариши сабзавоту мева бошанд, гурӯҳи дигар палҳои шолиро пури об карда, интизори самараи хубанд.
Дар бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, ки тозабунёд асту бо тарҳи назаррабо зеби ноҳия гаштааст, моро фаъолони диёр интизор буданд.
Бино ба гуфтаи роҳбарияти ноҳия, мардум барои таъмини амнияти озуқаворӣ ҳамчун ҳадафи чоруми стратегӣ талош меварзанд.
- Аз пиру барнои ноҳия хоҳиш мекардем, ки дар баробари анҷом додани корҳои кишоварзӣ ба баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ, иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва мубориза бо зуҳуроти ифротгароиву тундравӣ камари ҳиммат банданд. Бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ душманон мағзшӯӣ доранд, бо барангехтани масоили доғ, мавзӯъҳои иғвоангез ва диниву мазҳабӣ парешон будани халқро мехоҳанд. Дар ин гирудор, ки онро ном ҷанги иттилоотист, касоне пирӯз мешаванд, ки зиракии сиёсӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва огоҳ аз набзи ҷомеаи худ бошанд, - изҳор намуд Алиназар Ашуров, корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 
ҲИСОР
Мулоқоти охирини мо бо сокинони куҳандиёри – Ҳисори шодмон баргузор гардид. Имрӯзҳо Ҳисор ба маркази фарҳангу ҳунар ва сайёҳӣ табдил ёфтааст. Бавижа, пас аз таҷлили 3000 - солагии Ҳисори куҳан ва мақоми шаҳр гирифтани он бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба марҳилаи нави рушд ворид шудааст.
Вохӯриву мулоқоти мо дар ду муассисаи таълимии замонавӣ дар Ҷамоати деҳоти Алмосӣ идома ёфт. Ин ду муассиса дар ҳамкорӣ бо Бонки рушди исломӣ сохта шудаанд. 
- Ҳисор Ҷамоати шаҳраки Шарора ва 11 ҷамоати деҳот дошта, аҳолиаш ба 331 ҳазор нафар мерасад. Аз иншооти ҷашнии банақшагирифташуда 537 нуқтаи хизматрасонӣ ва биноҳои маишӣ ба истифода дода шудаанд. Дар дигар ҷамоатҳо корҳои ободонӣ босуръат ва сифати хуб идома доранд, - гуфт Бунафша Юлдошзода, муовини раиси шаҳри Ҳисор.
Ҳамин тавр, дар ҳама маҳфилу ҷаласаҳо рӯҳияи идона ва фазои шукру сипос аз осоиштагии кишвар ҳукмфармо буд. Ин тадбирҳо барои боз ҳам бештар дарк кардани мафҳумҳои истиқлол, ваҳдат, озодӣ ва демократия муфид буда, бори дигар равшан шуд, ки мардум ташнаи чунин вохӯриву суҳбатҳоянд.
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
 «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.06.2021    №: 110    Мутолиа карданд: 1012
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед